logo

иҷтимоиёт

М. ДАВЛАТОВ: «200 НАМУДИ ДОРУВОРӢ БА ТАЛАБОТ ҶАВОБГӮЙ НЕСТ»

- Ҷиҳати амалӣ намудани нуқтаҳои дар Паёми Пешвои миллат баёнгардида хадамот иҷрои як қатор корҳоро ба нақша гирифтааст. Аз ҷумла, бо дастгоҳҳои муосир таҷҳизондани озмоишгоҳҳои марказӣ ва минтақавии хадамот, баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисон, ташкили вохӯриҳо бо роҳбарони ширкатҳои фармасевтӣ дар бораи пешгирии қочоқи маводи доруворӣ, амалӣ намудани чорабиниҳои муштарак бо кормандони Хадамоти гумрук аз ин қабил мебошанд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии доруворӣ ин рушди истеҳсоли дохилии он мебошад. То солҳои наздик 99,9 дарсади маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз хориҷи кишвар ворид мегардиданд. Бо мақсади кам кардани мизони воридоти он аз хориҷи кишвар ва ба роҳ мондани истеҳсоли маводи дорувории ватанӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 5 соли охир зиёда аз 27 ширкати истеҳсолӣ 200 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро дар ҷумҳурӣ ба роҳ монданд. Дар ин корхонаҳо зиёда аз 300 нафар мутахассис бо ҷойи кор таъмин гашта, дар вақти корҳои мавсимӣ то 3000 нафар коргарон ҷалб карда мешаванд. Ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «Тиб барои шумо», «Шаҳром - 2010», «Ясмина мед», «Кӯҳҳои Тоҷикистон» дар Душанбе, ҷамъиятҳои саҳомии «Аввалин», «Фароз», «Амон - Ш» дар вилояти Хатлон, заводи «Вежа фармасевтикал» дар шаҳри Турсунзода ва ғайра аз ин ҷумлаанд, ки дар онҳо то 80 номгӯйи маводи доруворӣ истеҳсол карда мешавад. Аксари доруҳои истеҳсолнамудаи онҳо аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ташкил ёфтаанд.
Имрӯз дар Тоҷикистон бештар аз 90 ширкат ба воридоти доруворӣ ва молҳои тиббӣ машғуланд ва тибқи қонунҳои амалкунандаи марбути соҳаи фаъолияти фармасевтӣ намунаи маводи вориднамудаи худро пеш аз роҳ ёфтан ба муомилот барои ташхис ба озмоишгоҳҳои махсус месупоранд.
Соли гузашта дар озмоишгоҳҳои хадамот ба миқдори 43831 адад маводи доруворӣ аз санҷиш гузаронда шуд, ки аз ин миқдор 209 намуна ба талабот ҷавобгӯй набуд. Аз он 33 намунааш дар вақти воридот ва 176 - тояш дар вақти муомилот ошкор ва нисбат ба қонунвайронкунандагон чораҳои маъмурӣ андешида шуд. Инчунин, ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фармасевтии ҷумҳурӣ (дорухонаҳо) 3734 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз муомилот бароварда шуданд, ки аз ин миқдор 949 номгӯй дорувории муҳлаташ гузашта ва 7 номгӯйи дигар ба таври қочоқ ворид шудааст. Аз муассисаҳои табобатӣ - профилактикӣ бошад, 1831 номгӯй доруворӣ ва молҳои тиббӣ бо санад гирифта шудаанд, ки аз инҳо 962 номгӯй дорувории муҳлаташон гузашта мебошанд. Ҳамаи ин маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар ҳайати комиссияи босалоҳият тибқи қоидаҳои мавҷуда нобуд карда шуданд.
Умуман, дар соли 2016 - 11556 килограмм доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишӣ - гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлаташ  гузашта ва ба талабот номувофиқ боздошт ва несту нобуд карда шуд. Нисбат ба қонуншиканон 643 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва нисбат ба муассисаҳои тандурустиву фармасевтӣ, нуқтаҳои фурӯши маводи ороишӣ – гигиенӣ санад тартиб дода шуда, ҷамъ ба маблағи 1 178 000 сомонӣ ҷарима ситонда шуд.
Мусоҳиб Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2017    №: 20    Мутолиа карданд: 1824

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед