logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ. БАРДОШТ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ТАЪРИХ МИРЗООДИЛ НАИМОВ

Дар ташаккули зеҳният ва тарбияи шахсияти доктори илмҳои таърих Мирзоодил Наимов муҳити маърифатбори оила нақши муҳим бозидааст. Ин заминаи мусоид ӯро зина ба зина ба қуллаҳои баланди кору эҷод расонидааст. Ҳанӯз дар зодгоҳаш Мирзо Наимов то мақоми  сармуҳаррири рӯзномаи “Роҳи коммунизм” сабзида,  худро чун фарди эҷодкор муаррифӣ намуд. Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон истеъдоди фитрӣ ва ҳунари ташкилотчигии ин марди фидокорро ба назар гирифта, ӯро барои кор ба  дастгоҳи Кумитаи марказии ҳизб даъват намуд. Кор дар дастгоҳи марказӣ барои Мирзо Наимови ҷавон мактаби бузурги сиёсӣ гардид. Мирзо Наимов ҳамчун масъули бахши таблиғоту ташвиқот ва журналистикаи ҳизбӣ фаъолияти воситаҳои ахбори оммаро сарпарастӣ мекард. Сипас, сармуҳаррири телевизиони тоҷик таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом як гурӯҳ рӯзноманигорони бомаҳорати соҳаи телевизионро ба камол расонда,   намоишҳои онро ҷолибу шавқовар гардонд. Фаъолият дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон - “Ирфон” барояш мактаби дигари ҳаётӣ гардид.
Аз ибтидои солҳои 70 – уми асри гузашта Мирзо Наимов рӯ ба илм овард. Инак, зиёда аз 30 сол аст, ки ӯ машғули таҳқиқоти илмист. Бештари фаъолияти илмиаш бо Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии  Академияи илмҳои  ҷумҳурӣ пайваст аст. Дар ҳамин даргоҳ рисолаҳои номзадӣ ва докториашро дифоъ карда, шогирдони зиёдеро низ тарбият намудаву дар ташаккули таърихнигории миллӣ саҳм гузоштааст. Мирзо Наимов дар офаридани як силсила асарҳои муштарак ва бағоят ҷолиб, аз қабили “Дар оилаи ягона”, “Октябри аъзам дар сарнавишти таърихии халқи тоҷик” саҳми бориз дорад. Ба қалами ин марди соҳибназар китоби калони манзаравӣ ва чандин маводи илмӣ ва илмиву оммавӣ мутааллиқанд, ки паҳлуҳои гуногуни таърихи навини халқи тоҷикро рӯшан менамоянд. Ӯ яке аз муаллифони таърихи шашҷилдаи халқи тоҷик мебошад, ки ба инъикоси ин масъала пардохта, нақши дӯстии халқҳоро дар арсаҳои гуногун: сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва ғайра ҷолиб ва нишонрас тасвир намудааст. Ин мавзӯъ бахусус, баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти боз ҳам бештар касб кард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими дӯстии халқҳоро вазифаи ҷонии тамоми мақомоти давлатӣ, аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳо ҳисобид. Профессор Мирзо Наимов азм дорад, ки тамоми ҳаёти худро ба татбиқи амалии ин андешаи Пешвои миллат бахшида, паҳлуҳои гуногуни масъалаи мазкурро татбиқу баррасӣ намояд.
Зикриё АКРАМӢ,
Рақиб АБУЛҲАЕВ,  докторҳои илмҳои таърих, 
Абдулло ҒАФУРОВ, номзади илмҳои таърих


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2017    №: 22-23    Мутолиа карданд: 2417

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед