logo

фарҳанг

"ҚОБУСНОМА" - И ДАВРРО БОЯД НАВИШТ

Мусаллам аст, ки асри XXI асри дастовардҳои бузурги илмиву техникӣ ва кашфиётҳои нав мебошад. Ин нуктаро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд ва ҳамзамон дастур медиҳанд, ки ба сӯи онҳо ба дурустиву шинохти масъулият роҳ бибарем. Дар баробари ин, ба таҳкими ахлоқи миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, изҳор доштаанд, ки «Мардуми мо одоби баланди муошират, фарҳанги инсондӯстӣ ва дигар анъанаҳои неки миллие дорад, ки онҳоро бо дастовардҳои ҷаҳони муосир пайванд додан, ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии мардумро васеъ кардан, ба манфиати  миллат истифода бурдани арзишҳои беҳтарини умумибашарӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси зиёиён мебошад».

Албатта, дар ин маврид доштани китобҳои ахлоқӣ ногузир аст. Ин гуна китобҳо бо забони соддаву равону фаҳмо ва вобаста ба талаботи давр бояд таълиф ёбанд. Дуруст аст, ки пешиниён, ниёгони мо бо шинохти масъулият барои тарбияи насли ҷавони даврони худ ин гуна китобҳоро навиштаанд. Ҳар кадоми онҳо на танҳо дар даврони худ, балки баъдҳо, замонҳои гуногун тавонистаанд, ки дар рушди ахлоқи ҷомеа, баланд бардоштани савияи дониши мардум саҳми арзанда бигиранд. «Гулистон» - у «Бӯстон» - и Шайх Саъдии Шерозӣ, «Хористон» - и Маҷди Хофӣ, «Баҳористон» - и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, «Ахлоқи муҳсинӣ» ва «Футувватнома» - и Ҳусайн Воизи Кошифӣ аз ин қабиланд. «Қобуснома» - и Унсурулмаолии Кайковус низ ҳамин гуна асари ахлоқӣ маҳсуб мешавад. Он пештар аз ин асарҳо таълиф гардида, то ба имрӯз қимати худро гум накарда. Ба забонҳои гуногуни дунё нашр шудааст. Нусхаҳои қадимии он дар бузургтарин китобхонаҳои ҷаҳон маҳфузанд. Ин китобро яке аз осори бисёр арҷманд донистаанд. Муҳаққиқон муаллифи онро марде дӯстдоштанӣ, наҷибу донишманд, пухтаву парварда, хушфикру хушбаён, самимиву меҳрубон тавсиф намудаанд. Ва ҳам зикр кардаанд, ки ӯ бо вусъати маълумот дар риштаҳои гуногун хонандаро ба тааҷҷуб меорад, садоқату сароҳати гуфтораш дар дил асар мегузорад. Бар замми ин,  «Қобуснома» - ро китобе хонданӣ, омӯхтанӣ ва дар хотир супурданӣ донистаанд.
Дар ин рӯзгор, ки ба таъкиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ масъалаи мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ дорад, таълифи асаре чун «Қобуснома» бисёр зарур аст. Бешак, навиштани ин гуна китоб дар замони нав агарчи бас мушкил мебошад, вале дар ин кор бояд иқдом кард. Барои ин, албатта, муаллиф сифатҳоеро, ки дар мавриди нависандаи «Қобуснома» ёдовар шудааст, бояд доро бошад. Инчунин, талаботи давр ва ҳолати равонии мардумро нек бишносад. Дар дигар кишварҳо ба ин кор пештар аз мо иқдом варзиданд ва муваффақ ҳам гардиданд. Фикр мекунам, ки барои миллати мо анҷоми чунин кор нисбат ба миллатҳои дигар бояд осонтар бошад. Чаро? Чунки ниёгонамон барои мо ин роҳро боз карданд ва ҳам худ дар он рафтанду ба манзили мақсуд расиданд. Унсурулмаолии Кайковус бо «Қобуснома» - аш намунаи барҷастаи он маҳсуб мешавад.
Арзиши маонӣ ва лутфи шеваи баёни ин асар таваҷҷуҳи бузургтарину шинохтатарин адибони моро ба худ ҷалб кард. Аз ҳикоятҳои ҷолиби он, аз ҷумла Ҳаким Саноӣ дар «Ҳадиқату-л-ҳақиқа», Муҳаммад Авфӣ дар «Ҷавомеу-л-ҳикоёт» ва «Лавомеу-р-ривоёт», Низомии Ганҷавӣ дар «Хусрав ва Ширин», Фаридуддини Аттор дар «Асрорнома», «Илоҳинома» ва «Мантиқу-т-тайр», Хусрави Деҳлавӣ дар маснавии «Матлаъу-л-анвор», Абдураҳмони Ҷомӣ дар манзумаи «Силсилату-з-заҳаб» истифода кардаанду баҳраҳо бурдаанд. Яъне, истифода аз китобҳои ахлоқии пешиниён, ки дар дунё аз шуҳрати хосе бархӯрдоранд, бисёр муфид мебошад.
Унсурулмаолии Кайковус дар оғози китоб худро ҷамъкунандаи китоби пандҳо муаррифӣ мекунад: «Чунин гӯяд ҷамъкунандаи ин китоби пандҳо бо фарзанди хеш Гелоншоҳ».
Шояд чунин пурсише ба вуҷуд биёяд, ки оё замони навин замони панду андарзу насиҳат аст? Ин пурсише нест, ки танҳо дар замони мо ба вуҷуд омада бошад. Ҷавонони пешинро низ ин пурсиш, ки як навъ раҳзани ақлу андеша буд, ба ташвиш меовард. Унсурулмаолӣ суханонеро бар писар ироа мекунад, ки он худ посух ба ин гуна пурсиш аст: «…то пеш аз он, ки дасти замона туро нарм кунад, ту худ ба чашми ақл дар сухани ман нигарӣ, фузунӣ ёбӣ ва некномӣ дар ду ҷаҳон. Ва мабодо, ки дили ту аз кор бастан боз монад, ки он гоҳ аз ман шарти падарӣ омада бошад. Агар ту аз гуфтори ман баҳраи неке наҷӯӣ, ҷӯяндагони дигар бошанд, ки шунудан ва кор бастани некӣ ғанимат доранд. Ва агарчи сиришти рӯзгор бар он аст, ки ҳеҷ писар панди падари хешро корбанд набошад, чи оташ дар дили ҷавонон аст аз рӯи ғафлат, пиндошти хеш эшонро бар он ниҳад, ки дониши хеш бартар аз дониши пирон бинанд. Ва агарчи ин сухан маро маълум буд, меҳри падарӣ ва дилсӯзии падарон маро нагзошт, ки хомӯш бошам».
Ҳамин тавр, мо ба иҷрои ин кор масъулем ва дар ин маврид ҳеҷ узре пазируфта нест. Воқеан, мо ба ин насл, насли ҷавон, ки ояндаи мо ва миллатанд, бояд дилсӯз бошему сиришти рӯзгорро дигар бикунем. Ҷавононро бояд саодатманд бигардонем, то қавли Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ ҳақиқати худро дар ин рӯзгор низ пайдо бикунад:
Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.
Дар акси ҳол дар раванди ҷаҳонишавӣ ахлоқи миллӣ ба тадриҷ коста мешавад ва баъдҳо паёмади бадтареро ба худ касб мекунад. Дигар он замон аз дастдодаҳоро бозпас гардондан ҳатто на кори душвор, балки номумкин аст.
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2017    №: 22-23    Мутолиа карданд: 2425

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед