logo

иқтисод

МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ - ОМИЛИ АСОСИИ ҲИФЗИ ҶАНГАЛ

Нависандаи номвари тоҷик Темур Зулфиқоров табиат - кӯҳу даман, чашмаю рӯдҳо, гиёҳу гулҳоро ибодатгоҳи бузурге барои инсоният хондааст, ки он ҷо кори баде, рафтори ношоистае раво нест. Вале, тавре ба мушоҳида мерасад, дар баъзе ҳолатҳо шаҳрвандон дидаву дониста ба амалҳои нохушоянд даст зада, муҳити зистро табоҳ мекунанд. Чӣ бояд кард, ки  ҷангал ҳифз шаваду вайронсозии қоидаҳои он коҳиш ёбад? Ҳакимбой Маҳкамов, сарвари Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Панҷакент, назари худро перомуни ин масъала чунин баён дошт:
- Ба ростӣ, ҳар ки ба кӯҳу даман, гулу гиёҳ, чашмасорони ин диёри биҳиштосо меҳри самимӣ дорад, онҳоро муқаддас медонаду ҳифз мекунад, дасташ намеравад, ки ба дарахте табар занад, гулу гиёҳҳоро нобуд созад ё парандагони хушилҳомашро мавриди шикор қарор диҳад. Вале, мутаассифона, дар байни мо шахсоне низ ёфт мешаванд, ки ба ҷойи ниҳолаке шинондану сабзондан ва ё бехи дарахтеро нарм кардан, даст ба харобкорӣ мезананд. Аз ин лиҳоз, кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Панҷакент бо ҳар гуна амали вобаста ба харобсозии ҷангал, аз ҷумла буридани ғайриқонунии дарахтон, бо роҳи чарондани чорво нобуд кардани олами наботот, шикори ғайриқонунӣ, мубориза мебаранд. Соли гузашта  дар робита ба вайронсозии қоидаҳои ҷангал 148 санад тартиб дода шуд, ки дар асоси онҳо гунаҳгорон муҷозот гирифтанд.
Дар баробари нигоҳубини мо барои барқарорсозии ҷангал низ корҳои муайянро ба анҷом расондем. Аз ҷумла, ибтидои соли сипаришуда дар майдони 63 гектар ҷангалзори нав бунёд кардем.
Ҳудуди хоҷагии ҷангали шаҳри Панҷакент 108 ҳазор гектар аст ва ба ҳар нафар ҷангалбон беш аз шаш ҳазор гектар рост меояд. То ҷое имкон ҳаст, барои ҳифзи ҷангал ва барқарорсозии он талош меварзем. Дар  ин самт мо ба ҳамдастию ҳамкории зичи аҳли ҷомеа такя мекунем. Ин ҳамкорӣ вақте самар медиҳад, ки сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва экологии мардум баланд бошад. Маънии гуфтаи маъруф «Муҳофизати табиат - муҳофизати Ватан аст» бояд, ки аз ҷониби аҳли ҷомеа дарк бишавад.
Зикри як нукта муҳим аст, ки дар замони шӯравӣ дар бешазори соҳили Зарафшон, дар масоҳати 2380 гектар парваришгоҳ ташкил намуда, чанд сар оҳуи нодири бухороиро оварда буданд.  Ҳоло дар парваришгоҳ беш аз 45 сар аз ин оҳуи нодир нигаҳдорӣ мешавад. Барои ин оҳувон сарҳад вуҷуд надорад. Аз рӯди Зарафшон убур намуда, ба ҳудуди давлати ҳамсоя мегузаранд. Он ҷо низ ҳамсояҳо парваришгоҳ ташкил кардаанд. Оҳувон байни ду парваришгоҳ равуо доранд, ба ибораи дигар қосиди сулҳу дӯстӣ ва муносибати неки ҳамсоягӣ ҳастанд.
Соҳилҳои Зарафшон макони будубоши мурғи тазарв, ки ба Китоби сурх дохил шудааст, ҳам ҳаст. Мутобиқи ҳисоби мутахассисони хоҷагӣ шумораи он сол ба сол меафзояд ва ҳоло ба беш аз 600 сар расидааст. Албатта, ёфт мешаванд нафароне, ки дар сар ҳавои шикори оҳуи бухороӣ ва мурғи тазарвро доранд. Вале, кормандони хоҷагии ҷангал бо андешидани чораҳои муассир ва ҳамкорӣ  бо мардум пеши роҳи онҳоро мегиранд. Аз ин ҷост, ки то имрӯз ҳодисаи шикори оҳуи бухороӣ ва мурғи тазавр ба қайд гирифта нашудааст.
Дар оғӯши чунин табиати зебо, ки дорои олами нодири набототу ҳайвонот аст, метавон ба иқдомҳои шоиста даст зад. Масалан, дар ҳудуди қаторкӯҳҳои Туркистону Зарафшон, ки хоҷагии ҷангали шаҳри Панҷакент ҷойгир аст, даҳҳо хатсайрҳои сайёҳии экологӣ кушода, ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб намудан мумкин аст. Мо, омодаем дар ин самт бо ширкатҳои сайёҳӣ ҳамкорӣ намоем. Дар ҳар сурат, кормандони хоҷагии ҷангал, ба масал посбони табиати нотакрори ин диёри биҳиштосо ҳастанд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2017    №: 20    Мутолиа карданд: 1679

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед