logo

сиёсат

ПЕШВО. РОҲБАРЕ, КИ МИЛЛАТРО АЗ ФАНОШАВӢ НАҶОТ ДОД

Олимони барҷастаи мазҳаби Ҳанафӣ бо як муҳаббати хоса таъкид кардаанд, ки «Подшоҳи одил дар рӯи Замин сояи Худост». Хушбахтона, Худованд ба мардуми Тоҷикистон меҳрубонӣ намуда, барояш роҳбареро ато фармуд, ки бо ҷоннисориву фидокорӣ миллатро аз вартаи ҳалокат ва фаношавӣ наҷот дод, онро муттаҳид сохт.
Фаромӯш нашудааст, он рӯзҳое, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои гуфтушунид аввалин бор ба Афғонистон сафар карданд. Ин сафари пурхатар  буд. Ҳар лаҳза метавонист охирин бошад, зеро касе кафолати бехатариро дода наметавонист. Бо ҷоннисорӣ, далериву шуҷоат, ақлу тадбир ва хиради худодод Пешвои миллат тоҷиконро паси  мизи музокирот шинонда, ба ҷанги бародаркуш хотима бахшиданд. Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣ дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст.
Ташаббусҳои Сарвари давлати тоҷикон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир ва дастгирии онҳо аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақӣ баёнгари он аст, ки Пешвои миллат на танҳо дар фикри беҳрӯзии сокинони мамлакат, балки сайёра низ мебошанд.
Сарвари муаззами кишвар дар баробари ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоии мамлакат, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва динии мардум таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Беҳтарин иқдоме, ки бо ибтикори Пешвои миллат роҳандозӣ шуд, Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 1310 - солагии Имоми Аъзам ва эълон гардидани Соли бузургдошти Имоми Аъзам буд. Ҳамзамон, бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин маротиба китоби Қуръони карим бо забони тоҷикӣ дар се давра бо теъдоди умумии беш аз 200 ҳазор нусха ба нашр расида, ройгон ба мардум тақсим гардид. Гузашта аз ин, ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти динии шаҳрвандон аз ҳисоби буҷети давлат ва Фонди эҳтиётии Президент даҳҳо миллион сомонӣ ба чопи китобҳои илмӣ, ахлоқӣ ва эътиқодии фарҳанги исломӣ ҷудо гардида, даҳҳо асарҳои гаронбаҳои таърихӣ, аз ҷумла “Саҳеҳ”- и Имом Бухорӣ, “Муснад”- и Имоми Аъзам, “Эҳёи улуми дин”, “Кимиёи саодат”- и Имом Ғаззолӣ чоп ва дастраси мардум  шуданд.
 Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокоронаи халқи Тоҷикистон ва иқдомҳои қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардааст. Мукофоти ин ҳама заҳматҳо, ҳамчунин ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки мунтазам нисбат ба Сарвари дурандешу тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад.
Мо бо Президенти худ ифтихор дорем ва шукронаи Худованд мекунем, ки Парвардигор ба миллати тоҷик марҳамат намуда, барояш чунин Пешвои додгустарро лоиқ  донист. Мо ба Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ мегузорем. Дар марҳалаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию  шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонд.
Абдураҳмон МАВЛОНОВ,
сармутахассиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2017    №: 20    Мутолиа карданд: 2170

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед