logo

маориф

Донишкада номи Саидмӯъмин Раҳимовро гирифт

Мо, олимон, устодон, кормандону донишҷ-ӯёни Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон муждаи тозаро ҷиҳати номгузорӣ намудани ин муассисаи таълимӣ ба номи яке аз фарзандони барӯманди миллат қаҳрамони ҷаҳон дар ҷодаи гӯштин, устоди зиндаёд Саидмӯъмин Раҳимов шунида шоду мамнун гардидем. Ба ин хотир Шӯрои оҷилии илмии олимон даъват шуд. Ин падидаи сиёсию фарҳангию варзиширо, ки бо иқдоми наҷибу бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон рӯйи кор омадааст,  онҳо хуш пазируфтанд ва арзу сипоси бепоён намуданд. Олимон ва устодон зикр карданд, ки қадрдонии заҳматҳову талошҳои ин ҷаҳонпаҳлавон, ки воқеан дар гӯштини кишвар нотакрор мебошад, ба рушди соҳа, тарбияи дурусти варзишгарони миллат мусоидат менамояд. Аз ин хабари хуш на танҳо мо, балки ҳама варзишгарони мамлакат хушнуд шуданд.
Саидмӯъмин Раҳимов, воқеан ба чунин арҷгузорӣ сазовор аст. ӯ аксари умри пурбаракаташро барои рушди соҳаи варзиши мамлакат, хоса гӯштин бахшид ва шогирдони зиёдеро ба камол расонд. Донишу таҷриба, заковати азалиашро дар ин роҳ дареғ надошт ва бо ҳиссу ифтихори бузурги ватандорӣ пайваста содиқона хидмат намуд.
Ҳанӯз аз хотир нарафта ва таърих худ гувоҳ аст, ки моҳи сентябри соли 1975 дар шаҳри Минск –пойтахти ҷумҳурии Белорус беҳтарин гӯштингирони дунё, ахтарони рахшону маъруфи самбо барои ширкат дар озмун ҷамъ омада буданд. Аз номи давлати пуриқтидори Иттиҳоди Шӯравӣ ва мардуми 250- миллионаи он дар вазни 100 килограмм намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастпарвари мактаби гӯштини кишвар, тоҷикписар Саидмӯъмин Раҳимов дар ин озмун ширкат варзид ва ба гирифтани унвони чемпиони ҷаҳон мушарраф гардид. Паҳлавони номвари тоҷик аз оғоз то ба охири озмуни байналмилалӣ истодагарӣ карда тавонист. Паҳлавонони номии кишварҳои ҷаҳонро мағлуб намуд ва бори нахуст дар таърихи варзиши кишвар ҷойизаи тиллоӣ, ҷойизаи олии озмунро ба даст овард.  Ҳамин тавр, ин дастоварди ӯ на танҳо дастоварди миллат буд, балки дастоварди тамоми халқҳои кишвари соҳибқудрат ба шумор мерафт.
Ин пирӯзии паҳлавони тоҷик то дер дар матбуоти Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар кишварҳои дунё тарғибу ташвиқ шуд.
Саидмӯъмин Раҳимов чемпиони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ (1973, 1975), чемпиони Спартакиадаи VI халқҳои ИҶШС (1975), Устоди спорти класси байналмилалӣ (1973), Устоди спорти Тоҷикистон (1971), узви командаи яккачини самбочиёни ИҶШС (1973) буд. Чемпиони чандкарати ҷумҳурӣ оид ба гӯштини миллӣ, тарзи озод, дзю-до ва классикӣ гардидааст.
Соли 1967 ҳангоми хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС аз рӯи варзиши сабук рекордсмени дивизия шуд.
Соли 1974 оид ба дзю-до меъёри устоди спорти ИҶШС-ро иҷро кард. Соли 1977 дар Бозиҳои спортии деҳоти ИҶШС дар шаҳри Кишинёви Ҷумҳурии Молдова бори сеюм ҷойи якумро мушарраф гардид. Чандин сол ба ҳайси раиси Кумитаи варзиши ҷумҳурӣ фаъолият намуд.
Мо, кормандони донишкада, аз он ифтихор дорем, ки Саидмӯъмин Раҳимов дастпарвару хатмкардаи ин муассисаи таълимӣ мебошад. Барои боло рафтани сатҳи донишкада ва донишандӯзиву маҳорати варзишии донишҷӯён пайваста дастуру маслиҳатҳои судбахш медод. Инчунин бо иштироку сӯҳбатҳои самимиву гармаш шӯълаҳои умедро барои ноил шудан ба дастовардҳои бузурги ҷаҳон дар дилҳои мо фурӯзон медошт. Албатта, ин ҳама ба пешрафти фаъолияти мо ва муваффақиятҳои шогирдони муассиса таъсири неки худро гузошт.
Ба номи ҷаҳонпаҳлавон, устоди зиндаёд Саидмӯъмин Раҳимов номгузорӣ шудани донишкада моро вазифадор месозад, ки сатҳи таълимро боз беҳтар намоем, то шогирдон дар арсаи олам ба пирӯзиҳои бузург ноил гарданд.

Шодӣ САФАРОВ,
ректори Донишкадаи давлатии тарбияи
ҷисмонии ба номи Саидмӯъмин Раҳимов

Шанбе, 1 августи  соли  2009.  № 96 (21 603). Соли 85-уми нашр.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 675

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед