logo

иқтисод

АТЛАСБОФӢ. РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР ТОҶИКОБОД

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави кории мавсимӣ ва  доимӣ  пайваста тадбирҳои зарурӣ  меандешад.  
       
Ба ин мақсад, дар назди Маркази таълими калонсолон ва муассисаи давлатии литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод курсҳо ташкил ёфта, 40 нафар бону ба омӯзиши қолин ва атласу адрасбофӣ фаро гирифта шуданд. Айни замон, аз вилояти Суғд таҷҳизоти бофандагию ресандагӣ дастрас карда шуда, мутахассисони корозмудаи хоҳишмандонро таълим медиҳанд.
Ба иттилои директори филиали Муассисаи давлатии маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод Шералӣ Музаффаров соли сипаригашта низ  дар ин самт як қатор корҳо ба субут расида буданд. Аз ҷумла,  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 2  дастгоҳи калон ва 2 дастгоҳи хурди қолинбофӣ харида, мутахассисони ноҳияи Ваҳдат дар назди маркази таълими калонсолон ба бонувони маҳаллӣ ҳунари қолинбофиро омӯзонданд, ки 20 нафар духтарону занон соҳиби   шаҳодатномаҳои тахассусӣ гардиданд. Имрӯзҳо  бошад, тариқи худмаблағгузорӣ дар назди мактаби № 6-и деҳаи Нушор курси дӯзандагӣ барои хонандагон ташкил шуда, дар он 15 нафар касб меомӯзанд. Тибқи нақша рӯзҳои наздик дар дигар ҷамоатҳои ноҳия низ курсҳои кӯтоҳмуддати қуроқдӯзӣ, ҷӯроббофӣ, кафшергарӣ ва дӯзандагӣ ба роҳ монда шуда, бонувони бешуғл ва мардони бекасб соҳиби тахассус мегарданд.
Дилшод АМИРОВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2017    №: 22-23    Мутолиа карданд: 1825

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед