logo

иҷтимоиёт

БЕМАСЪУЛИЯТӢ. УҲДАДОРИҲО ИҶРО НАМЕГАРДАНД. ЧАРО?

Агар ба мероси адабии ниёгонамон ба дидаи таҳқиқ назар андозем, ба чунин хулоса меоем, ки онҳо аксаран панду насиҳатанд, ки аз таҷрибаи рӯзгор гирифта, ба таълиму тарбияи насли наврас нигаронда шудаанд.
Устод Рӯдакӣ мефармояд:
Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Асарҳои панду ахлоқӣ, чун «Насиҳатнома» - и Унсурулмаолии Кайковус, «Бӯстон» ва «Гулистон» - и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон» - и Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар асарҳо маҳз фарогири тарбияи ахлоқии фарзанд аст. Аз ин ҷост, ки  дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 қабул гардид, маҳз масъалаҳои хеле муҳими тарбияи насли наврас ба назар гирифта шудаанд.
Боиси таъкид аст, ки ҳарчанд бо қабули ин қонун натиҷаҳои чашмрас ба даст омада бошанд ҳам, вале, мутаассифона, то ҳанӯз қонуншиканиҳо пурра аз байн нарафтаанд. Бино ба гуфтаи Шермуҳаммади Шоҳиён, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳо доир ба риоя накардани муқаррароти  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи  фарзанд»  13918 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ кардаанд. Дар маҷмӯъ, нисбат ба 4321 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбат ба 8577 нафар ҷаримаи маъмурӣ таъйин карда шудааст.
Кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ - маърифатӣ дар самти пешгирии омилҳои номатлуб миёни насли наврас, аз қабили оворагардии ноболиғон ва таъмини иҷрои талаботи қонуни мазкур, ки  дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гузаронда шуд, ҳолатҳои зиёди ба корҳои беҳуда машғул будан ва шабона дур аз оила қарор доштани ноболиғону ҷавононро муайян ва ошкор намуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар доираи як рейд дар ҳудуди ноҳияи Сино, далелҳои зиёди то нимашаб ба корҳои беҳуда ва бозиҳои компютерӣ машғул будани як гурӯҳ  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ошкор шуданд. Дар ҷараёни ин чорабинӣ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 30 нафар ноболиғу ҷавонеро, ки шабона дар интернет - кафеҳо ба ҳар гуна бозиҳои дорои хусусияти зӯроваридошта машғул буданд, ба шуъбаи милитсия оварданд. Дар ҳузури волидон ва омӯзгорон бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда, барои вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нисбат ба падару модарони онҳо санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд. Ин далели он аст, ки чунин волидон на танҳо уҳдадориҳои худро, ки қонун муайян кардааст, иҷро намекунанд, балки ба он ба таври зарурӣ таваҷҷуҳ зоҳир намесозанд.
Саъдии Шерозӣ мефармояд:
Чу хоҳӣ, ки номат бимонад ба ҷой,
Писарро хирадмандӣ омӯзу рой.
Ки гар ақлу рояш набошад басе,
Бимириву аз ту намонад касе.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2017    №: 20    Мутолиа карданд: 1955

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед