logo

иқтисод

НУРОБОД. ИМКОНИЯТҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ ЗИЁДАНД

Дар ноҳияи Нуробод ба масъалаи самаранок истифода бурдани замин диққати махсус медиҳанд. Заминҳои кишоварзӣ аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи талу теппаҳо зиёд карда, барои ҳосилхез намудани заминҳои кишоварзӣ тамоми имкониятҳои мавҷуда мавриди истифода қарор мегиранд.

Ба гуфтаи Рустам Ҳақназаров, сардори раёсати кишоварзии ноҳия, кишоварзон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия соли сипаришуда ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории мамлакат дар майдони 4606 гектар зироат кишт намуда, 2518,6 тонна ғалла, 13660 тонна картошка, 121 тонна зироатҳои техникӣ ва 3137 тонна сабзавот истеҳсол карданд. Истеҳсоли мева қариб ба 2500 тонна расид.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти рустанипарварӣ ва чорводорӣ ба 123 миллион сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба соли пешӣ 2,7 фоиз зиёд мебошад. Дар майдони 910 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронда шуд.
Бо мақсади рушди соҳаи боғпарварӣ дар майдони 73,5 гектар боғҳои нави мевадиҳанда бунёд ёфтанд. Илова бар ин, 25 гектар боғҳои куҳна барқарор гардида, 80 гектар дар ҳолати аз нав барқарор кардан қарор дорад. Танҳо соли гузашта 15 гектар  боғи нав бунёд ва 8 гектар боғи куҳна барқарор карда шуд.
Заҳматкашони Ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳия низ бори аввал барои  таҷриба дар майдони 0,5 гектар картошка, 2,5 гектар лӯбиё, 3 гектар мош, 1 гектар сабзӣ ва  1 гектар ҷуворимакка кишт намуда, ҳосили фаровон ба даст оварданд.
Ба масъалаи истифодаи мақсадноки замин диққати махсус дода мешавад. Аз тарафи мутахассисони Кумитаи заминсозии ноҳия нисбат ба 124 нафар шаҳрванд оид ба вайронкунии қонунгузории замин санад тартиб дода, 166 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.
Баҳри бунёд ва барқароркунии ҷангалзорҳои ноҳия кормандони ин соҳа дар майдони 10 гектар ҷангалзори нав бунёд карда, дар он 1620 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан, аз қабили чормағз, себи ҷангалӣ, олучаи кӯҳӣ шинонданд. Шумораи умумии ниҳолҳои соли 2016 дар ноҳия шинондашуда  5423 бехро ташкил медиҳад.
-Дар ноҳия 398 соҳибкор ва 552 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият дорад. Сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва суҳбату вохӯриҳои ӯ бо сокинони ноҳияи Нуробод  заҳматкашонро баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ ва самараноку мақсаднок истифода бурдани замин илҳоми тоза бахшид. Ҳоло тамоми имкониятҳои мавҷударо барои пурсамар истифода намудани ҳар ваҷаб замин ва рӯёндани ҳосили фаровон ба кор бурда истодаем, - гуфт Рустам Ҳақназаров.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2017    №: 22-23    Мутолиа карданд: 1843

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед