logo

иқтисод

БОЛОРАВИИ НАРХИ ТУХМ. МАСЪУЛОНИ ВАЗОРАТ ВА НОҲИЯ КАЙ ТАДБИР МЕАНДЕШАНД?

Чанд моҳ мешавад, ки нархи тухм дар бозорҳои пойтахт боло рафта, ба 1 сомонӣ расидааст. Қабл аз ин нархи як дона тухм аз 70 то 80 дирамро ташкил медод. Бештар аз як моҳ аст, ки дар бозори истеъмолии ҷумҳурӣ бо 80 дирам танҳо тухмҳои ҳаҷман хело хурдро харидорӣ намудан мумкин асту халос.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли 2016 дар фабрикаҳои парандапарварии ҷумҳурӣ 337,2 миллион дона тухм истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам аст.
Аз рӯи иттилои Нусратулло Нозанинзода, муовини якуми вазири кишоварзӣ, аз кор мондани ҶДММ «Мурғи ҳилол» - и ноҳияи Файзобод сабаби кам шудани саршумори паранда ва истеҳсоли тухм гардида, ба нишондиҳандаи истеҳсоли тухм дар ҷумҳурӣ таъсири манфӣ расондааст.
 Зафар Ҳокимов, раиси ҶДММ «Мурғи ҳилол» - и ноҳияи Файзобод, гуфт, ки фабрикаи онҳо пурра аз фаъолият намонда, балки саршумори паранда ва истеҳсоли тухм дар он коҳиш ёфтааст. Сабаби асосии он  вазъи молиявӣ мебошад.
Саршумори паранда дар ин фабрика то солҳои 2013-2014 ба 780 ҳазор сар мерасид. Аз охири соли 2015 инҷониб он то 105 ҳазор кам шуда, истеҳсоли тухм низ коҳиш ёфт.
Ба андешаи парандапарварон, омили дигаре, ки метавонад сабаби баланд шудани нархи тухм дар бозорҳои кишвар гардад, гаронии нархи хӯроки паранда мебошад, ки бештар аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид мешавад.
Бино ба иттилои Фахриддин Собиров, сухангӯи дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2016 аз кишварҳои Эрон, Покистон, Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Русия ба қаламрави ҷумҳурӣ 55,5 миллион дона тухм ворид шудаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 9,4 миллион дона зиёд аст.
Танҳо зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда метавонад боиси пастравии нарх дар бозорҳои кишвар гардад. Зеро зиёдшавии воридоти тухм нархи онро арзон накард, аммо пойин рафтани ҳаҷми истеҳсолот дар «Мурғи ҳилол» ба болоравии нархи тухм оварда расонд.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, ҶДММ “Мурғи ҳилол” - и ноҳияи Файзобод дар ҷумҳурӣ яке аз корхонаҳои калонтарини парандапарварӣ ба шумор рафта, феълан дар корхона 106667 сар паранда парвариш меёбад ва истеҳсоли тухм ба 25231 ҳазор дона  расонда шудааст. Саршумори мурғ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 237234 сар ва истеҳсоли тухм 43741 ҳазор дона коҳиш ёфтааст. Ба мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва рушди минбаъдаи соҳаи парандапарварӣ, аз ҷумла дар ин корхона,  роҳбарияти ҶДММ “Мурғи ҳилол” лоиҳаи “Рушди соҳаи парандапарварӣ дар Тоҷикистон”- ро таҳия намудааст, ки барои амалисозии он  ҷалби 63,2 миллион доллари ИМА дар назар аст. Лоиҳа мавриди омӯзиши Бонки рушди АвруОсиё қарор дорад. Дар сурати амалӣ шудани лоиҳаи мазкур истеҳсоли тухм ба 200 миллион дона, гӯшти мурғ ба 12 ҳазор тонна расида, зиёда аз 4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад.
Проблема дар ин аст, ки агар ҶДММ «Мурғи ҳилол» барои рушди дубора маблағи заруриро дастрас накунад, пас арзон шудани нархи тухм дар бозорҳои ҷумҳурӣ мушкил аст. Суоли матраҳ ин аст, ки аз тарафи Вазорати кишоварзии мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ҷиҳати дастгирии ҶДММ “Мурғи ҳилол» бо мақсади афзун намудани истеҳсолот ва поён бурдани нархи тухм дар бозорҳои ҷумҳурӣ андешидани тадбирҳо дар назар дошта шудааст ё не?
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2017    №: 20    Мутолиа карданд: 1913

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед