logo

фарҳанг

"ГАРДИШИ ДЕВБОД" - ЯК ҶУЗЪИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси олии кишвар таъкид доштанд, ки «Озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем».
Муҳокима ва баррасии романи Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, бо номи «Гардиши девбод» дар Иттифоқи нависандагон аз ҷумлаи ин тадбирандешиҳо буд, ки аз  Паём бармеояд.  Асари мазкур дар се шумораи маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» (2015, №№  11, 12; 2016, № 1)  нашр гардид ва низ аз тариқи нашриёти «Адиб» дар шакли китоб ба дасти хонандагон расид.
Зикр шуд, ки «Гардиши девбод» дар қатори беҳтарин асарҳои насрии адабиёти мо аст. Доираи фарогирии замон, макон ва ҳодисаҳо дар роман васеъ мебошад. Рӯҳи халқ ва миллат бо ҳамаи анъанаҳо ва расму оинҳои некаш бисёр хуб таҷассум ёфтааст. Тӯфонҳо ва гардишҳои девбод агарчи муддате то ҷое таъсири манфии худро гузошта метавонанд, аммо оқибат хомӯш мешаванд, маҳв мегарданд. Нур бар зулмат, хирад бар ҷаҳолат, некӣ бар бадӣ ҳатман пирӯз мешаванд.
Муаллиф маросими мардуми кӯҳистон ва шаҳрро хуб медонад. Гуфтугӯҳо дар асар табиӣ ва ҷолибанд. Дар офаридани характер ва  қаҳрамонҳову персонажҳои мусбату манфӣ муваффақ мебошад. Воқеаҳоро дар муқоиса ва тазоди ҳамдигар инъикос менамояд. Аз ривоятҳо, панду андарзҳо, масалу мақолҳо дар мавридаш устодона истифода мекунад. Тавонистааст, ки гузашта ва имрӯзаи мардуму миллатро нек бипайвандад. Ҳамчунин, рӯҳи ҷанг ва таъсири онро барои хонанда боварибахш нишон бидиҳад.
Нависанда ба сифати ровӣ ҳодисаҳоро ба ҳам мепайвандад ва низ аз ҷангу даҳшату оқибатҳои он мегӯяд, аммо дар ин маврид ӯ танҳо нест. Бо ӯ ҳамаи онҳое, ки барояшон ин сарзамини аҷдодӣ, Ватан, сулҳ қимат доранд ва ҳастияшонро барои ҳифзу пойдории он бахшидаанд, шариканд.
Ҳамчунин, таъкид шуд, ки насли наврас бояд ба ин таърих, ҳодисаи нангин, яъне ҷанги шаҳрвандӣ ба хотири расидан ба қадри сулҳ, ваҳдати миллӣ, дастовардҳои замони истиқлол ошно бошад. Мутолиаи «Гардиши девбод» дар ин маврид ҳам беҳтарин асар маҳсуб мешавад, ки барои расидан ба  ҳадаф хуб мусоидат мекунад.
Роман, махсусан, дар ин шабу рӯз арзандаи он аст, ки ба забонҳои гуногун тарҷума бишавад, дар шакли китоб бо теъдоди бештар нашр ва дастраси хонандагони сершумор бигардад. Он, воқеан, як ҷузъи таърихи миллати мо дар шакли бадеист ва дар боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ, ҳифзи сарзамини аҷдодӣ ва беҳтарин анъанаҳову расму оинҳоямон ба маротиб таъсири нек гузошта метавонад. Ба ҷуз ин, дар мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ки Сарвари давлат мавқеи асосии онро дар сиёсати давлат зимни ироаи Паём таъкид доштанд, мусоидат менамояд.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2017    №: 20    Мутолиа карданд: 2753

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед