logo

иҷтимоиёт

МАНБАИ ПЕШРАФТ. ДАР БОРАИ ВАҲДАТ ЧУН ДАСТОВАРДИ НОДИРИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли бист соли ваҳдат расидан ба сулҳу суботи комил, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалӣ муяссар гардидааст. Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Он рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад. 
Мо аз он ифтихор дорем, ки ҳисси ватандорию ватандӯстии ҷавонони тоҷик сол ба сол баланд шуда, ба дараҷае расидааст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон хуштар медонанд. Дар андешаю таманниёти Сарвари давлат ин боварию умед ба насли ҷавони кишвар боз ҳам рӯшантар баён гардид: «Ман ба ҷавонони қавиирода ва бонангу номуси Ватанамон, ки насли ояндасози давлат ва миллат мебошанд, муроҷиат менамоям, ки ояндаи кишвар бо дасти шумо бунёд хоҳад шуд».
Мутаассифона, мушоҳидаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки як зумра ҷавонон зери таъсири сомонаҳои интернетӣ, ки фаҳшу зӯровариро тарғиб мекунанд, даст ба қонуншиканию ҷиноятҳои вазнин мезананд. Бетарафию камтаваҷҷуҳии падару модарон дар чунин ҳолатҳо хатари густурдатар шудани тарғиботи ифротгароёнро ба миён меорад. Падару модарон дар масъалаи шинохти масъулияту рисолати азалӣ ва таълиму тарбияи фарзандон бояд диққати ҷиддӣ диҳанд. Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон падару модарон бояд муошират ва мукотибаи фарзандони худро назорат кунанд, онҳоро аз таъсири манфии сомонаҳои тарғибкунандаи зӯровариву фаҳш ва дигар рафторҳои ғайриахлоқӣ, инчунин аз ҳар гуна даъвату тарғиботи тундгароёна ҳифз намоянд.
Агар ба моҳияти суханҳои Сарвари давлат дар мавриди вазъи глобалии ҷаҳони муосир, таъсири шабакаҳои интернетию сомонаҳои гуногуни ғаразнок таваҷҷуҳ намоем, дарк месозем, ки дур будан аз ин идеология ва раҳоӣ аз дасисаҳо боз ҳам дар пояи ақлу заковат ва донишу маърифати калонсолон, бахусус волидон амалӣ мегардад. Дар ин замина Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муроҷиат ба ҷавонон  таъкид  намуда буданд, ки: «Ҳангоми истифодаи маълумоти интернетӣ, мутолиаи маводи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша ба ақлу заковат ва донишу хиради худ такя намоед, фирефтаи ҳар гуна дасисаву тарғиботи бегонаи ғаразнок нашавед, бо калонсолон ва падару модарони худ сари ҳар як масъала маслиҳат кунед, зеро шумо аз онҳо дида, машваратчии беҳтарро дар зиндагӣ пайдо намекунед».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши ҷавонон дар муносибатҳои идоракунии  ҷамъиятиву давлатӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, баҳри ҳамоҳангии ҷавонони кишвар бо роҳбарияти олии мамлакат Шӯрои миллии кор бо ҷавононро таъсис доданд. 27 майи соли 2016 дар шаҳри Душанбе Пешвои миллат дар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Зикр карданд, ки мақсад аз таъсиси Шӯро мавриди баррасӣ қарор додани масъалаҳои вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Аз ҷониби Президенти мамлакат роҳбарӣ намудани Шӯро намунаи олии эҳтиром ва эътимоди мақоми олии сиёсии кишвар ба ҷавонон мебошад. Ин тадбир имкон медиҳад, ки пешниҳодоти онҳо ҳарчӣ бештар дастгирӣ ёфта, мушкилоти дар ин самт мавҷуда сари вақт баррасӣ ва роҳу усулҳои фаъолияти минбаъдаи ҷавонон боз ҳам дақиқу мушаххас карда шаванд.
Таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии Пешвои муаззами миллат ҳисси ифтихори мо - ҷавононро аз дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ баланд бардошта, муваззаф месозанд, ки даст ба корҳои бунёдкорию созандагӣ зада, баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол саъю талоши доимӣ намоем. Ин маънӣ ишора ба он аст, ки соли равон 20 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро мутантан ҷашн мегирем ва ин сол барои мо соли имтиҳон ва ташаббускориҳост. Аз ин лиҳоз, орзу мекунем, ки бист соли Ваҳдати миллӣ чун бист зинаи камолоти миллату давлат дар дили ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеду эътимодамонро ба фардои неку дурахшони Ватани маҳбуб сарсабз гардонад.          
Аҳлиддин АСОМИДДИНЗОДА,
мутахассиси пешбари Прокуратураи
генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба назорати тафтишоти пешакӣ
дар мақомоти прокуратура


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2017    №: 20    Мутолиа карданд: 1929

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед