logo

иқтисод

ГАРМХОНАҲОИ РӮДАКӢ. АГАР ҲАВАСМАНДИИ БЕШТАРИ СОҲИБКОРОНРО МЕХОҲЕМ...

Соҳибкорони ноҳияи Рӯдакӣ  бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ   ба бунёди гармхонаҳои замонавии парвариши меваю сабзавот рӯ оварда, тадриҷан   майдони онро васеъ месозанд.  Онҳо ба ин васила дар баробари таъмини  бозорҳои   сернуфузтарин ноҳияи кишвар  бо сабзавот,  ба шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ, хусусан пойтахт низ маҳсулот  мебароранд.

Имсол дар ҳудуди ноҳия 12,5 гектар гармхона ва зиёда аз 40 гектар майдони кишти зери плёнка барои парвариши сабзавот бунёд гардидааст. Соли гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба ноҳия  аз гармхонаи парвариши помидору бодиринги деҳоти Чимтеппа  дидан намуда, ба кори кишоварзон баҳои баланд доданд. Сарвари давлат соҳибкоронро  барои вусъати фаъолият дар ин самт ҳидоят намуданд.
-  Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои кишоварзоне, ки ба парвариши меваю сабзавот дар гармхона ё зери плёнка машғуланд,  шароити заруриро муҳайё сохтааст.  Ҳоло дар ҳафт деҳоти ҳамшафати шаҳри Душанбе гармхона  ва  майдонҳои кишти зери плёнка мавҷуданд.  Аммо кишоварзон дар ин самт  баробари андози ягона   андози амвол аз гармхонаҳоро месупоранд, ки садди  рушди ин бахши даромаднок дар ноҳия хоҳад буд. Андоз аз  амвол дар фаъолияти  гармхонаҳо пардохти иловагиест, ки хароҷоти кишоварзро дар самти истеҳсоли маҳсулоти тару тозаи зимистона дучанд мекунад. Вақте аз соҳибкор барои  ташкили гармхона андози ягона ва ҳам андоз аз амвол гирифта мешавад, даромаднокии ӯ  аз соҳа хеле кам шуда, ҳавасмандиаш ҷиҳати  вусъат бахшидани  парвариши зироатҳо бо ин усул  аз байн меравад. Ҳамчунин,  барои истеҳсоли сабзавоти тару тозаи  ба талаботи бозор ҷавобгӯ  сифату навъҳои тухмӣ низ нақши муҳим доранд.  Муҳайё  намудани шароити хуби дастрасии деҳқонон ба тухмиҳои хушсифат яке аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти ноҳия буда, дар ин самт бо олимону мутахассисони соҳа ҳамкориҳои судманд  роҳандозӣ гардидааст.  Агар идораҳои масъул дар  ҳамкорӣ бо хоҷагиҳо дар самти таъмини кишоварзон  бо навъҳои беҳтари  тухмӣ ва кӯчатҳо  шароити мусоид фароҳам созанд,  барои пешрафти соҳа қадами ҷиддие хоҳад буд. Имрӯзҳо сабзавоти тару тоза аз ҳисоби маҳсулоти гармхонаҳо дар бозорҳои ноҳия фаровон шудааст. Тавассути сари вақт таъмин гардидани фурӯшгоҳҳои ноҳия аз маҳсулоти гармхонаҳо нархи сабзавот муътадил аст. Айни замон  дар фурӯшгоҳҳои ноҳия нисбат ба минтақаҳои дигари кишвар сабзавот хеле арзон буда, инчунин, сифати беҳтар дорад, - мегӯяд Юсуфи Муҳаммадраҳим, раиси ноҳияи Рӯдакӣ.
Роҳандозии фаъолияти гармхонаҳо ва парвариши зироат дар зери плёнка дар фасли замистон барои таъмини амнияти ғизоии аҳолӣ, истифодаи  самараноку  оқилонаи замин дар мавриди гирифтани ду – се ҳосил аз як майдон ва рушди иқтидори  содиротии мамлакат нақши муҳим дорад. Барои   ҳавасмандии бештари соҳибкорону деҳқонон ба ин бахши самаровар коҳиш додани ҳаҷми андоз аз амвол, ки хароҷоти иловагиро ба бор меорад, аз ҷониби мақомоти андоз масъалаи ҳалталаб мебошад. Дар натиҷаи кам гардидани пардохтҳо барои ташкили гармхона, аз ҷумла дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҳавасмандии кишоварзон ба ин соҳа афзуда,  воридоти даромад ба буҷет танҳо аз ҳисоби пардохти андози ягона даҳчанд мегардад ва фоидаи андоз аз амволро барзиёд мепӯшонад. Дар баробари ин, бозорҳои  ҷумҳурӣ  бо  меваю сабзавоти ватанӣ дар айёми сардӣ таъмин шуда, ҷойҳои нави кор таъсис меёбанд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2017    №: 20    Мутолиа карданд: 1883

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед