logo

иқтисод

САНОАТ. РУШДИ МИНБАЪДАИ ОН РУШДИ ТОҶИКИСТОН АСТ

Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, пеш аз ҳама дастури муҳим барои фаъолият аст. Ҳамзамон, он моро ба дастовардҳо ва рушди тамоми соҳаҳо ошно месозад. Аз он беҳтару бештар дармеёбем, ки дар кадом зинаи тараққиётем ва барои накутар гардидани шароити зисту зиндагӣ чӣ гуна тадбирҳои судманд андешида шуданд. Махсусан, дар Паёми навбатӣ, ки асосан натиҷагирӣ аз 25 соли фаъолияти даврони истиқлоли давлатӣ буд, рақаму санадҳои хурсандибахш касро ба ояндаи дурахшони кишвари маҳбуб мутмаин месозанд.
Сарвари давлат соли 2016 - ро барои мардуми тоҷик соли таърихӣ ва бобарор ҳисобид. Дар он рушди босуботи иқтисодии мамлакат нигоҳ дошта шудааст. Ин дар сурате мебошад, ки омилҳои берунӣ ба он таъсири манфии худро гузошта буданд.
Дар ин сол маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 54 миллиард сомонӣ ва афзоиши воқеии он 6, 9 фоизро ташкил медиҳад. Ба ҷуз ин, 52 фоизи хароҷоти буҷет, яъне 8,1 миллиард сомонӣ ба мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона карда шудааст. Дар ҳақиқат, ин аз самти муҳимтарини сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.
Аз Паёми навбатӣ бармеояд, ки дар соли равон Буҷети давлатӣ дар ҳаҷми зиёда аз 19 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Он нисбат ба соли сипаригардида қариб 10 фоиз зиёд мебошад ва беш аз нисфи он ба ин соҳа, яъне ҳифзи иҷтимоӣ равона мегардад. Дар ин раванд зарур аст, ки ҳар шаҳрванд бо эҳсоси масъулияти бузург дар пешрафту тараққиёт, ободии кишвар, ки он ҳамзамон, ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад, саҳми арзанда бигирад.
Сарвари давлат зимни ироаи Паём таъкид доштанд, ки бо ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар соҳаи саноат ва истифодаи самараноки корхонаҳои мавҷуда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, тақвияти имкониятҳои содиротии кишвар як силсила тадбирҳои судманд амалӣ гардиданд.
Табиист, ки бунёди корхонаҳои муосир ва ҷавобгӯйи талаботи давр сабаби иқтидор ва баланд бардоштани сифати кор мегардад. Инчунин, дар самти иҷрои барномаҳои стратегии кишвар мусоидат менамояд. Зарур аст, ки мо ба афзоиши иқтидори содиротӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир бикунем, чун шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
Ба ин хотир, Пешвои миллат дар Паём Ҳукумати кишварро вазифадор намудааст, ки «Рушди минбаъдаи саноатро тавассути баланд бардоштани самаранокии соҳаи коркарди ашёи хом ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таҷдиди воситаҳои асосӣ, воридоти технологияҳои инноватсионӣ ва тақвияти рақобатпазирии маҳсулот таъмин намояд».
Вазифаи ҳар яки мост, ки тибқи ин раҳнамоию дастури муфиди Сарвари давлат фаъолиятамонро ба роҳ монем ва дар ин сол боз ба дастовардҳои беҳтару бештар ноил бигардем.
Бахтиёр ЗУҲУРОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2017    №: 20    Мутолиа карданд: 1817

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед