logo

сиёсат

ДОКТОР АБДУЛЛОҲ ИБНИ МУҲАММАД: "ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВОҚЕАН ПЕШВОИ ЗАБАРДАСТ АСТ"

Доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх, Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, зимни мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Ар - Риёз  аз талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвар изҳори хушҳолӣ намуда, иброз дошт, ки Эмомалӣ Раҳмон воқеан Пешвои забардаст аст. Сафари расмии Сарвари давлати шумо ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, ки зимни он панҷ санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, дар таҳким ва густариши муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвар такони ҷиддӣ бахшиданд.
Бино ба иттилои Муҳаммадато Султонов, котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Шукурҷон Зуҳуров перомуни тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар ибрози назар карда, зимнан изҳор намудааст, ки мо Шоҳигарии Арабистони Саудиро ба ҳайси шарики муҳими худ дар ҷаҳони араб ва минтақаи Ховари Миёна мешиносем ва ба рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо он таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем. Дар такя ба иқтидорҳои васеи молиявӣ ва технологии Арабистони Саудӣ аз як ҷониб ва захираҳои бузурги табиию меҳнатии Тоҷикистон аз ҷониби дигар мо имкон дорем, ки дар ин самтҳо ҳамкории дарозмуддату судманди байни кишварҳоямонро ба роҳ монем. Алалхусус, барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои нақлиёт, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати сабук шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Тоҷикистон ҷониби Саудиро дар маблағгузории лоиҳаҳои энергетикию обии дорои аҳамияти минтақавӣ, бахусус сохтмони хатҳои интиқоли барқи баландшиддати фаромарзӣ, неругоҳҳои барқи обии бузургу миёна, зеристгоҳҳо, инчунин коркарду истихроҷи маъданҳои табиӣ ва обёрии заминҳо истиқбол менамояд. 
Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх изҳор доштааст, ки вай ба ҳайси Раиси Маҷлиси Шӯрои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ин мулоқотро барои тақвияти муносиботи байнипарлумонии Ар - Риёз ва Душанбе муҳим арзёбӣ менамояд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2017    №: 20    Мутолиа карданд: 2143

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед