logo

иқтисод

СЕМЕНТ. ИСТЕҲСОЛ БА 2 МИЛЛИОН ВА СОДИРОТ БА 300 ҲАЗОР ТОННА РАСИД

Дар пайи иҷрои дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба афзоиш додани  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва воридотивазкунандаи саноатӣ истеҳсоли семент дар кишвар ба миқдори рекордӣ расид. Соли 2016 корхонаҳои мамлакат 2 миллион тонна семент истеҳсол намуданд, ки  назар ба соли пешӣ ним миллион тонна зиёд аст. Омили асосие, ки ба зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли семент мусоидат  намуд, бунёд ёфтани иқтидорҳои  нави саноатӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ёвон ва шаҳри Ваҳдат мебошад. Ҳаҷми бештари истеҳсоли семент ба корхонаҳои азими «Хуаксин Ғаюр семент» ва «Моҳир – семент» - и ноҳияи Ёвон, «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва «Тоҷ Чайна 2013» - и шаҳри Ваҳдат рост меояд. Баъди бозистии муваққатӣ ва азнавтаҷҳизонӣ, яъне аз сӯзишвории гази табиии воридотӣ ба истифодаи ангишти фаровони маҳаллӣ гузаштан «Сементи тоҷик» - и шаҳри Душанбе низ ба қатори корхонаҳои  азими истеҳсоли семент дохил гардида, соли гузашта қариб 220 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намуд.
 Афзудани ҳаҷми истеҳсол ба поён рафтани нархи семент дар бозори дохилии кишвар мусоидат кард. Дар баробари ин, сементи тоҷик дорои сифати хуб буда, серхаридор аст. Зеро корхонаҳои сементи Тоҷикистон дорои хатҳои навтарини технологию технологияҳои муосир мебошанд ва ашёи хомро асосан аз  дохили мамлакат дастрас менамоянд. Айни ҳол дар Тоҷикистон сементи баландсифат ва ба талаботи меъёрҳои стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯи навъҳои 400, 500 ва 600 истеҳсол мешавад.
Истеҳсоли бесобиқа на танҳо талаботи мамлакатро ба ин масолеҳи муҳими  бинокорӣ пурра таъмин намуд,  балки барои роҳандозии содироти семент ба кишварҳои ҳамсоя имкон фароҳам овард. Соли гузашта корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон қариб 300 ҳазор тонна семент фурӯхтанд. Қисмати бештари содирот ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рост меояд. Бори нахуст содироти семент ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия ба роҳ монда шуд.
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон наздик ба 200 ҳазор тонна семент  истеҳсол мегардид ва талаботи кишвар асосан аз ҳисоби  маҳсулоти воридотӣ таъмин карда мешуд. Дар солҳои минбаъда истеҳсоли семент вобаста ба эҳтиёҷоти зиёди хоҷагии халқи мамлакат тамоюли болоравӣ пайдо кард. Рушди босуръати истеҳсол соли 2013 оғоз гардид. Тибқи дурнамои рушд, дар назар аст, ки истеҳсоли ин масолеҳи саноатии муҳим ба 2,5 миллион тонна расонда, содироти он бамаротиб зиёд карда шавад.
А. САЙВАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2017    №: 22-23    Мутолиа карданд: 1941

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед