logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар семинар-машварати ҷумҳуриявӣ доир ба кишти тирамоҳӣ, ноҳияи Данғара, 11 октябри соли 2008

Натиҷаҳо баҳри таъмини амнияти озуқавории кишвар басанда нестанд

Ҳозирини мӯҳтарам!
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳон, ки бо пайдоиш ва густариши ҳар гуна омилҳо, бӯҳронҳо ва таҳдиду хатарҳои муосир амнияти сиёсиву иқтисодии кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни сайёра халалдор мегардад, мо бояд барои ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, пеш аз ҳама суботи устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ҳамеша омода бошем.
Вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ, ки дучори бӯҳрони саросарии молиявӣ гаштааст, нишон медиҳад, ки ҳатто мамлакатҳои абарқудрат ва аз лиҳози иқтисодӣ пешрафтаи дунё низ аз таъсири бӯҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ дар канор буда наметавонанд.
Бо дарназардошти омилҳои зикршуда мо ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибихтиёрии давлатамон пешгирӣ кардани бӯҳрон ва болоравии нархҳои маводи ғизоӣ, дар навбати аввал бо озуқаворӣ таъмин кардани аҳолӣ ва дар ниҳояти кор ҳифзи амнияти озуқавории мамлакатро яке аз ҳадафҳои афзалиятнок ва стратегии худ қарор дода, дар татбиқи самарабахши он то ба имрӯз кӯшишу талош дорем.
Баробари шиддати нав пайдо кардани болоравии нархҳои сӯзишворӣ ва маводи асосии ғизоӣ, бахусус ғалладона, ки бинобар ба содироти он аз ҷониби баъзе кишварҳо ҷорӣ гардидани маҳдудият ба миён омад, ман дар ибтидои соли ҷорӣ бо мақсади тақвияти ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат дар бораи ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи замин, ба таври васеъ ва дар ҳамаи ноҳияҳо ташкил кардани кишти такрорӣ ва аз заминҳои обӣ дар як сол рӯёнидани ду-се ҳосил ба мардуми кишвар муроҷиат карда будам.
Чунон ки имрӯз мебинем, корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии  мамлакат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи беш аз 11 ҳазор тонна зиёд ғалладона истеҳсол карда, ҳаҷми умумии онро то имрӯз ба 405 ҳазор тонна расонидаанд.
Ҷамъоварии ғалладона, аз ҷумла шолӣ, ҷуворимакка ва дигар зироатҳо, ки ҳамчун кишти такрорӣ  парвариш карда шудаанд, ҳанӯз идома дорад.
Мувофиқи ҳисобҳои пешакӣ имсол дар мамлакатамон истеҳсоли ғалладона ба як миллион тонна расонида хоҳад шуд.
Бо вуҷуди номусоидии обу ҳаво, бахусус камобӣ, нишондиҳандаҳои истеҳсоли картошка, сабзавоту полезӣ, мева, маҳсулоти чорвою паранда низ нисбат ба соли гузашта баланд гардиданд.
Вале ин натиҷаҳо дар самти таъмини пурраи амнияти озуқавории кишвар ҳанӯз басанда ва қонеъкунанда нестанд. Зеро имкониятҳо ва захираҳои Тоҷикистон доир ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳанӯз хеле зиёданд.
Бо азхудкунии заминҳои нав, ба роҳ мондани истифодаи самарабахши заминҳои обиву лалмӣ, ба амалияи доимӣ табдил додани кишти такрорӣ, рушди соҳаи тухмипарварӣ, ба эътидол овардани ҳолати мелиоративии заминҳои корношоям ва дигар тадбирҳои агротехникӣ мо метавонем ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан ғалладона, картошка ва сабзавотро боз ҳам афзун гардонида, сатҳи вобастагии бозори дохилиро аз маводи ғизоии воридотӣ сол ба сол паст гардонем.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мо имконият дорем дар кишварамон нисбат ба соли гузашта майдонҳои кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладонаро 91 ҳазор гектар,  картошкаи барвақтиро 1500  гектар, сабзавоти барвақтиро 2400 гектар, гармхонаҳои парвариши сабзавотро 10  гектар зиёд кунем.
Бо дарназардошти ин имкониятҳои воқеӣ ва бо мақсади ба роҳ мондани истифодаи дурусту самараноки заминҳои обию лалмӣ, инчунин гармхонаҳои мавҷуда Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки соли ҷорӣ майдонҳои умумии кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладонаро ба 166 ҳазор гектар, картошкаи барвақтиро ба 2200 гектар, сабзавоти барвақтиро ба 5400 гектар ва гармхонаҳои  парвариши сабзавотро ба 50 гектар расонанд.
Шумо хуб медонед, ки кишти тирамоҳӣ яке аз воситаҳои муҳими истифодаи самарабахши замин ва роҳи мусоиди афзун гардонидани маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.
Мову шумо имрӯз махсус бо ҳамин мақсад, яъне барои мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор додани аҳамияти кишти тирамоҳӣ ва дар амал ба таври васеъ ҷорӣ кардани он ҷамъ омадаем.
Зеро таъминоти пурраи  аҳолии мамлакат бо ғалла, ки дар як сол беш аз якуним миллион тоннаро ташкил медиҳад, яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад.
Имкониятҳои мо дар масъалаи зиёд намудани истеҳсоли ғалла бо роҳи бештар гардонидани заминҳои кишт то андозае маҳдуд мебошанд. Аз ин лиҳоз, ба мо зарур аст, ки истеҳсоли онро пеш аз ҳама аз ҳисоби кишти такрорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии ҳам заминҳои обӣ ва ҳам  лалмӣ афзун гардонем.
Барои рӯёнидани ҳосили баланди гандум имкониятҳои мо зиёданд. Тадқиқоти илмӣ ва таҷрибаи хоҷагиҳои пешқадами ғаллакор собит менамоянд, ки дар мавриди риояи дурусти технологияи парвариши ғалла, бахусус гандум дар шароити кишвари мо аз ҳар як  гектар замини обӣ 60-70-сентнерӣ ва аз заминҳои лалмӣ 25-30-сентнерӣ ҳосил  гирифтан имконпазир аст. 
Вале бинобар риоя накардани қоидаҳои киштгардон, яъне паи ҳам дар як майдон кишт намудани танҳо як намуди зироат, дуруст интихоб накардани навъҳои зироат, паст будани сифати тухмӣ, норасоии техника, дар мӯҳлати зарурӣ нагузаронидани кишт, хусусан кишти тирамоҳӣ, истифодаи нокифояи нуриҳои органикӣ, минералӣ ва заҳрхимикатҳо, бад будани ҳолати мелиоративии заминҳо, инчунин дуруст истифода набурдани дастовардҳои илмӣ ҳосилнокии ғаллазор дар бисёр хоҷагиҳо паст мебошад.
Аз ин рӯ, ба роҳбарони Вазорати кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин олимону мутахассисони соҳа зарур аст, ки дар бораи бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва истифодаи васеи дастовардҳои илмӣ тадбирҳои муассир андешанд.
Бахусус кишти тирамоҳии гандум, ки марҳалаи муҳим ва асосии соҳаи кишоварзӣ мебошад, дар шароити кишвари мо афзалият ва аҳамияти хоса дорад, аз ҷумла: 
1. Дар натиҷаи кишти тирамоҳӣ зироат ё растанӣ аз ҳисоби омилҳои табиӣ, яъне ғизо, намнокии фаслҳои тирамоҳу зимистон ва баҳор самаранок истифода мебарад, ки ин боиси истифодаи сарфакоронаи об мешавад.
2. Таъсири алафҳои бегона ва ҳашароти зараррасон кам мегардад.
3. Гандуми тирамоҳӣ нисбат ба кишти  баҳорӣ 10-15 рӯз пештар пухта мерасад ва замин барои кишти такрорӣ сари вақт холӣ мешавад.
4. Ҳосилнокии гандуми тирамоҳӣ нисбат ба баҳорӣ 15-20 фоиз зиёд аст.
Таъкид бояд кард, ки ҳосилнокии гандуми тирамоҳӣ аз интихоби навъ вобастагии зиёд дорад. Ҳоло дар минтақаҳои гуногуни кишвар навъҳои зиёди гандум кишт карда мешаванд.
Бештари онҳо дар соли аввали кишт дар натиҷаи иваз гардидани минтақаи парвариш  ва иқтидори генетикӣ  ҳосили баланд медиҳанд. Вале, тавре ки мушоҳида мегардад, бинобар номусоидии шароит ва дар баъзе мавридҳо, бо сабаби риоя нагардидани технологияи парвариш, камҳосил мегарданд.
Бинобар ин, ба Академияи илмҳои  кишоварзӣ лозим аст, ки аз байни намудҳои ихтироъшудаи гандум навъҳои серҳосил ва ба шароити иқлим мутобиқро интихоб карда, онҳоро ба хоҷагиҳои деҳқонӣ барои кишт тавсия намояд.
Дар баробари ин, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд таваҷҷӯҳи хоҷагиҳои деҳқониро ба тавсияҳои олимон оид ба кишти тирамоҳӣ, интихоби тухмии хушсифат ва серҳосил ҷалб карда, дар таъминоти онҳо бо тухмӣ мусоидат намоянд ва дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ба анҷом расонидани кишти тирамоҳиро назорат кунанд.
Ҳамзамон бо ин, Вазорати кишоварзӣ, Хадамоти  давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Бозрасии давлатии тухмӣ якҷоя бо  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои кишти тирамоҳӣ танҳо тухмиҳои аз санҷиши лабораторӣ гузаронидашуда ва репродуксияи баландро ҷорӣ намуда, кишти тухмиҳои бесифат ва аз санҷиши лабораторӣ нагузаштаро дар тамоми минтақаҳои кишвар манъ намоянд.
Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об, Ширкати «Барқи тоҷик» якҷоя бо  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар бораи обёрии зироатҳои дар фасли тирамоҳ киштшуда чораҳои мушаххас андешанд.
Ҳамчунин барои фаъолияти бенуқсони дастгоҳҳои обкашӣ, иншооти обёрикунанда ва бо қувваи барқ таъмин намудани онҳо чораҷӯӣ намоянд.
Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ бояд фаъолияти таблиғотиву фаҳмондадиҳиро дар байни хоҷагиҳои деҳқонӣ тақвият бахшида, доир ба мӯҳлатҳои беҳтарини кишт, агротехникаи парвариши зироатҳо, минтақабандии навъҳо ва дигар омилҳои рӯёнидани ҳосили баланд аз тариқи воситаҳои ахбори омма барномаҳои махсус ташкил намоянд.
Ҳамчунин ба Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи давлатии омор супориш дода мешавад, ки доир ба ҷараёни кишти тирамоҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мунтазам маълумот таҳия карда, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод созанд.
Дар  қатори кишти тирамоҳии зироатҳои  ғалладона бояд ба кишти картошка, сабзавот, зироатҳои хӯроки чорво низ аҳамияти хоса дода шавад. Дар аксари ноҳияҳои вилояти Хатлон кишти ин зироатҳо асосан дар фасли тирамоҳ бояд гузаронида шавад. Деҳқонони вилоят дар ин самт таҷрибаи зиёд доранд.
Ҳамчунин иқлими вилоят барои парвариши картошка ва сабзавот хеле мусоид мебошад. Баъди як моҳ дар вилоят давраи картошкашинонӣ фаро мерасад.
Тавре ки ҳангоми сафари кории мо ба ноҳияҳои водии Рашт мушоҳида гардид, имсол дар ин минтақа ҳосили хуби картошка рӯёнида шудааст.
Аз ин рӯ, Вазорати кишоварзӣ вазифадор карда мешавад, ки аз ҳисоби фонди гардиш ноҳияҳои вилояти Хатлонро бо тухмии хушсифати картошка таъмин намояд.
Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки дар бораи бо сифати баланд ва дар мӯҳлатҳои мувофиқ ба анҷом расонидани кишти картошкаву сабзавот тадбирҳои муассир андешанд.
Дар гармхонаҳо парвариш кардани сабзавот барои дар фасли зимистон бо маҳсулоти тару тоза таъмин кардани аҳолӣ тадбири муфид аст. Соли ҷорӣ масоҳати кишти сабзавот дар гармхонаҳо 40 гектарро ташкил кард, ки аз ин 20 гектар ба вилояти Суғд, 13   гектар ба вилояти Хатлон ва 7 гектар ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меояд. Бо вуҷуди рӯ ба инкишоф овардани парвариши сабзавот дар гармхонаҳо эҳтиёҷи аҳолӣ дар фасли зимистон ба сабзавоти тару тоза ҳанӯз пурра қонеъ карда намешавад.
Аз ин рӯ, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки дар бораи ташкили гармхонаҳо чораҳои иловагӣ андешанд.
Солҳои пеш дар қаламрави вилояти Хатлон дар ин фасл зироатҳои гуногуни хӯроки чорво кишт карда, аввали баҳор баъди дарави онҳо ба ҷояшон дигар зироатҳоро кишт менамуданд. Ин анъана солҳои охир аз байн рафтааст.
Аз ин лиҳоз, ба Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки таҷрибаи парвариши зироатҳои зикршударо аз нав ҷорӣ намоянд.
Ҳамзамон бо ин, Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ ҷиҳати дарёфт ва таъмини хоҷагиҳо бо тухмии хушсифати ин зироатҳо чораҷӯӣ намоянд.
Мувофиқи тавсияи  олимон ва мутахассисон охири фасли тирамоҳ барои ниҳолшинонӣ давраи беҳтарин ба шумор меравад. Вале солҳои охир дар кишварамон маъракаи ниҳолшинонӣ асосан дар фасли баҳор сурат мегирад ва баъзе хоҷагиҳо ҳатто дар охири баҳор низ ниҳолшинонӣ мекунанд, ки  дар натиҷа қисми зиёди  ниҳолҳо нобуд мешаванд.
Вақти он расидааст, ки ба ин кор хотима бахшем ва маъракаи ниҳолшинониро дар фасли муайяншуда гузаронем. Зеро мушоҳидаҳо собит намудаанд, ки 90-95 фоизи ниҳолҳои дар охири тирамоҳ шинонидашуда ба самар мерасанд.
Дар ин замина Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангал ва шикор ва дигар мақомоти марбутаро зарур аст, ки доир ба таъмин намудани субъектҳои хоҷагидор ва аҳолии кишвар бо ниҳолҳо аз ҳоло чораҷӯӣ намоянд.
Бояд таъкид намуд, ки дар мӯҳлатҳои беҳтарини агротехникӣ анҷом додани кишти тирамоҳии зироатҳо бе техникаи кишоварзӣ ғайриимкон аст. Бо вуҷуди таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» дар кишварамон ҳанӯз норасоии техникаи кишоварзӣ аз байн нарафтааст.
Аз ин рӯ, ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг», Корхонаи воҳиди давлатии «Мадад»-и Вазорати кишоварзӣ ва  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки доир ба ташкил намудани марказҳои хизматрасонии техникӣ тадбирҳои судманд андешанд.
Мехоҳам хотирнишон созам, ки таъмини тадбирҳои зикршуда ва иҷрои дастуру супоришҳои додашуда иҷрошаванда мебошанд.
Бо амалӣ намудани онҳо, ки фақат дарки амиқи масъулият барои тақдири халқу давлат, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва инчунин маҳорату малакаи баланди ташкилотчигиву  роҳбариро тақозо менамояд, мо дар баробари зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилии истеъмолӣ, пешгирии болоравии нархҳои маводи ғизоӣ ва бо ин роҳ ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, ҳамчунин бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамонро дар солҳои наздик таъмин карда метавонем.
Дар ин роҳ ба ҳамаи шумо барору комёбиҳо орзумандам.
Саломат бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 512

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед