logo

иҷтимоиёт

ТАРБИЯ. ДАР ОН ВОЛИДОНРО ҲАМ ТАВОН АСТУ ҲАМ ФАРМОН

Тарбияи фарзанд дар тамоми давру замон барои падару модар вазифаи асосӣ ба шумор меравад. Фарзанди неку ба камол расондан машаққатҳои зиёде дорад.

Табиист, ки рафтору гуфтори некро кӯдак аз хона омӯхта ба берун мебарояд ва он чи ки аз берун меорад, бояд таҳлил карда шавад. Мо аксар вақт мешунавем, ки фарзанд ба таърифу тавсифи ҷӯраҳояш дода мешавад, вале ба сухани ӯ кам аҳамият медиҳем. Аз ҷумла, мегӯяд, ки ким - кадом ҷӯрааш ба бозии компютерӣ рафтааст, ё падараш телефон харидааст. Ин аввалин чизе мебошад, ки кӯдак ба воситаи ақлу фаҳмиши худ ба хона меорад. Бояд падару модар ба кӯдак фаҳмонда диҳанд, ки  кадом рафтор хуб асту кадомаш бад. Мутаассифона, мо вақти зиёд ӯро паси телевизор мешинонему худ машғули кор мегардем. Дар натиҷаи тамошои филму бозиҳои мухталиф майнаи сари ӯ ба ангезиш медарояд ва тез хашмгин мегардаду падидаҳои зӯроварӣ дар хулқи ӯ пайдо мешаванд.
Набояд фаромӯш кард, ки воситаи хубтарини тарбия ин сухани хуш аст, кӯдак низ онро хуб қабул мекунад. Бо дӯғу пӯписа, баръакс андешаи ӯ дигар мешавад. Аз рӯи мушоҳидаҳо медонем, ки калимаҳои модар истифода мекардаро кӯдак ҳам айнан истифода мебарад. Падару модар ба ӯ «ҷон – ҷон» гӯянд, кӯдак низ «ҷон – ҷон» гуфта ҷавоб медиҳад. Вақте алфози қабеҳу дағал истифода бурда мешавад, кӯдак ҳам айнан лафзи нохушро истифода мебарад. Ҳамон лаҳну овоз, ҳамон захираи луғавӣ, ҳамааш айнан, калима ба калима такрор мешавад.
Роҳи дигари тарбия ин сайру саёҳати якҷоя ба ҷойҳои дилхушӣ, боғу гулгаштҳо мебошад. Ӯ аз чунин лаҳзаҳо ғизои маънавӣ мегирад, ҷаҳонбиниаш васеъ мегардад.
Инчунин, бояд дар хона баъди дарс ҳатман бо фарзанд дарс тайёр намуд. Ӯро на маҷбур, балки ҳавасманд бояд кард, ки ба ин роҳ дода шавад. Дарстайёркунӣ бояд ҳар рӯз дар вақти муайян сурат гирад. Ин як одати муқаррарӣ шуда мемонад. Ягона роҳи хонандаи фаъол шудани кӯдак ин ба дониш дода шудани худи ӯ мебошад. Бояд ба  инкишофи зеҳнии кӯдак мунтазам аҳамият диҳем. Пайваста ӯро ҳидоят намудан барои мутолиаи китобҳои шавқовар аз қабили ин роҳҳо аст. Дар ин вақт истеъдод сайқал меёбад ва қобилияти фитрии кӯдак зиёд шудан мегирад.
Инчунин, ба берун баромадани кӯдак ва бозӣ дар кӯча низ воситаи хуби тарбияи ӯ мебошад. Кӯча дар тамоми давру замон барои кӯдак як мактаб ба ҳисоб меравад, ки қонуну қоида ва талаботи худро  дорад. Он кӯдакро метавонад ба ҳар роҳ барад. Дар кӯча ӯ, пеш аз ҳама, мустақил аст ва тамоми диду шунидро ба худ мегирад. Мавзӯъҳои суҳбати кӯча низ беҳисобанд. Дӯстони кӯчагӣ  ҳар хел мешаванд. Мегӯянд, ки қисми зиёди кӯдакон аз кӯча одоб меомӯзанду дар он ҷо калон мешаванд. Вале он ба кадом роҳ мебарад аз падару модар вобаста аст. Яъне, бояд онҳо фарзандро дар кӯча танҳо нагузоранд ва ҳар он чи диду гирифт, бетафовут набошанд.
Дар ин масъала Унсурулмаолии Кайковус низ мефармояд: «Ва падару модарро ҳам тавон аст ва ҳам фармон. Аммо тавон аст ба парвардани ту ва фармон аст ба хубӣ омӯхтан». Дар ин таъкид ҳам дуруст тарбия кардан ва ҳам дуруст таълим додани фарзанд қарзи аввалиндараҷаи падару модар дониста мешавад, ки ин арзишҳо бояд дар замони мо боз ҳам амиқтар амалӣ гарданд.
Муқаддас КОМИЛОВА,
омӯзгори МТМУ № 56 – и
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2017    №: 22-23    Мутолиа карданд: 1773

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед