logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ТАСОДУФ
Мард ба як кишвари хориҷӣ ба сафари хидматӣ меравад. Дар меҳмонхона худро ба қайд монда, ба ҳуҷрааш медарояд. Ба ҳуҷра даромада мебинад, ки рӯи миз компютер истодааст. Фикри дарҳол ба ҳамсараш мактуб (е - mail) навиштан ба сараш меояду сари компютер мешинад. Мехоҳад аз расиданаш ҳамсари азизашро хабар диҳад. Вале, ҳангоми ирсоли мактуб онро тасодуфан ба дигар нишонӣ мефиристад.
Дар ҳамин асно дар як гӯшаи дигари дунё зане нав аз маросими дафни шавҳараш бо чашмони сурху варамида ба хона баргаштааст. Зан мактуби ба нишониаш омадаро дида, гумон мекунад, ки кадоме аз дӯстонаш номаи тасаллият фиристодааст. Чанд сатри аввали мактубро хонда, зан ба замин афтода, беҳуш мешавад.
Модари зан ба ҳуҷра даромада, духтарашро рӯи фарш беҳуш ва мактуби кушодаро дар экрани компютер мебинад:
«Ба ҳамсари меҳрубонам!
Мавзӯъ: нав расидам.
Сана: 16 майи соли 2013.
Салом азизам! Бовар дорам, ки бо хондани мактуб ҳайрон мешавӣ. Дар ин ҷо компютер будааст ва тавассути он метавон ба пайвандон мактуб навишт. Ман акнун омада расидам ва худро ба қайд гирифтам. Ин ҷо ҳама чиз барои омаданат омода шудааст. Омаданатро бесаброна интизорам. Бовар дорам, ки ту низ ба мисли ман сафари бехатар хоҳӣ дошт.
P.S: Ин ҷо хеле гарм аст!».
Башир УСМОН, «Ҳадяи зиндагӣ»

ФАУСТ: "БИИСТ, ЭЙ ЛАҲЗАИ ЗЕБО!"
Рӯзе дар яке аз истгоҳи метрои Вашингтон ғижакнавозе асари машҳуртарини Бахро менавохт. Чун замони аз кор баргаштани мардум буд, ҳазорон нафар аз наздаш мегузаштанд. Пас аз чанд дақиқа бонуе 1 долларро дар ҷилди ғижакаш партофта, саросемавор гузашта рафт. Ин дафъа касе наздаш омада, ба навохтанаш таваҷҷуҳ карду замоне чашмаш ба соат расида, боз роҳашро давом дод. Оҳанги  ғижакнавоз писарчаи 3 соларо ба худ ҷалб намуд, аммо ӯро модараш аз дасташ кашида, ба зӯр ҳамроҳи худ бурд.
Тӯли 45 дақиқае, ки мард ғижак менавохт ҳамагӣ 6 нафар мусиқиашро гӯш карданду 20 нафари дигар пул дода рафтанд. Ғижакнавоз 32 доллар кор кард. Вақте навохтанро ба охир расонд, касе ҳам ба ӯ аҳамият надод. На қарсакзанӣ буду на ягон суханони хуб дар ҳаққи ҳунараш.
Касе нафаҳмид, ки назди метро ғижакнавози машҳури дунё Ҷошуа Белл оҳанг менавохт. Ҷошуа Белл аз ҳунармандтарин ғижакнавозе ҳаст, ки оҳанги навохтаи ӯ 3,5 миллион доллар арзиш дорад. Ду рӯз пеш аз ин, дар театри Бостон барномаи консертие дошт, ки чиптаҳои он дар як муддати кӯтоҳ фурӯхта шуд. Арзиши чиптаҳо аз 100 доллар боло буд.
Суолҳое ба миён меояд, ки «Мо, метавонем дар шароити одӣ ва маъмулӣ ба қадри зебоӣ бирасем?», «Мо, истеъдодеро, ки ғайри чашмдошт пешниҳодамон мегардад, метавонем эътироф намоем?».
Агар мо лаҳзае боз истодаву сароидан ё навохтани ҳунарманди бузургро гӯш карда натавонем, пас чи қадар лаҳзаҳои беҳтарини зиндагиро аҳамият надода, барбод додаем?
Таҳияи М. САНГМАМАДОВА

ҲИКОЯТ
Талҳакро (номи қаҳрамони фолклорӣ дар Эрон, мисли Афандӣ) бо муҳиме пеши Хоразмшоҳ фиристоданд. Муддате он ҷо бимонд. Магар Хоразмшоҳ риояте, чунон ки ӯ мехост, намекард. Рӯзе пеши Хоразмшоҳ ҳикояти мурғон ва хосияти ҳар яке мегуфтанд.
Талҳак гуфт:
-     Ҳеҷ мурғе аз лаклак зирактар нест.
Гуфтанд:
-     Аз чӣ донӣ?
Гуфт:
-     Аз баҳри он ки ҳаргиз ба Хоразм намеояд.
***
Шахсе ба дӯсташ гуфт:
-     Маро чашм дард мекунад. Тадбир чӣ бошад?
-      Маро порсол дандон дард мекард, баркандам, посух дод дӯсташ.
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА

Ҳодисаҳои асроромез, сарбаста, пурмуаммо ҳамеша шавқи инсонҳоро бармеангезанд.
АСРОРИ МОҲ
Моҳ ягона ҷирми кайҳониест дар системаи Офтоб, ки ба он қадами одам расидааст. Ин ҳамсафари сайёраи мо пайваста зери нишони телескопҳо қарор дорад, онро аз Замин ва аз кайҳон меомӯзанд, вале, ба гуфти олимон, дар 40 соли охир дониши мо дар бораи Моҳ наафзудааст, балки шумораи сирри он меафзояд.
Баъди анҷом ёфтани барномаи амрикоии «Аполлон» оҳиста – оҳиста Моҳро ба боди фаромӯшӣ биспурданду кайҳоншиносӣ ба сӯи дигар майл намуд. Моҳи январи соли 1994 НАСА (агентии миллӣ оид ба астронавтика) ва СОИ (ташаббуси стратегии мудофиаи амрикоӣ, ки бо номи «ҷангҳои осмонӣ» машҳур аст) дастгоҳи автоматии «Клементина» - ро ба Моҳ фиристонданд. «Клементина» аз баландии 400 километр рӯи Моҳро акс гирифта, сипас ба тарафи астероиди 1620 Geographos парвоз кард. Суратҳои ба Замин интиқолдодаи он дар байни аҳли илм эҳсоси тааҷҷубро ба миён оварданд: олимон тахмин мезаданд, ки дар қаъри якчанд кратерҳои тарафи нимкураи ҷанубии Моҳ эҳтимол оби яхкарда ҳаст.
Ин ҳангомае буд – охир Моҳро одатан ҷирми мурда мепиндоштанд. Шароити Моҳ куллан ба вуҷуд омадани яхро рад месозад. Гап дар сари он аст, ки шабонарӯзи маҳтобӣ нисбат ба заминӣ 28 маротиба дарозтар асту атмосфера надорад. Ва дар ин муддат Офтоб онро метафсонад то ба дараҷаи 122 Селсия. Пас, дар ин ҷо чӣ хел ях пайдо шуданаш мумкин аст? Вале аксҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар қаъри 12 километраи кратерҳо, ки ба он ҷо нури офтоб намерасад, буданаш мумкин.
Аммо об чӣ гуна дар Моҳ пайдо гаштааст? Ақидае ҳаст, ки обро ба Моҳ метеоритҳои дар тӯли миллиардҳо сол афтода овардаанд. Фарзияи об яке аз асрори Моҳ ба ҳисоб меравад. Мутахассисони НАСА панҷ сирри Моҳро мухтасар ифода кардаанд: чӣ тарз Моҳ радифи Замин шуд? Таърихи Моҳ чӣ гуна аст? Кай ва чӣ хел дар Моҳ кратерҳо пайдо шуданд? Таърихи атмосфераи Моҳ чӣ тур аст? Кадом муаммоҳои системаи Офтоб бо Моҳ алоқамандӣ доранд?
Илмҳои анъанавӣ ва ғайрианъанавӣ таъсири Моҳро ба инсон омӯхтаанд. Оё Моҳ ба Замин таҳдид мекунад? Моҳ аз Замин дар масофаи 384 ҳазор километр мустақар аст, қутраш 3476 километр мебошад, яъне 4 маротиба аз Замин хурдтар аст. Аммо на танҳо Замин Моҳро ба худ мекашад, Моҳ низ ҳамин амалро соҳиб аст. Инро қонунҳои физика исбот кардаанд. Яъне, Моҳ дар атрофи Замин чарх мезанад ва мо низ дар гирди он давр мезанем. Неруи кашиши Моҳ чӣ оқибате дорад?
Шабона дар зери таъсири қувваи ҷозибаи Моҳ дар баҳру уқёнусҳо ҷазр рӯй медиҳад. Моҳ массаи бузурги обро ба сӯи худ мекашад. Ва вақте ки Моҳ чархзанон аз Замин дур мешавад, обро «сар» медиҳад ва мадди баҳрҳо рӯй медиҳад. Яъне, мадду ҷазр бо таъсири Моҳ ба вуҷуд меоянд. Мо хаёл мекунем, ки ин ҳаракати об бошад, дар амал ин ҳаракати Замин аст. Вақте ки Моҳ массаи бузурги обро ба сӯи худ мекашад ва онро «нигоҳ» медорад, Замин ҳаракати худро дар атрофи мадораш идома медиҳад, аз ин рӯ, на об ба сӯи материк, баръакс материк ба тарафи об ҳаракат мекунад. Ва ҳар боре, ки Моҳ уқёнусҳои моро «ба сӯи худ мекашад», Замин чархзанон маҷбур мешавад, ки қувваи кӯҳҳои обиро бартараф созад. Ҳар бор бо ин амал Замин неру сарф намуда, суръати чархзаниашро суст мекунад ва дигар ҳеҷ гоҳ бо суръати аввала дар атрофи мадораш давр нахоҳад зад.
Замин импулси ҳаракати худро аз майдони гравитатсионии кайҳон чор ё панҷ миллиард сол пеш гирифта буд. Дар ин муддат суръати даврзаниаш хеле суст шудааст, зеро неруашро аз даст додааст ва онро наметавонад барқарор созад. Сустшавии ҳаракати Замин зери таъсири Моҳ ҳар рӯз 0,00164 сонияро ташкил медиҳад ва ин тормоздиҳӣ аллакай якчанд миллиард сол боз идома дорад. Ва Замини мо муттасил ҳаракаташро суст мекунад, ки ин барояш дар оянда оқибати фалокатоваре оварданаш мумкин аст.
400 миллион сол пеш, вақте ки акнун рустаниҳо дар Замин месабзиданд, як соли заминӣ аз 405 рӯз иборат буду шабонарӯз ҳамагӣ 21 соату 30 дақиқаро ташкил медод, яъне Замин дар атрофи мадораш тез ҳаракат мекард. Чӣ қадаре ки Замин куҳансол мешуд, ҳамон андоза сол кӯтоҳ ва шабонарӯз дарозтар мегашт. Зеро Замин, ба сабаби тормоздиҳии Моҳ, оҳистатар дар атрофи мадораш давр мезадагӣ шуд. Рӯзе, ки Моҳ «тормоз» - ро пурра пахш мекунад, муттасил наздик меояд. Як ба ёд оред. Троллейбуси серодам нохост сахт тормоз медиҳад. Мусофирон ҳамагӣ ба пеш «мепаранд». Агар Замин дар ҷояш «таққӣ» истад, кӯҳҳою уқёнусҳо канда мешаванд, он гаҳ касе ё чизе дар ҷояш намемонад, аз ин рӯ, асрори Моҳро бояд мунтазам омӯхт.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ

ОЛАМИ АҶОИБОТ
Занбӯри асал барои ҷамъ кардани гарди гулҳо ҳазорҳо километрро тай  мекунад. Аз ҳама аҷибаш ин аст, вай бе қутбнамо, аз рӯйи гардиши офтоб самти ҳаракаташро муайян месозад. Илова бар ин, асали тайёркардаашро бо эҳтимоми зиёд дар кандуҳои геометрӣ, ки мисли муҳандиси кордон бо ҳисобҳои нозук ва дақиқ бунёд кардааст, ҷой медиҳад.
***
Ба ҳамагон маълум аст, кӯршабпаракон намебинанд. Онҳо самти ҳаракаташонро бинобар мавҷҳои махсусе, ки ихроҷ мекунанду он мавҷ боз акс дода бармегардад, муайян мекунанд. Ҳамин тавр онҳо ба ҳеҷ як ҷисм барнахӯрда парвоз мекунанд. Бояд қайд кард, ки ҷиҳози радар низ маҳз дар натиҷаи таҳқиқи ҳамин хусусияти шабпаракон эҷод карда шудааст.
***
Мормоҳиҳо бештар дар ҳавзаи баҳри Миёназамин, Ҳиндустон ва Малайзия зиндагӣ мекунанд, вале тамоми мормоҳиҳои дунё тухмҳояшонро танҳо дар қисмати ҷанубии ҷазираҳои Бермуда мемонанд. Вақте моҳичаҳо аз тухм мебароянд ҳатман ба минтақаҳое шино карда мераванд, ки оилаҳояшон дар он ҷо маскунанд.
Таҳияи Р. РАМАЗОН

ОГТ (ГМО) ЗАРАР НАДОРАД?
Организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда (ГМО) хатарнок   номида мешаванд. Маркетологҳо ва истеҳсолгароне, ки дар борпечи маҳсулот, ҳатто дар маҳсулоте, ки тамоман тағйироти генетикӣ мавҷуд буда наметавонад, матни «Бе ОГТ» - ро чоп мекунанд, воҳима меангезанд.  
17 майи соли 2016 таҳқиқоти фарогири таъсири ОГТ ба организми инсон анҷом ёфт. 50 олим аз академияҳои гуногуни Амрико тӯли ду сол 900 мақолаи илмии 30 соли охирро омӯхтанд. Таҳқиқгарон алоқаи байни вайроншавии саломатӣ ва зироатҳои тағйирдодашударо маълум накарданд. Истеъмоли ОГТ саратон, мутатсияҳои ирсӣ, фарбеҳшавӣ ва дигар бемориҳоро намеангезад.
Дар баробари ин, таъсири мусбати ОГТ муқаррар гашт. Навъи нави биринҷ бо таркиби баланди витаминҳо бароварда шудааст, ки барои баланд бардоштани сатҳи саломатӣ дар мамлакатҳои  рушдёбанда мусоидат кард.
Воқеияти ҷолиб:  соли 2015 дар ИМА зироати аз ҷиҳати генетикӣ тағйирдодашуда 99 дарсади ҳосили лаблабуи қандро ташкил дод, 94 дарсад пахта ва лӯбиё, ҳамчунин, 92 дарсади ҷуворимаккаи хӯроки чорво.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН

РЕКОРД. ДАР БОРАИ ФУРӮШИ БИЛЕТҲО БА ЗӮРОЗМОИИ КЛИЧКО БО ҶОШУА
Фурӯши билетҳо ба зӯрозмоии собиқ чемпиони ҷаҳон аз рӯи се фарзия Владимир Кличкои украинӣ ва дорандаи унвони қаҳрамонии Федератсияи байналмилалии бокс (IBF) дар суперсангинвазн Энтони Ҷошуаи бритониёӣ дар варзишгоҳи «Уэмбли» натиҷаи рекордӣ гузошт. Дар ин бора шабакаи телевизионии Sky Sport иттилоъ додааст.
Тазаккур мегардад, ки барои ин зӯрозмоӣ аллакай 80 ҳазор билет фурӯхта шудааст. Рекорди қаблии муҳорибаҳои бокс дар ин варзишгоҳ бо фурӯши 77 ҳазор билет соли 2014 дар дидори бритонӣ Карл Фроч ва Ҷорҷ Гроувз гузошта шуда буд.
Зӯрозмоӣ 29 апрели соли равон доир мегардад. Дар он муштзанон барои  дарёфти унвони қаҳрамонии Федератсияи байналмилалии бокс (IBF) ва камарбанди «суперчемпион»-и ҷаҳон тибқи фарзияи Ассотсиатсияи ҷаҳонии бокс (WBA) мубориза хоҳанд бурд.
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ

ОГОҲӢ: ЧОЙИ КОҒАЗХАЛТА ПЕСТИСИД ДОРАД!
Чойи фомили коғазхалта метавонад ба организми инсон таъсири манфӣ расонад. Олимони олмонӣ  муқаррар карданд, ки он дар таркибаш моддаҳои барои одамон хатарнок дорад.
Озмоиши се навъи чойҳои нархашон гарон ва арзон гузаронда шуд. Тавре маълум гашт, амалан тамоми чойҳои таҳқиқшуда чор навъи пестисидҳоро доранд. Вале, дар яке аз навъҳои он даҳ намуди ин моддаҳои зарарнок ёфт шуд. 
Мутахассисон аз шаш навъи чой дар панҷтоаш антрахинон дарёфтанд. Ин модда хатарнок  маҳсуб ёфта, дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо истифодаи он манъ шудааст.
Мувофиқи маълумоти олимони Донишгоҳи Глазго (Британияи Кабир) истеъмоли чой ба андозаҳои зиёд ба организми мардҳо таъсири манфӣ расонда, боиси пайдоши саратони простата мешавад.
Коршиносон ҳисоб карданд, ки беш аз ҳафт пиёла чой дар як рӯз хавфи зуҳури бемории мазкурро қариб 50 дарсад зиёд мегардонад. Ғайр аз ин, чой метавонад нуқси кори гурдаҳо ва узвҳои ҳозимаро ба вуҷуд орад.
Чанде пеш иттилоъ дода шуд, ки чойи сабз ба саломатии мардҳо фоидаовар аст. Он хастагиро бартараф  ва коршоямии фикриро баланд месозад. Инчунин, ин навъи чой ба коҳиши хавфи инкишофи бемориҳои дилу рагҳо, саратон, бемории паркинсон, инсулт ва диабети қанд мусоидат менамояд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН

АБУМАНСУРИ ХУҶАНДӢ
Ҳомид ибни Хизр (соли таваллуд номаълум – соли вафот тақрибан соли 1000, Рай), маъруф ба Абумансури Хуҷандӣ, мунаҷҷим ва риёзидони тоҷик. Ӯ фаъолияти илмиро аввал  дар Бағдод ва баъд то охири умр дар шаҳри Рай идома додааст. Абумансури Хуҷандӣ олими ихтироъкор буда, секстант (судс) ва устурлоб барин асбобҳои астрономиро сохтааст. Абурайҳони Берунӣ дар «Китобу таҳдиди ниҳоёт - ил - амонин ли тасҳеҳ масофат - ил - масокин» («Геодезия») зикр кардааст, ки Абумансури Хуҷандӣ дар устурлоб ва дигар олоти расадӣ ягонаи аср буд. Доир  ба риёзӣ (математика) ва астрономия бисёр асарҳо таълиф карда бошад ҳам,  аксари онҳо то давраи мо нарасидаанд. Аз осори ӯ «Фӣ иъмол-ил-олот ил - омма» (Тарзи истифодаи асбобҳои умумии астрономӣ») дар осорхонаи Оксфорд, «Рисола фӣ-тасҳеҳ-ил-майл ва арз - ил - балад» («Рисола дар тасҳеҳи майл ва арзи кишвар») дар Бейрут ва «Қонун-ул - ҳайъа» дар Қоҳира маҳфузанд. Абумансури Хуҷандӣ барои муайян кардани майли эклиптика (мадори Офтоб), вазъи нуқтаи эътидоли баҳорӣ, давомоти соли тропикӣ ва ғайра судс сохт, ки ҳоло дар илм бо номи Секстанти Фахрӣ маъруф аст (зеро онро ба Фахруддавлаи Дайламӣ бахшида буд).
Асбоби асосии расадхонаҳои Мароға (асри 13), Самарқанд (асри 15) ва Ҷайпур (асри 17) секстант буд, ки дар асоси тимсоли Судси Фахрӣ сохта шудааст. Астрономи машҳури расадхонаи Самарқанд  Ҷамшеди Кошонӣ сохт ва тарзи истифодаи ин асбобро дар “Рисола дар шарҳи олоти расадӣ” ном асараш шарҳ додааст. Бирҷандӣ  (вафот 1529) дар “Шарҳи бист боби устурлоби Тӯсӣ” асбобҳои астрономии Шарқро таҳлил карда, Секстанти Фахриро дар ҷойи аввал мегузорад.
Абумансури Хуҷандӣ дар инкишофи назарияи тригонометрияи сферавӣ (куравӣ) ва ҳалли муодилаҳои номуайян низ саҳми босазое гузоштааст. Чунончи, ӯ решаи бутун надоштани ҳалли муодилаи х3 + у3 = z3 – ро нишон додааст.
Таҳияи Мирзои ФИРӮЗ

НАРДБОН. ОСОРИ САНЪАТЕ, КИ КАСРО БА ОСМОНҲО МЕБАРАД
Соли 2013 дар намоишгоҳи навбатии «Ҳайкалтарошӣ дар баҳр» рассоми монументалисти  машҳури Зенландияи Нав - Дэвид Маккрэкен дар наздикии соҳили Вонди Тамарамаи шаҳри Сиднейи Австралия нардбони ғайриодиеро сохт, ки диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намуд.
Маккрэкен нардбони алюминиеро ба сӯйи осмон дар шакли қуллаи кӯҳ бо номи «Нардбон ба осмон» сохт. Нардбони сохтаи ӯ дарозтарин буда, Маккрэкенро дар ин намоиш муваффақ гардонд. Аҷобати нардбон ин аст, ки рӯзона касро хаёлан ба домони абрҳо ва шабонгоҳ то ба канори ситораҳо мерасонад.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА

МУЪҶИЗА ДАР ЗЕРИ ОБ
Инсон чӣ қадар метавонад, ки нафас нагирифта дар зери об бимонад? Як ё ду дақиқа? Дуруст. Инсони одӣ аз ин бештар зери об монда наметавонад. Аммо ҳунармандони нахустин ва ҳоло театри ягонаи зери об метавонанд то шаш дақиқа нафас нагирифта ҳунарнамоӣ кунанд.
Ҳар як саҳнаи намоишҳои аз як соат то якуним соат идомаёбандаи ин театр аз шаш дақиқа зиёд намеравад. Пас аз ин саҳнаи нав ва бо ҳунармандони дигар оғоз меёбад. Новобаста аз ин, кас чунин тасаввур менамояд, ки намоиш канда нашуда, бо як рабт идома меёбад.
З0 нафар ҳунармандони театри  «Прозрачный  мир» аз санҷиши махсус гузашта, ҳамарӯза соатҳои зиёд тамрин менамоянд. Аксари онҳо собиқ варзишгарон мебошанд.
Театр аз соли 2011  амал намояд ҳам, то ҳол макони муқимӣ надорад. Як қисми намоишҳояшонро дар маҷмааи варзишии «Олимпийский» - и шаҳри Москваи Федератсияи Русия намоиш медиҳанд. Ҳукумати шаҳри Москва тасмим гирифтааст, ки барои ин театри нодир бинои махсус бисозад.
Таҳияи М. ТАБАРӢ

ОФТОБ. ҲАРОРАТИ ОН ЧӢ ҚАДАР АСТ?
Офтоб аз ҳидроген (ҳидроген сӯзишвориест, ки пас аз сӯхтан ба ҳелий мубаддал  мешавад) ва ҳелиӣ иборат аст. Ба гуфти  олимон ба ҷуз аз ин, офтоб унсурҳои дигар - мисли ҷинсҳои кӯҳии дар замин бударо низ дорад. Азбаски ҳарорати офтоб ниҳоят баланд аст, онҳо на дар ҳолати сахтӣ, балки дар ҳолати моеъ вуҷуд доранд.
Олимон мегӯянд, ки агар офтобро  чун курра тасаввур намоем, он гоҳ радиуси он ба 696 000 километр баробар аст. Яъне, радиуси он аз замин  109  маротиба  бузургтар  мебошад. Он аз сайёраи мо  1. 300 000 маротиба  калон ва вазнаш  аз замин 133 000 маротиба  зиёд аст.
Ҳангоми омӯхтани офтоб олимон қабатҳои  зерин: қабати дохилӣ, ки ядро номида шудааст, қабати берунӣ – фотосфера ва сатҳи он, ки фотосфераро иҳота кардааст - хромосфераро ба инобат  гирифтаанд.
Пас аз хромосфера тоҷи офтоб ҷойгир аст, ки қисми шуоъдори онро ташкил мекунад. Қисми дохилии офтоб - ядроро мушоҳида намудан аз имкон берун аст. Аммо олимон дар натиҷаи таҳқиқот ба воситаи формулаҳои мураккаб муайян намуданд, ки ҳарорати ядрои он 15 миллион градус  аст. Ҳарорати фотосфера  6 000 ва қисми болоии он  100 000 градус мебошад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.2017    №: 21    Мутолиа карданд: 2620

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед