logo

фарҳанг

ЭҲЁИ ҶАШНИ САДА. АЗ ШАРОФАТИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ АСТ

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Равшан РАҲМОНӢ, профессори ДМТ

Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин дастоварди миллии мо дар садаи ХХ мебошад, ки ба шарофати он мақоми Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ баланд рафт ва ҷумҳуриямон ба сифати як кишвари мустақили ягонаи демокративу дунявӣ шинохта шуд.

 Баъди расидан ба истиқлолият ва озодӣ дар кишварамон як қатор суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ эҳё гардиданд, ки онҳо садсолаҳо аз назари халқ дур буданд, таҷлили баъзеашон манъ гардида буд ва қисми дигарашон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, танҳо дар хотираи таърихиву фарҳангии халқамон боқӣ монда буданду халос. Ҳатто таърихи халқи тоҷик мукаммал омӯхта намешуд, қисми зиёди одамон дар бораи қавму қабилаҳои ориёӣ, шоҳони пешин, давраҳои тиллоии давлати тоҷикон, муборизаҳои фидокоронаи фарзандони ин кишвари номвар ба муқобили аҷнабиён ва даҳҳо ҳодисаву рӯйдодҳои дигари гузашта маълумот надоштанд.
Бо шарофати истиқлолият ва ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани шахсияти ватанхоҳу ватандӯст ва худогоҳу худшинос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳувияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан, инчунин муроҷиат ба осори пешин ва зинда намудани чеҳраҳои таърихиву фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик ба ҷойи аввал баромад. Бо таълифи асари бисёрҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забон – ҳастии миллат» ва китобу мақолаҳои зиёди муҳими хусусияти ватандӯстона дошта, Пешвои миллат исбот намуданд, ки халқи тоҷик таърихи ниҳоят куҳан дорад ва фарзандони баномус ва бузурге дар ин сарзамин умр ба сар бурдаанд, ки номашон на танҳо дар оинаи таърих, балки офаридаҳояшон барои башарият хидмат намудаанд. Дар баробари ин, Сарвари давлат ба мероси маънавии суннатии шоистаи мардум баҳои баланд дода, омӯзиш ва тарғиби ин осори гаронбаҳоро вазифаи ҳар як фарди бедордил дониста, доимо даъват ба амал меоваранд, ки таърихи гузашта ва фарҳанги пешиниёнро насли имрӯза дуруст аз бар намоянд ва ба он сидқан арҷ гузоранд.
Дар асоси ҳамин ишораҳои ватандӯстона омӯзиш, таҳқиқ ва ҷустуҷӯҳои бостоншиносиву мардумшиносӣ дар ҷумҳуриямон бо диди нав оғоз шуд ва тайи ду даҳсола натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овард. Махсусан, ҷиҳати шинохти миллати тоҷик, таърихи ниҳоят қадимаи он як қатор таълифоти илмӣ арзи ҳастӣ карданд, ки онҳо барои таҳаввули тафаккури ҷомеа ва омӯзиши осори гузашта мусоидат намуданд. Ҳамин боис шуд, ки дар ин давра мардуми тоҷик ба омӯзиши таърихи халқи худ ва давраҳои ташаккули он майли бештар пайдо намуданд ва эҳсосу муҳаббаташон нисбат ба ин марзу бум ва мероси гаронбаҳои халқ бештар гардид.
Боиси сарфарозист, ки маҳз тавассути асарҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои шоистаашон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намуданд, аз нав эҳё гардиданд ва аз тарафи аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни миллию мардумӣ – Наврӯз, Меҳргон ва Сада хоса мебошад.
Доир ба ҷойгоҳи Наврӯз ва Меҳргон ва нақши онҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик корҳои илмии арзишманд таълиф шуданд, аҳли ҷомеа таҷлили онҳоро ба хубӣ пазируфтанд ва ҳамасола дар мамлакат ин ҷашнҳо бо шукӯҳу шаҳомат дар саросари диёри азизамон доир мегарданд ва хурду бузург дар тантанаҳои ҷашнӣ фаъолона иштирок менамоянд. Аммо оид ба ҷашни Сада дар кишвар асарҳои илмӣ ва оммавӣ андак буда, мақоми ин ҷашни миллӣ кам шарҳ ёфтааст ва таҷлили он низ дуруст ба роҳ монда нашудааст. Ҳол он ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол муқаддам ҳангоми нахустин бор ҷашн гирифтани ҷашни Меҳргон ишора карданд, ки: « … барои халқи тоҷик ҷашни Сада мисли ҷашни Меҳргон таърихи қадим дорад ва бояд аз нав эҳё гардад». Мутаассифона, ба ин масъала кам аҳамият дода шуд. Вале бо боварӣ метавон гуфт, ки он имсол дар кишвар дар доираи суннатҳои ин ҷашни миллӣ ба таври хос баргузор хоҳад гашт.
Дар ин мақола кӯшиш намудем, ки баъзе паҳлуҳои ин ҷашни ниёкон ва аҳамияти онро барои халқи тоҷик дар шароити кунунӣ равшан намоем ва иҷмолан доир ба пайдоиш ва таърихи ташаккули ҷашни Сада, ки вобаста ба Хуршед ва оташ аст, изҳори назар намоем.
Таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ), устураҳои мансух ишора рафта ва тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошад, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасад.
Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд. Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш пайдо кард.
 Маҳз ҷашни Сада барои эҳтиром гузоштан ба Хуршед ва оташу рӯшноӣ асос гузошт ва боиси он гардид, ки одамони қадим ба ин муқаддасот эътиқод пайдо намоянд ва онҳоро ситоиш кунанд. Агар Хуршед бо нури гармии худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас, оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузошта, баъдҳо онҳо ба ду ҷавҳари муқаддас табдил ёфтаанд, ки дар устураҳо ҷанбаи парастишӣ пайдо кардаанд ва баъдҳо аз ҷониби мубадон ситоиш ва ниёиш ёфтаанд. Ба таври дигар, пас аз садсолаҳо, он намои Ҳурмузд маҳсуб ёфта, дар оини зардуштӣ ҷойгоҳи хос дошт ва бо усулҳои мухталиф парастиш мегардид.
Дар баробари ин, ниёгони пешини мо рӯйи худро ба сӯи оташ намуда, дастони худро ба сӯи Хуршед мебурданд ва барои беҳбудии рӯзгори хеш аз оташу Хуршед мадад металабиданд. Ҳадаф аз ин ниёиш расидан ба Наврӯз ва омадани соли хуб барои кишту кор буд, ки дар давраи ибтидоӣ мақом ва ҷойгоҳи хос дошт. Ҳамин боварҳо буд, ки дар замонҳои хеле дури пеш аз мелод қавмҳои гуногун барои рӯзгори худ маросимҳо бунёд мекарданд ва хушҳоливу зиндагии баъдиашонро бо ин ҷашну маросим пайванд менамуданд, ки ҷашни Сада яке аз онҳост.
Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндоранд ва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷамули рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва пасиниён онро то рӯзгори мо расонданд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад. Дар ин бора Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст: «Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус, хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст» (Эмомалӣ Раҳмонов, «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», 2006, с.263).
Ҳамин хусусиятро инсонҳои замони бостон эътироф намуда, аз гармии Хуршед баҳра мебурданд ва алоҳида онро ниёиш карда, пасон, рӯшноӣ ва оташро ба он нисбат дода, ин унсурҳои табииро кашф ва ба онҳо эътиқод намуда, ба парастишашон оғоз карданд, ки баъдҳо муҷиби пайдо шудани ҷашни Сада гардидааст.
Агар аз ин нуктаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама ба назари мо Хуршед ҷилвагар мешавад. Чунки бидуни Хуршед ҳаёт вуҷуд надорад. Маҳз ба воситаи рӯшноӣ ва гармии он тамоми мавҷудоти олами зинда дар ҳаракат аст. Инсонҳои замони бостон, ки ҳанӯз нутқ надоштанд, дар канори тамоми мавҷудоти олам аз гармии Хуршед баҳра мебурданд. Баъд аз он ки инсон соҳиби гуфтор гардид ва андешаашро ифода мекардагӣ шуд, ки ин тахминан 40 - 50 ҳазор сол аст (ниг.: Старостин А.С. У человека был один праязык / Знание сила, 2003, №8) ба муҳити худ бо назари устураӣ менигарист. Ба таври комил намедонист, ки чаро Хуршед мебарояд, гармо ва сармо ҳаст ва ғайра. Маҳз барои ҳамин аз ҳамон замонҳои бостон инсонҳои ҷомеаи ибтидоӣ, ки акнун дар бораи муҳити зисти худ меандешиданд, ба Хуршед эҳтироми зиёд доштанд. Онро муқаддас меҳисобиданд. Баракати зиндагии худро ба он пайваст медонистанд. Ҳамин буд, ки дар тамоми гӯшаву канори дунё ба Хуршед, баъдҳо ҳамчун рамзи он ба оташ чун падидаи муқаддас эҳтиром мегузоштанд. Бахусус, дар он кишварҳое, ки дар он ҷо сармо бештар аст, чун рамзи Хуршед аз оташ гулхани хурду бузург афрӯхта, дар гирди он шодиву сурур менамуданд. Ҳамчунин, маҳз Хуршед аст, ки бар пояи рӯшноии он дар рӯи замин, одамон ба кишоварзӣ машғул мешаванд. Бо самари кишту кори худ рӯзгори хешро пеш мебаранд.
Донишманди машҳури англис Ҷеймс Ҷорҷ Фрэзер (1854-1941) дар бахшҳои ҷудогонаи яке аз китобҳои машҳури худ таҳти унвони «Шохаи тиллоӣ» ба таври муфассал дар бораи эҳтироми мардум ба оташ ва ҷашни оташ дар кишварҳои аврупоӣ ва дигар мамлакатҳо сухан мегӯяд. Дар баробари ин, чӣ гуна бо рӯзгори мардум пайванд будани оташро шарҳ дода, ҷойгоҳи муҳим доштани онро дар ҳаёти моддию маънавии одамон равшан менамояд. Зимнан чун намоди ҷашнӣ ба кор рафтани оташро низ таъкид намуда, ишорат бар он менамояд, ки Оташ ин як навъ инъикоси рамзии Хуршед аз ҷониби одамон дар рӯи замин аст (Фрэзер Дж. Золотая ветвь. Т.2. М., 2001, с.312-378).
Аз баррасии муфассали ин донишманд маълум мешавад, ки ҷашни Сада низ баробари оташ ба доираи эътиқоди одамони қадима ҳамроҳ буда, ба Хуршед рабти бевосита дорад.
Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ доранд, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Дар доираи ташаккули ҳамин унсурҳои ба ҳам зид гузаштагони мо, аз ҷумла қавмҳои ориёӣ ду фасли сол доштанд, ки ин ҳамон муборизаи Ҳурмузду Аҳриман ва муборизаи равшанӣ бо торикиро ба ёд меорад. Якеро тобистони (ҳама [hama]) бузург меномиданд, ки он ҳафт моҳро дар бар мегирифт ва аз оғози фарвардин (баробари 21-ум ва гоҳе 22-уми моҳи март) шурӯъ шуда, то охири моҳи меҳр (баробари 22 октябр) идома меёфт. Дуюмиро зимистони (зайана [zayana]) бузург мегуфтанд, ки аз аввали моҳи обон (баробари 23 октябр) сар мешуд ва то поёни моҳи исфандро (баробари 20 март) дар бар гирифта, 150 рӯз идома меёфт.
Ба гуфтаи бархе аз донишмандон, ҳамин ки аз зимистони бузург сад рӯз мегузашт, мардум ҷашни оташ, яъне Садаро барпо менамуданд. Онҳо бовар доштанд, ки лаҳзаҳои сахту сармои ҷонкоҳ гузаштаасту нармию гармӣ вориди рӯзгори мардум шудааст. Аз гузаштани сармои шадид, ки неруи аҳриманӣ аст, хушҳолӣ карда аз дашту саҳро ҳезум, бутта, хошок ҷамъ оварда, хирмани бузург месохтанд. Баробари расидани торикӣ он хирмани ҳезуму хасу хошокро оташ мезаданд, ки аз ин оташ ҳама ҷо фурӯзон мегашт ва дар гирди он рақсу бозию хушҳолӣ менамуданд. Дар он рӯзгорони қадим ниёгони мо - ориёиҳо бар он бовар буданд, ки ин гулхан ҳамчун неруи Ҳурмузд бозмондаҳои сарморо, ки марбути Аҳриман аст, нобуд месозад (Ниг.: Разӣ Ҳ. Гоҳшуморӣ ва ҷашнҳои Эрони бостон. Теҳрон, 1371).
Ҷашни Садаро дар даҳумин рӯзи моҳи баҳман (баробари 29-30 январ) баргузор мекарданд, ки аз зимистон сад рӯз (обон, озар, дай ва даҳ рӯзи баҳман) мегузашт. Ба ақидаи ориёиҳои қадим сармо ба авҷи баланди худ мерасид ва баъдан ҳаво тадриҷан ба самти беҳбудӣ, нармӣ ва гармӣ мерафт. Аз ин рӯ, барои он ки ба кишту кори онҳо зараре нарасад ва чорвоҳояшон аз сардӣ эмин бимонад, оташро ҳамчун рамзи Ҳурмузд меафрӯхтанд, то дар он қувваҳои бадӣ сӯзанду нобуд гарданд.
Доир ба таърихи пайдоиши ҷашни Сада назарҳои дигар низ мавҷуданд, ки барои равшан шудани мақсад аз онҳо ёдовар шудан аз манфиат холӣ намебошад.
Абурайҳон Берунӣ дар «Аттафҳим» доир ба ин ҷашн чунин ишора намудааст: «Сада чист? Обонрӯз аст аз баҳманмоҳ. Ва он даҳум рӯз бувад. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум оташҳо зананд ба гавзу[чормағз] бодом ва гирд бар гирди он шароб хӯранд ва лаҳву [бозӣ] шодӣ кунанд. Ва низ гурӯҳе аз он бигузаранд, то ба сӯзонидани ҷонварон. Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб...» (Аттафҳим, 1973, с.145). Аз рӯи ин маълумоти таърихӣ равшан мешавад, ки ин ҷашн дар миёни мардум аз замонҳои қадим маҳбубият доштааст ва ба он гузаштагони мо эҳтироми хосса менамудаанд.
Доир ба таърихи ҷашни Сада Абулқосим Фирдавсӣ низ дар «Шоҳнома» ахбор пешниҳод намуда, қадимияти онро тасдиқ кардааст ва арзиши онро барои мардуми эронитабор муҳим донистааст. Шоир устураи Ҳушангро ба достони худ ворид карда, ба он ҷанбаи таърихию бадеӣ бахшидааст ва аз замони бостон будани ин ҷашн ишора кардааст. 
Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯи кӯҳ
Гузар кард бо чанд кас ҳамгурӯҳ.
Падид омад аз дур чизи дароз,
Сияҳрангу тиратану тезтоз.
Ду чашм аз бари сар чу ду чашма хун,
Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун.
Нигаҳ кард Ҳушанги боҳушу ҳанг,
Гирифташ яке сангу шуд пешчанг.
Ба зӯри каёнӣ биёзид даст,
Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷӯ биҷаст.
Баромад ба санги гарон санги хурд,
Ҳам ону ҳам ин санг бишкаст гурд.
Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.
Нашуд мор кушта, валекин зи роз
Падид омад оташ аз он санг боз.
Ҳар он кас, ки бар санг оҳан задӣ,
Аз ӯ равшаноӣ падид омадӣ.
Ҷаҳонро пеши ҷаҳонофарин
Ниёиш ҳамекарду хонд офарин,
Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,
Ҳамин оташ онгоҳ қибла ниҳод.
Бигуфто: «Фурӯғест ин эзадӣ,
Парастид бояд, агар бихрадӣ».
Шаб омад, барафрӯхт оташ чу кӯҳ,
Ҳам он шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода хвард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр
(Фирдавсӣ, 1987, с.53-54).

Устурае, ки Фирдавсӣ ба назм дароварда, дар қисми аввали достони худ бо он оҳанги таърихию бадеӣ бахшидааст, аз қадимияти ин ҷашни ниёкон хабар медиҳад. Аз рӯи ишораҳои дигари Ҳаким Фирдавсӣ ҷашни Сада дар замони шоир маълум буда, мардум барои баргузорияш интизорӣ мекашиданд ва онро таҷлил менамуданд:
Биҳиштам биёмад зи оташкада,
Чу наздик шуд рӯзгори Сада.

Аз ин ишораҳо маълум мешавад, ки Фирдавсӣ ба ин ҷашн эътиқоди хос доштааст ва ҳамчун маросими миллӣ аз он ифтихор карда, бо муҳаббат ва самимият дар бораи пайдоиши он нақл мекунад ва ҳамчун «фурӯғӣ эзадӣ» - яш медонистааст. Дар ин таъкиди Фирдавсӣ падид омадани оташ, рӯшноӣ муҷиби мубориза ба муқобили торикӣ буда, арзи ҳастӣ кардани ҷашни Сада воситаи хушҳолии мардум мебошад, ки бо ин роҳ онҳо шодию хурсандӣ мекунанд, ба ҳамдигар таманниёту орзу менамоянд ва кинаву адоватро аз худ дур сохта, ҳамаи онро ба оташ меандозанд ва ҳамчун зуҳури аҳриманӣ аз ботинашон дур месозанд. Ин рукнҳо баъдҳо ба анъанаи миллӣ табдил ёфта, ташаккул меёбанд ва дар байни халқ ҷойгоҳи хосро пайдо карда, дар хотираи таърихию фарҳангиашон ворид мешаванд ва то ба имрӯз идома меёбанд.
Дар рисолаи «Назария ва сайри таърихии устурасозии форсӣ-тоҷикӣ» (Душанбе: Дониш, 1999, с. 105 - 106) мо низ доир ба таърихи пайдоиши ҷашни Сада ва устураи Ҳушанг маълумот дода, таъкид кардаем, ки як омили падид омадани «оташ» дар тафаккури асотирии мардуми эронитабор аз таассуроти одамони ибтидоӣ бо табиат сарчашма мегирад ва қисме аз онҳо дар аввал ҷанбаи парастишӣ гирифта, бо гузашти замонҳо ва иваз гардидани тафаккури эҷодию зеҳнӣ  ба таркиби оину ҷашнҳои миллӣ (ба мисли ҷашни Сада ва Меҳргон ва амсоли онҳо) ворид шуда, ба маросим табдил меёбанд.
Вобаста ба ин, таъкид карда будем, ки: «Дар сарчашмаҳои оиниву устуравии мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон, аввалин андешаву орзуҳои мардум ифода ёфтаанд, ки дар ҳар кадоми онҳо рамзи таассуроти нахустин халлоқони олам инъикос шуда, баъдтар тавассути мазҳабҳои мухталифи миллӣ ва дигар манбаъҳои хаттӣ пояи устувор пайдо кардаанд. Устураҳои миллии халқҳои эронитабор маҳз дар ҳамин сарчашмаҳо ҷой гирифта, аз ҳамин роҳ ба фарҳанг ва адабиёти бадеӣ шомил гардидаанд».
Дар ҳақиқат, устураи Ҳушанг ва пайдоиши оини Сада баъдҳо хусусияти милливу маросимӣ гирифта, ба қатори дигар ҷашнҳои мардумӣ ворид шуд ва дар миёни мардуми эронитабор, аз ҷумла тоҷикон, мақому манзалати хос пайдо намуд, ки аксари шоирони пешин ва сарчашмаҳои таърихӣ аз тарзи баргузорӣ ва арҷ гузоштани он аз ҷониби шоҳон ва аҳолӣ ахбори зиёде ба ёдгор мондаанд.
Оид ба истилоҳи «сада» низ фикрҳои гуногун мавҷуд бошанд ҳам, онҳо ба ҳамдигар умумият дошта, қадимияти ин ҷашнро тасдиқ менамоянд. Масалан, донишманди маъруфи эронӣ Ҳошими Ризоӣ дар бораи вожаи сада менависад, ки: «Сада вожаи форсӣ аст. Дар паҳлавӣ бояд ба шакле аз ин ашкол: сат [sat], сатаг [satag], садҳаг [sadhag], садҳ [sadh], сата [sata] буда бошад. Дар арабӣ ба сурати сазақ ё садақ китобат ва талаффуз мешавад. Маъмулан, вожаҳое, ки аз форсии миёна ба форсии ҷадид даромада ва ба «ҳо»-и ғайри малфуз хатм мешаванд, дар асл ба ҳарфи «гоф» ё «коф» тамом мешуда. Ҳамчунин, ҳарфи «т» дар паҳлавӣ, дар форсии ҷадид ба «д» ва дар арабӣ ба «зол» табдил мешавад. Дар форсии миёна ва форсии бостон ва Авасто ба ҳар ҳол вожаи сата ба маънии сад, адади сад мебошад, чунонки дар форсӣ низ сада ба маънии сад сол дар баробари қарн ба кор меравад» (Ризо Ҳошим. Ҷашнҳои оташ ва меҳргон. Теҳрон, 1383, саҳ.99).
Дар бораи Сада дар «Луғатномаи Деҳхудо», ки он дар асоси фарҳангҳои пешин таълиф шудааст, чунин омадааст: «Сада. Аз сад+а, бадал аз фатҳаи охир (пасаванди нисбат). Луғатан ба маънии мансуб ба шумораи сад. Дар бораи иллати интисоби ин ҷашн ба шумораи мазбур гуфтаҳои бисёр овардаанд… Номи рӯзи даҳум баҳманмоҳ аст ва дар ин рӯз форсиён ид кунанд ва ҷашн созанду оташи бисёр афрӯзанд ва мулук ва салотини эшон мурғон ва ҷонварони саҳроиро гирифта, дастаҳои гиёҳ бар пои эшон баста, дар он гиёҳ оташ зананд, то дар ҳаво бипаранд ва дар саҳро бираванд ва ҳамчунин, оташ дар кӯҳу саҳро зананд» (Деҳхудо, 1373, с.11920).
Дар «Ғиёс-ул-луғот»  оид ба ҷашни Сада чунин шарҳ омадааст: «Сада дар форсӣ номи ҷашне аз ҷашнҳои муғон, ки ба рӯзи даҳуми моҳи баҳман бошад; ва ба зам ва ташдиди дол (яъне, судда) дар арабӣ ба маънии остона ва ба маънии гиреҳ монанди чизе, ки дар рӯдаҳо ё дар рагҳо дарояд ва роҳи онро банд намояд (аз «Бурҳон» ва «Латоиф» ва «Суроҳ» ва «Рашидӣ» ва ғайри онҳо); ва дар «Сироҷ» навишта, ки сада (ба фатҳатайн) даҳуми рӯзи баҳман; чун дар ин рӯз адади фарзандони Одам, ки Каюмарс иборат аз он аст, ба адади сад расида, лиҳозо рӯзи ҷашн муқаррар шуда; ва лафзи сад дар асл бо сини маҳмала аст, ки ҳоло ба сод машҳур шуда» (ниг.: Муҳаммад Ғиёсуддин. Ғиёс-ул-луғот. Душанбе: Адиб, 1987, с.417).
Дар аксари луғатномаҳо ҳамин маънии болоро тарафдорӣ намудаанд, аммо устурашинос Меҳрдоди Баҳор дар яке аз гуфтугӯҳои худ вожаи садаро ба таври зерин шарҳ додааст: «Тавҷеҳи он бо адади «сад» иштиқоқи омиёна аст, чунон ки панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб монда ба Наврӯзро сада фарз кардаанд. Ба гумони ман сада аз решаи санди (sand) авестоӣ аст ба маънии «зоҳир шудан» (Баҳор М. Аз устура то таърих. Теҳрон, 1381, с.354). Шояд ин таъкиди донишманд асос дошта бошад, вале моҳияти мафҳуми Сада асосан ба тақвими пешиниён алоқаманд буда, наздик шудан ба Наврӯз ва аз зимистони бузург гузаштанро ифода менамояд ва ба рамзҳои оташ, Хуршед ва рӯшноиву торикӣ алоқаманд буданро бештар дар худ таҷаллӣ менамояд. Ба маънои дигар, Сада хоси эътиқодоти одамони пешин буда, дар он ормонҳои ибтидоии гузаштагон ниҳон мебошад.
Барои он ки хонандагони гиромӣ асли матлабро дарк намоянд, ба чанде аз устураҳои машҳур муроҷиат менамоем, ки дар он аз ҷашни Сада ёдовар шудаанд.
Дар устураи «Бунёд ниҳодани ҷашни Сада аз ҷониби Ҳушанг» омадааст, ки: «Яке аз рӯзҳо шоҳи ҷаҳон Ҳушанг бо чанд тан ҳамгурӯҳи худ ба сӯи кӯҳ рафт ва аз ҷое гузар мекард, ногоҳ чашмаш ба чизи дарозе бархӯрд. Он чиз дароз, сияҳранг, тиратан ва тезтоз буд. Аз ду чашмаш, ки дар ду бари сараш буд, гӯё чашмаи хун мерехт. Даҳонаш чунон дуд мекард, ки гӯё аз он ҷаҳон тира мешуд. Вай мори сиёҳи бадҳайбате буд. Шоҳ Ҳушанги боҳуш ба он нигаҳ кард ва ҳамон замон пешдастӣ карда, як сангеро гирифту ба сӯи он партофт. Вале мори ҷаҳонсӯз биҷасту гурехт ва санги хурди партофтаи шоҳ ба санги калони дигаре бархӯрду ҳар ду санг бишкастанд ва ялаққос равшанӣ доданд.  Агарчи мор кушта нашуд, вале аз он сангҳо оташ ба вуҷуд омад. Пас аз он, ки ҳар кас бар санг оҳан мезад, аз он равшанӣ бармеомад. Ҳамаи ононе, ки ҳамгурӯҳи Ҳушанг буданд, ниёиш мекарданду ба ӯ офарин мегуфтанд, ки Яздон ба вай чунин фурӯғе ҳадя намуд. Аз он замон ба баъд ҳамин оташ қиблаи онҳо шуд ва гуфтанд, ки «ин фурӯғи эзадӣ аст, агар ҳар кӣ бихрад аст, онро бояд парастид». Шаб омад, он оташро чун кӯҳ барафрӯхтанд. Ҳушангшоҳ дар гирди он бо ҳамон гурӯҳи худ як ҷашни бузурге барпо намуду хушҳолӣ ва боданӯшӣ кард. Аз он замон номи он ҷашни фархундаро Сада номиданд. Ин буд, ки аз Ҳушанг ҷашни Сада ба ёдгор боқӣ монд».
Дар устураи «Адади фарзандони Одам» низ доир ба таърихи ҷашни Сада ишора рафтааст: «Мегӯянд Каюмарс, яъне Одам, ки нахустин инсон буд, сад фарзанд дошт. Панҷоҳ нафари онҳо аз ҷинси зан ва панҷоҳи дигар аз ҷинси мард. Замоне, ки онҳо ба балоғат расиданд он рӯзро ҷашн гирифтанд ва ҳамаи онҳоро соҳиби хонаву ҷой карданд. Сипас шоҳ фармуд, ки оташи бисёр афрӯзанд ва ҷашн гиранд. Аз ин рӯ, он ҷашнро Сада меноманд». Ба ин устура дар «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот», «Луғатномаи Деҳхудо» ва манобеи дигар низ ишорат шудааст.
Дар устураи «Шаби пирӯзӣ бар Заҳҳок» низ доир ба пайдоиши ҷашни Сада ахбор омада, дар ин ҷо асосгузори Сада Фаридун муаррифӣ шудааст. Ин устура низ хеле машҳур аст. Дар сарчашмаҳои гуногун дида мешавад. Аз ҷумла, Берунӣ ин матлабро ҳам дар «Аттафҳим» ва ҳам бахусус, дар китоби худ «Осор-ул-боқия» муфассалтар баён менамояд: «Ва эрониён пас аз он, ки кабс аз моҳҳои эшон бартараф шуд, дар ин вақт мунтазир буданд, ки сармо аз эшон бартараф шавад ва давраи он бекор гардад, зеро эшон оғози зимистонро аз панҷ рӯз, ки аз обонмоҳ бигузарад, мешумурданд. Ва охири зимистон даҳ рӯз, ки аз баҳманмоҳ мегузашт, мешумурданд. Ва аҳли Караҷ ин шабро – «шаби газана» мегӯянд, яъне, шабе, ки дар он газидан зиёд аст. Ва мақсудашон ин аст, ки сармо шахсро дар ин шаб «мегазад». Гуфтаанд: сабаб ин ки дар ин шаб оташ бардошта мешавад, ин аст, ки чун Заҳҳок қарор гузошта буд, ҳар рӯз ду нафар биёваранд ва барои море, ки ба дӯши ӯ буд, димоғи онҳоро ғизо қарор диҳанд. Ва шахсе, ки муваккал ба ин кор буд, пас аз омадани Заҳҳок ба Эрон, Измоил ном дошт. Ва ин шахси муваккал яке аз ин дуро озод мекард ва тӯшае мебахшиду ӯро амр мекард, ки ба қисми ғарбии кӯҳи Дамованд сокин шавад. Ва дар он ҷо бираваду барои худ хонае бисозад. Ва дар ивази ин шахси озодшуда ба ду мори сари китфи Заҳҳок димоғи қӯчқоре мехӯронид. Ва ин димоғро бо димоғи як нафари дигар, ки кушта мешуд, махлут мекард. Ва чун Фаридун Заҳҳокро гирифт, Измоилро ҳозир кард ва хост, ки ӯро «подош бахшад». Измоил ашхосеро, ки аз қатл боздошта буд, Фаридунро хабардор кард. Ва як расул аз Фаридун хост, ки ба кӯҳи Дамованд биравад, ки то ҳақиқати масъаларо ба Фаридун бирасонад. Ва чун Измоил ба кӯҳи Дамованд расид, озодшудагонро амр кард, ки бар пушти бомҳои худ ҳар як оташе биафрӯзанд, то шумораи эшон зиёд ба назар ояд. Ва ин воқеа дар шаби даҳуми баҳманмоҳ буд. Ва фиристодаи Фаридун гуфт: «Чи қадар хонаводаҳо, ки ту озод кардӣ! Фиристода аз он ҷо баргашту Фаридунро аз он чӣ дида буд, хабардор кард. Ва Фаридун аз шунидани ин воқеа хеле масрур шуд ва худи ӯ ба кӯҳи Дамованд рафту озодшудагонро дид. Сипас Измоилро ҷузви наздикони худ гардонид. Ва Дамовандро тобеи ӯ кард ва ӯро ба тахте заррин нишонид. Ва номашро Масмағон гузошт». (Берунӣ. Осар - ул - боқия. Душанбе: Ирфон, 1990, с.250-251).
Чунин устураҳо ва ривоятҳо дар бораи ин ё он воқеа ва ҳодисаи замони бостон, то рӯзгори мо дар шаклҳои мухталиф расидааст. Ҳамаи ин устураҳоро баъдҳо ховаршиноси машҳури даниягӣ Артур Кристенсен мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Вай дар доираи таъкиди олимони шинохтае мисли В.Маннҳардт, Э.Вестермарк ва Е.Монгк ва Фрэзер доир ба масъалаи ҷашни оташ ва муқаддас донистани он изҳори назар менамояд. Ба гуфтаи эшон дар бораи ҷашни оташ дар байни пажӯҳандагон солҳо ду ақида идома дошт. Яке ин буд, ки оташ тамоми неруи зиёноварро бо афсуну ҷоду месӯзонад ва дигаре, ин, ки неруи бештар ба Хуршед мебахшад, яъне, оташ тақлиде аз Хуршед аст. Баъдҳо Фрэзер бо далелҳои илмӣ собит менамояд, ки оташ тақлиде аз Хуршед будааст. А.Кристенсен вориди ин баҳсҳо шуда, ишорат бар он менамояд, ки он ба кишварҳои аврупоӣ, ки дар он ҷо сармо бештар аст, дуруст аст. Вале барои сарзаминҳое ба мисли Эрон, ки обу ҳавои муносиб ва тобистонҳои гарм доранд, ҳосили замин пеш аз ҳама ба Хуршед ва борон вобаста аст. Дар ин кишвар эҳсоси камбуди Хуршед нест. Аз ин рӯ, дар ин кишвар неруи поксозии оташ эҳтимолан танҳо ангезаи ҷашни оташ аст. Ба гуфтаи Маннҳардт оташ василаи поксозии ибтидоӣ ва аз ин ҷиҳат муассиртар аз об аст. Ҷашни Сада чанд ҳафта пеш аз расидани баҳору Наврӯз аст, ки эронитаборон ба ин муносибат дар кӯҳҳо, марғзорҳо оташ меафрӯзанд, то мазореъ ва чарогоҳҳоро барои тобистон пок созанд. Рӯиши фаровони гиёҳҳо ва беҳрӯзии одамиён ва ҳайвонотро таъмин намоянд. А.Кристенсен ба таври муфассал ҷашҳои оташеро, ки дар Эрони бостон будааст ва то имрӯз нишонаҳои он дар байни мардум аст, мавриди баррасӣ қарор дода, ба чунин натиҷа мерасад, ки ҷашнҳои гуногун вуҷуд дошта, яке ба дигар пайванд будааст (ниг.: Кристенсен А. Нахустин инсон ва нахустин шаҳриёр. Теҳрон, 1377, с.212-225).
Аммо дар ин ҷо боз ба андешаи устурашиноси номдор Меҳрдоди Баҳор бармегардем, ки эшон ба таври мушаххас назари худро дар мусоҳибаҳои худ гуфтааст. Ба гуфтаи эшон ҷашни Сада марбути зардуштиён нест, вале онҳо ҳоло таҷлил менамоянд. Муддате дини зардуштӣ ҷашни Меҳргон ва Наврӯзро мепазирад, вале иди Садаро, ки чун ҷодуӣ менигоштанд, вориди дин накарда буданд (ниг.: Баҳор М. Аз устура то таърих. Теҳрон, 1381, с.353).
Тавре ки дар аввал ёдовар шудем, ҷашни Сада ин вобаста ба Хуршед аст. Барои дуруст баён намудани матлаб ба як нуктаи дигар равшанӣ бояд андохт. Ин он аст, ки баъзеҳо Хуршед ва Меҳрро яке медонанд, ки ин тавр ҳам нест. Меҳр ё Митро (ба авестоӣ «Мисра», паҳлавӣ «Митр») маънои зиёд дорад. Аз ҷумла, аҳд, паймон, муҳаббат, Хуршед, ҳафтумин моҳи сол, рӯзи шонздаҳуми ҳар моҳи шамсӣ ва ғ.. Меҳр фариштаи аҳду мисоқу фурӯғ дар Эрони Бостон буд ва ӯро фариштаи меҳру дӯстию аҳду паймон ва мазҳари фурӯғу рӯшноӣ мепиндоштанд. Ба ақидаи Ёҳақӣ «Меҳр эзадест, дорои ҳазор чашм ва ду ҳазор гӯш ва даҳ ҳазор посбон…» (Ниг.: Ёҳақӣ М. Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ / Таҳия ва шарҳу тавзеҳот ва талҳиқоти Р.Ваҳҳоб. Душанбе, 2014, с.319).
Дар солҳои охир пажӯҳандагон бидуни андеша шаби ялдоро (шаби чилларо, 21-22 декабр), ки дарозтарин шаб аст, таваллуди Меҳр медонанд. Аз иттилои боло маълум шуд, ки Меҳр маъниҳои зиёд дорад. Пас фаромӯш набояд кард, ки шаби чилла ё ялдо ин таваллуди фақат Хуршеди воқеӣ аст. Калиди дақиқ намудани ҷашни Сада низ дар ҳамин ҷост. Яъне, шаби ялдо ин шаби таваллуди Хуршед аст, на Меҳр. Ба гуфтаи Меҳрдоди Баҳор ҷашни Сада ин чиллаи Хуршед аст.
М. Баҳор дар ин бора гуфтааст: «Ҷашни Садаро нигоҳ кунед, ки дар даҳуми баҳман (29-30 январ) аст. Хуршед бино ба эътиқодоти куҳан шаби дайҷури (торики) ваҳшатнок поёни озармоҳ ва аввали дай (21-22 декабр), байни поиз ва зимистон, баландтарин шаби сол аст, ки ин шаби зоида шудани Хуршед аст. Дар ин дарозтарин шаб, Хуршед саранҷом зода мешавад. Хуршеде, ки дар поёни поиз мурда буд, дар зимистон бача аст, дар баҳор навҷавон аст, дар авҷи тобистон дар авҷи қудрат аст. Дар поиз пир мешавад, дар поёни поиз мемирад ва Хуршеде, ки дубора аз аввали дай меояд, як Хуршеди тоза аст, як навзод аст…» (Баҳор М. Аз устура то таърих. Теҳрон, 1381, с.304).
Дар Авесто бахши махсусе ба номи «Хуршед-яшт» аст, ки аз хондани он метавон бовар кард, ки Сада дар воқеъ ҷашни Хуршед аст ва онро бояд таҷлил намуд. Аз ҷумла, дар Авесто омадааст: «Ҳангоме ки Хуршед барояд, замини аҳураофарида пок шавад; оби равон пок шавад; оби чашмасорон пок шавад; оби дарё пок шавад: оби истода пок шавад; офариниши Аша, ки они Спандменуст – пок шавад» (Авесто. Душанбе, 2000, с.233).
Меҳрдоди Баҳор, ки донишманди устурашиноси дақиқназар аст, дар асоси мутолиаи устураҳои ҷашнҳои оташи кишварҳои гуногуни олам ва осори устурашиносон ба чунин натиҷа расид, ки Сада ин дар воқеъ, ҷашни чиллаи Хуршед аст. Маҳз тавассути гулхани оташ, ки намоди Хуршед аст, аз гузаштаҳои дур то имрӯз ниёгони мо ин бузургтарин ва нодиртарин падидаи табииро бо эътиқод, афсуну ҷоду ҷашн мегирифтанд. Ин кӯдаки хурдсолро, ки номаш Хуршед аст бо оташи Сада гарм мекарданд. М.Баҳор ин нуктаро ба таври зерин шарҳ додааст: «Бо ин оташбозиҳо, ки дарвоқеъ ҷодуи гарм шудани Хуршед аст, ин бачаро ташвиқ ба рушд ва гарм шудан мекунем, ба ӯ энержӣ ва ёрӣ медиҳем, ки қавитар бишавад. Дар маросими марбут ба таваллуд то чиҳил рӯз бачаро маъмулан дар хона нигоҳ медоранд ва ба касе нишон намедиҳанд. Дар рӯзи чиҳилум аст, ки бачаро дигар ба ҳама нишон медиҳанд, аз хона берун мебаранд. Мо дар чиҳилум, аз аввали даймоҳ, яъне, даҳуми баҳман (29-30 январ) ҷашни Сада мегирем. Дарвоқеъ Хуршед дар ин рӯз чиҳилрӯза шуда. Дар осори қадим, ба думи парандаҳо ҷорӯи кӯчаке мебастанд ва думи парандаҳоро оташ мезаданд ва ба ҳаво парвоз медоданд. Гӯё ҳазорҳо Хуршед дар осмон мепарид дар шаб. Кӯҳаи оташ дуруст мекарданд, ба гирдаш мерақсиданд. Ин кӯҳаи оташ намоди Хуршед аст. Ин парандаҳое, ки дар фазо ҳастанд, хуршедаконе дар фазо ҳастанд, ки дарвоқеъ ҷодуӣ оташ будааст. Ҷодуи гарм кардани Хуршед ба муносибати чиҳилумин рӯзи таваллуди Хуршед. Хуршед мазҳари баракат барои инсон аст. Ҳаёти мо ба Хуршед вобаста аст. Пас куллияи ҷашнҳои хуршедӣ масъалаи баракатбахшро ба наҳве ба худаш дорад» (Баҳор М. Аз устура то таърих. Теҳрон, 1381, с.305).
Ҷашни Сада дар тӯли таърих ташаккул ёфта, ба таълимоти мазҳабиву миллӣ пайванд гардида, байни халқ маҳбубият карда будааст. Дар замони Сомониён ин ҷашн роиҷ буда, пасон дар замони Ғазнавиён низ машҳур будааст. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ низ ин ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил менамудааст. Доир ба он Абулфазли Байҳақӣ чунин маълумот овардааст: «Ва рӯзи чаҳоршанбе ҳафтдаҳуми (моҳи) сафар пас аз бор хилвате кард, амир бо вазир ва соҳибдевонони рисолат ва авлиё ва ҳашам ва Хоҷа Ҳусайни Микоил низ он ҷо буд ва рой заданд дар маънии ҳаракат ва қарор гирифт бад - он, ки сӯи Марв рафта ояд ва бар ин боз пароганданд. Ва Хоҷа Ҳусайни Вакил шуғл бисохт ва бистуми ин моҳ сӯи Марв бирафт, то мисол диҳад улуфот ба тамомӣ сохтан чунон ки ҳеч бенавое набошад чун раияти Мансур он ҷо расад. Ва, пас аз рафтани ӯ то се рӯз амир фармуд, то сарои парда бар роҳи Марв бизаданд бар се фарсангии лашкаргоҳ. Ва, Сада наздик буд, уштурони султониро ва аз он ҳамаи лашкар ба саҳро бурданд ва газ кашидан гирифтанд, то Сада карда ояд ва пас аз он ҳаракат карда ояд. Ва газ меоварданд ва дар саҳрое, ки ҷӯйи оби бузург буд, бар он шараф (баландӣ, муртафеъ) меафганданд, то ба болои қалъате баромад. Ва чаҳортоқҳо бисохтанд аз чӯби сахт баланд ва онро ба газ биёганданд. Ва гази дигар, ки сахт бисёр буд, болои кӯҳе баромад бузург. Ва аллаи (уқоби) бисёр ва кабӯтар ва он чӣ расм аст аз дороти ин шаб ба даст карданд» (ниг.: Байҳақӣ, Муҳаммад Ҳусайн. Таърихи Байҳақӣ / Муқаддима, тасҳеҳ, таълиқот, тавзеҳот ва феҳрастҳо: Муҳаммад Ҷаъфар Ёҳақӣ, Меҳдии Саййидӣ. Ҷ.1. Теҳрон: Сухан, 1388, с.437 - 438).
Тибқи ишорати Байҳақӣ дар он рӯзгорон ҷашни Сада аз ҷониби ҳукумати замон бошукӯҳ баргузор мешудааст. Аз ҷумла, Байҳақӣ дар ин бора чунин ишорат намудааст: «Ва Сада фароз омад, нахуст шаб амир бар он лаби ҷӯйи об, ки шароъйе зада буданд, биншаст ва надимон ва мутрибон биёмаданд ва оташ ба ҳезум заданд – ва пас аз он шунидам, ки қариби даҳ фарсанг фурӯғи он оташ бидида буданд – ва кабӯтарони нафтандуд бигзоштанд ва дадгон ба қорондуд ва оташ зада давидан гирифтанд ва чунон Садае буд, ки дигар он чунон надидам ва он ба хуррамӣ ба поён омад» (Байҳақӣ, с.438).
Аз худи ин ишораҳо маълум аст, ки ин ҷашнро мардум бо тарзи гуногун таҷлил намуда, шоҳон низ ба он ҳамроҳ шуда, дар базмгоҳҳо ва макони баргузории ҷашни Сада иштирок карда, шодию хурсандӣ мекардаанд ва ба ҳамдигар таманнои хушҳоливу хушсолиро орзу менамудаанд.
Тавре ки ховаршиноси машҳур Е. Э. Бертелс дар як мақолаи худ таҳти унвони «Праздник джашн - и Саде в персидско - таджикой поэзии» (Э.Бертельс. Избранные труды. М., 1988, с. 302-313) навиштааст, шоирони дарбори Ғазнавиён ҷашни Садаро ситоиш намудаанд. Ба гуфтаи ӯ Унсурӣ дар қасидае ба таври муфассал аз ҷашни Сада ёдовар мешавад, онро ёдгор аз Фаридуну Ҷамшед медонад ва тарзи баргузор шудани онро ба таври зерин тасвир менамояд:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.
Замин имшаб ту гӯӣ, кӯҳи Тур аст,
К-аз ӯ нури таҷаллӣ ошкор аст.
Гар ин рӯз аст, шаб хондаш набояд,
Ва гар шаб рӯз шуд, хуш рӯзгор аст.
Ҳамоно, к-ин диёр андар биҳишт аст,
Ки бас пурнуру рӯҳонӣ диёр аст.
Фалакро бо замин анбозие ҳаст,
Ки расми ҳар ду тан дар як шумор аст.
Гаҳе сарви баланд асту гаҳе боз,
Ақиқин гунбади зарриннигор аст.
Ар эдун гар ба сурати рӯшан омад,
Чаро тиравашу ҳамранги қор аст?
Гар аз фасли замистон аст Баҳман,
Чаро имшаб ҷаҳон чун лолазор аст?
Ба лола монад он, лекин на лоласт,
Шарори оташи Намруду нор аст.
Ҳаме мар мавҷи дарёро бисӯзад,
Бад-он монад, ки хашми шаҳриёр аст.

Аммо ҳамин Унсурӣ шояд таҳти таъсири дигарон қарор гирифтааст, ки дар қасидаи дигараш ҷашни Садаро сарзаниш менамояд. Баръакс, сиёсати Маҳмудро дар муқоиса бо оташи Сада баландтар донистааст:
Худойгоно, гуфтам, ки таҳният гӯям,
Ба ҷашни деҳқоноин ба зинати Баҳман,
Ки андар ӯ бифрӯзанд мардумон маҷлис,
Ба гавҳаре, ки бувад сангу оҳанаш маъдан…
Чунин ки дидам, оини ту қавитар буд,
Ба давлат андар з-оини Хусраву Баҳман.
Ту марди диниву ин расм расми габргон аст,
Раво надорӣ бар расми габргон рафтан.
Ҷаҳониён ба расми ту таҳният гӯянд,
Туро ба расми каён таҳният нагӯям ман.
На оташ аст Сада, балки оташ оташи туст,
Ки як забона ба тозӣ занад, яке ба Хутан.

Дар ин бора А.Абдуллоев чунин гуфт: «Унсур ҷашни Садаро «расми габрон» номида, расми нави Маҳмудро, ки ба дини ислом асос ёфтааст, қавиву пурзӯр ҳисобидааст. Вай ишора кардааст, ки бо расми шоҳони гузаштаи бостонӣ Маҳмудро таҳният нахоҳад гуфт, баръакс расми нави ӯ лоиқи таҳсину офарин аст; оташи Сада дар назди оташи сиёсати Маҳмуд, ки як забонааш ба арабу дигараш ба Хутан аст, ҳеҷ аст. Унсурӣ барои дастгирии сиёсати Маҳмуд ошкоро Садаро, ҷашнеро, ки пештар худаш тавсиф намудааст, нораво ҳисобидааст ва ба ҷояш расму суннати динии маҳмудиро тарғиб намудааст» (Абдуллоев. Адабиёти форсу тоҷик дар нимаи аввали асри ХI. Душанбе, 1979, с.127).
Ҳарчанд дар ҳар давру замон зидди оинҳои бостонии ниёгони мо, ки пайвандгари инсон ва табиат мебошанд, шахсоне мубориза мебурданд ва мехостанд, ки ин ҷашнҳои бостонӣ: Наврӯз, Меҳргон, Сада таҷлил нагардад, вале боз ҳам мардум онҳоро аз ҳама балоҳо наҷот дода, то рӯзгори мо оварданд.
Хушбахтона, Сада дар ашъори шоирони дигари садаи ёздаҳ зиёд тавсиф шудааст. Онҳо Садаро ситоиш намуда, дар бораи ин ҷашн ва арзиши он назари хешро ифода намудаанд. Аз ҳама муҳим дар адабиёти садаи ёздаҳ ҷашни Сада, махсусан дар шеър, ба сифати талмеҳ корбарӣ шуда, ҳамчун як ҷузъи устураи мансухӣ ҳифз шудааст, ки аз бузургии ин ҷашн ва қадимияти он далолат мекунад. Чунончи Фаррухӣ мегӯяд:
Равшанӣ дар осмон з-ин оташи ҷашни Садаст,
К-аз сарои хоҷа бо гардун ҳаме ҳамсар шавад.

Ба ин маънӣ дар байти дигар аз Сада ҳамчун талмеҳи мансухӣ истифода карда, чӣ гуна дар шаб оташ афрӯхтан ва тавассути он аз ҳама кирдорҳои зишт тоза шуданро ёд намуда, тавассути хотираи таърихӣ аз ин ҷашни ниёкон ёд мекунад ва мегӯяд:
Шаби Сада аст яке оташи баландафрӯз,
Ҳақ аст мар Садаро бар ту ҳақ он бигзор.

Дар ин бора Манучеҳрӣ низ изҳори назар карда, ба тариқи руҷӯъ аз ҷашни Сада ёд мекунад ва хеле самимона аз омадани ҷашни Сада дарак медиҳад:
Омад, ай саиди аҳрор, шаби ҷашни Сада,
Шаби ҷашни Садаро ҳурмат бисёр бувад.

Манучеҳрӣ дар назди амир ҷашни Садаро ситоиш намуда, «ойини Каюмарс ва Сифандиёр» гуфтааст:
Чашни Сада, амиро, расми кибор бошад,
Ин ойини Каюмарс ва-Сфандиёр бошад.

Дар бораи он, ки то омадани Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва аз ин пеш ҷашни Сада аст, Манучеҳрӣ ишораи ниҳоят латиф дошта, аз таърихи пайдоиши Сада чунин маълумот додааст:
Ва инак,  биёмада аст ба панҷоҳ рӯз пеш
Ҷашни Сада -  талояи Наврӯзи навбаҳор.

Шоирони пасин низ аз ин талмеҳи мансухии ҷашни Сада фаровон истифода карда, бори дигар ишора менамоянд, ки ин ҷашн дар миёни халқ ҷойгоҳи хос дошт ва боиси ифтихори аҳли адаб низ мебошад. Масалан, Манучеҳрӣ дар як қитъаи худ дар бораи ҷашни Сада гуфтааст:
Омад, эй сайиди аҳрор, шаби ҷашни Сада,
Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.
Барафрӯз Оташбарзин, ки дар ин фасл басо
Озарибарзин пайғамбари озор бувад.
Оташе бояд чунон, ки фурӯзад аламаш,
Бартар аз доираи гунбади даввор бувад.
Чун зи гардун бар ин силсилаи зарандуд,
Қурси хуршед фурӯ хуфта нагунсор бувад.
Оташу дуд чу дунболи яке товус,
Ки барандӯда ба тарфи думи ӯ кор бувад.
В-он шараф, гӯӣ, товус ба гирди думи хеш,
Лӯълӯе хурд фитолида ба минқор бувад.
Чун яке хаймаи марҷон зи бараш нофаи мушк,
Ки суманбарг бар он нофаи аттор бувад.
Ё чу заррин шаҷаре даршуда атрофи шаҷар,
Ки бар ӯ бар шамар аз лӯълӯи шаҳвор бувад.
Боғбон ин шаҷар аз ҷой биҷунбонад сахт,
То фурӯ барад боре, ки бар ашҷор бувад.
Май хӯр, эй сайиди аҳрор, бар ин ҷашни Сада
Бода хӯрдан, бале, аз одати аҳрор бувад 
(Манучеҳрӣ. Мунтахабот / Ҷобул Додалишев. Душанбе: Дониш, 1974 ,с.73).

Дар ин қитъа Манучеҳрӣ доир ба сифати ҷашни Сада эътибор дода, баргузории онро дар замонаш хеле хуб тасвир кардааст ва ин бори дигар далолат аз он мекунад, ки ҷашни Сада маҳсули тахайюли гузаштагони мо ҳаст ва асрҳо идома ёфта, дар миёни мардум маҳбубияти махсус доштааст.
Дар ғазали Хоқонӣ талмеҳи сада оҳанги ғиноӣ гирифта, ба ҳолати рӯҳии ошиқ пайваст шудааст ва эҳсоси ҳолати вай бо ин таъбир самимӣ ифода гардидааст:
Он шаб, ки шаби Сада буд дар кӯят,
Оташи дили ман боду чалипо мӯят    (Хоқонӣ).

Садаро ниёгони пеш аз ориёии тоҷикон ҷашн мегирифтанд. Баъдҳо он вориди зиндагии қавмҳои гуногуни ориёӣ: ҳам эрониён ва ҳам тӯрониён гардид. Аз сабаби он ки барои зардуштиён Хуршед, оташ, рӯшноӣ муқаддас буд, Сада вориди рӯзгори онҳо гардид. Бояд ёдовар шуд, ки ҷашни Сада имрӯзҳо низ дар байни зардуштиёни Эрон ва кишварҳои гуногуни ҷаҳон фаромӯш нашудааст. Тавре ки пажӯҳандагон, аз ҷумла Содиқи Ҳидоят ишора намудааст, дар замони  шоҳ, бо номи «садасӯзӣ» дар Кирмон ҷашни муфассале баргузор мешавад. Ба гуфтаи эшон дар Кирмон панҷоҳ рӯз пеш аз Наврӯз хирвори бутта ва ҳезумро дар маҳали Боғчабудоғобод гирд меоварданд. Дар ин ҳамоиш мубади мубадон, аъёни шаҳр ва ҳатто меҳмонони хориҷӣ даъват мешуданд. Дар хони ин маҳфил шароб, ширинӣ ва меваҳо чида мешуд. Дар аввали ғуруби офтоб ду нафар мубад оташро меафрӯзад ва суруди махсус мехонд. Ҳангоме ки оташ шуъла мезад, ҳама меҳмонон, ки беш чанд ҳазор нафар мешуданд, бо фарёдҳои шодӣ даври оташ мегаштанд ва ин таронаро мехонданд:
Сади саде, сӣ бе гале,
Панҷоҳ ба Наврӯз, ҳо, бале
(С.Ҳидоят. Фарҳанги омиёнаи мардуми Эрон. 1379, с.120-121).
Баъдҳо низ ин ҷашн идома ёфта, то аввали садаи ХХ ҷойгоҳи хос доштааст. Вале, дар давоми қариб як аср агар он ба таври расмӣ ҳамчун оини хурофотӣ эълон шуда бошад ҳам, он аз хотираи мардум берун нарафта, дар музофот ва ҷойҳои алоҳида ҳамчун ҷузъи маросими мардумӣ шинохта мешуд ва таҷлил мегардид. Нишонаҳои эҳтиром ба оташ ва боварҳое ба ҷашни Сада дар миёни мардум зинда буданд ва бо шаклҳои гуногун муаррифӣ мешуданд, ки қисме аз он дар рӯзгори мардуми мо дар шакли нақлҳои устураӣ, боварҳо ба оташ, алавгардонӣ, мақолу зарбулмасал, таъбир ва оини халқӣ пойбарҷост. Масалан, чанде пеш агар оташи оташдони хонаводае хомӯш шавад, ин фоли бад буд. То имрӯз дар миёни мардуми тоҷик нишонаҳое аз муқаддас будани оташ дар шакли таъбир ва мақол боқӣ мондааст. Чунончи: «Алави хонаат хомӯш нашавад», «Худоё, чироғи хонаат ҳамеша даргирон бошад» (фарзандталабӣ, ба - хусус барои писар), «Худоё, ҳич кас бечироғ нашавад» (беписар набошад), «Вай бечора бечироғ аст» (беписар аст), «Чунон бачаи зӯр буд, ки алав барин дар мегирифт», «Бачаи фалонӣ чун оташ аст», «Алав барин гарде!» (мисли оташ боше!) ва амсоли ин.
Ҳамчунон, ба сифати қасам дар байни халқ таъбирҳои зиёд роиҷ аст, ки ба оини оташ ва ҷашни Сада мансубият доранд. Масалан, «Алав занад, ки…», «Ба оташ сӯзам ки…», «Агар ҳамин кора ман карда бошам, илоҳӣ мисли чӯб дар оташ дар гирам…». Ҳатто чунин нафрин мекунанд: «Илоҳӣ, бечироғ шав!» (беписар шав). Яъне, оташ ҳамон рамзи ҷодуву афсунии худро низ то имрӯз аз даст надодааст. Ҳатто ҳангоми баъзе бемориҳо алавгардон мекунанд, то ки неруҳои зараровар аз бадани бемор берун равад.
Ҳоло ҳам ҳангоми ҷашни арӯсӣ дар Бухоро, Самарқанд, Бадахшон, Хатлон, ноҳияҳои Суғд ва баъзе ҷойҳои водии Ҳисор арӯсро аз гирди оташ гирд гардондан, шамъ равшан намудан ва ё дар байни тамоми тоҷикон пас аз марг се рӯз чароғи хонаро хомӯш накардан ба назар мерасанд, ки онҳо аз оини гузаштаи мо сарчашма гирифтаанд.
То солҳои 70 - и садаи ХХ дар баъзе деҳоти кӯҳистони Тоҷикистон ва дар байни тоҷикони Осиёи Миёна мушоҳида мешуд, ки дар айни авҷи зимистон, барои нек омадани соли оянда ва зуд расидани баҳор, гурӯҳе аз одамон ба дашту саҳро, ё дар байни боғи худ, хору хасу буттаву чӯбҳои хушки дарахтонро ҷамъ оварда, оташ афрӯхта, шодмонӣ менамуданд. Наврасону ҷавонон дар гирди ин оташ бозиву шӯхӣ ва ҳунарнамоӣ менамуданд. Ин ҳамон нишонаи ҷашни Сада аст, ки мардум онро бо эътиқод ба гузашта то замони мо овардаанд.
Чанд даҳсола пеш тӯйи хатна бештар дар фасли зимистон баргузор мешуд. Шахсони доро дар тӯйи хатнаи писари худ ҳатман мусобиқаи гӯштигирӣ ва бузкаширо барпо менамуданд. Дар майдони гӯштигирӣ ва бузкашӣ, пеш аз оғози он, ба харҳо ҳезум бор карда мебурданду аввал гулхане афрӯхта, чанд лаҳза дар гирди он хурсандӣ мекарданд, баъд мусобиқаро оғоз менамуданд. Мо мушоҳида кардаем, то он даме, ки гулхан наафрӯзанд, пирмардони суннатгарои таҷрибакор ба шурӯи мусобиқа иҷозат намедоданд. Ин оин ҳоло ҳам дар зеҳни пирамардоне боқӣ мондааст, ки ин ҳам ҳамон нишонае аз ҷашни Сада аст.
Аз ин ишораҳо маълум мешавад, ки дар хотираи фарҳанги халқи тоҷик ҷашни Сада мақоме мисли ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дорад ва месазад, ки он дар сатҳи ҷумҳурӣ таҷлил карда шавад.
Хуб мешуд, ки дар вақти маросими ҷашни Сада суннатҳои ин ҷашни мардумӣ риоя карда шаванд, ки қисме аз онҳо ба замони мо низ мувофиқ меоянд. Аз ҷумла, мардум метавонанд дар ҳамин рӯз, ба хотири ҷашни Сада бо ҳам биёянд, базм ороянд, хурсандӣ карда, дар боғҳои истироҳатӣ чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил намоянд. Инчунин, намоиши фурӯши ниҳолу дарахтон ва гулу гулбуттаҳоро ташкил карда, мардумро ба дарахтшинонӣ ва гулшинонӣ даъват созанд. Ба калонсолон, пиронсолон, ятимону барҷомондагон кумак расонида, ба аёдати беморон бароянд ва онҳоро дилбардорӣ кунанд. Дастархони хоксоронаи идона оро дода, дар он меваҷот гузоранд ва шукрона аз сулҳу субот намоянд. Ба хонаи ҳамсоягони худ ба қадри имкони худ ҳадя фиристанд, агар он ниҳол ва ё дарахт бошад, боз беҳтар. Дар назди ҳавлӣ ва хонаҳои худ дарахту гул шинонанд, ба тоза кардани дарахтон машғул шаванд, боғҳои худро тоза намоянд, рамзан гулхан гиронда, ҳамаи кудуратҳо, ифлосиҳо ва партовҳоро сӯзонанд ва ҷӯйу заҳбурҳоро тоза карда, дар қади роҳҳо дарахт шинонанд. Бо ҳамдигар бо меҳр салом диҳанд, хурдсолон ва наврасонро ба меҳнат кардан ҷалб намоянд ва аз ҳавлӣ ва хонаҳо чизҳои нодаркор, партовҳоро берун карда, ба тоза кардани онҳо машғул шаванд. Бегоҳ либоси тоза ба бар карда, зиёфати хонаводагӣ ва ё суфраи ҷашни Сада оро диҳанд. Хуб мешуд, ки дар ин суфра падару модар, хоҳару бародар, хешу таборони наздик бо ҳам ҷамъ оянд, аввал дар боби дӯстию рафоқат, одаму одамгарӣ, хайру саховат, эҳтироми якдигар суҳбат ороста, зиёфат хӯрда, хурсандӣ ва базму бозӣ намоянд. Якдигарро табрик карданро фаромӯш накунанд. Аз меваҳои барои зимистон нигоҳдошта ширинӣ ва шарбат тайёр карда, дар хони идона гузоранд, боз беҳтар.
 Ин иддае аз суннатҳои ҷашни Сада мебошад, ки ниёкони мо онҳоро иҷро мекарданд ва хушиву хурсандӣ намуда, ҷашни Садаро таҷлил мекарданд ва барои омадани Наврӯз орзую ниятҳои худро ифода менамуданд.
Метавон ёдовар шуд, ки имрӯзҳо дар кишварҳои гуногуни олам, дар он шаҳрҳое, ки тоҷикон ва форсизабонон, курдҳо, паштунҳо, баллуҷҳо ва дигар мардуми эронитабор зиндагонӣ менамоянд, Садаро ҷашн мегиранд. Дар тарабхонаҳо ба ифтихори ҷашни Сада базми ҷамшедӣ барпо менамоянд.
Вобаста ба ин, Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми таҷлили ҷашни Меҳргон таъкид намуда буданд, ки: «Ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад».
Ҳоло аз баракати Истиқлолияти кишвари азизамон ҷашни Сада эҳё гардид. Акнун ҳамон шукӯҳи бостонии онро бояд барқарор кард. Дар оянда баробари фурӯ рафтани офтоб гулхани азиме афрӯхта шавад. Дар гирди ин гулхан корвони шодмонии Сада барпо шавад. Доирадастон, сурнайнавозон, карнайнавозон, ҳунармандон, масхарабозон, дорбозон, аскиячиҳо, раққосон, аспакбозҳо, паҳлавонон, ҳар касе, ки ҳунаре барои намоиш додан дорад, ҳамроҳ гардад.
Дар ҷашни Сада низ созҳои миллӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, маҳорати пазандагони моҳир, навъҳои таомҳои суннатӣ, порчаҳои атласу адрасбофӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, заргарӣ, либосҳои миллии зимистонӣ, намоиши расму оинҳои мардумӣ, рақсу сурудҳо ба маърази тамошо гузошта шавад. То бо ин шодмонию хурсандӣ зимистони сарди афсунгарро гусел намуда, барои бештар ҷаҳонро мунаввар намудани Хуршеди баҳорофар мадад намоем.
Хуб мешуд, ки дар гирди ҷашни Сада арӯсакҳое чун рамзи Хуршеди тобон таҳия гардад; рамзи бобои деҳқон, ки интизори баҳору Наврӯз аст, намоиш дода шавад. Ҳангоми ҷашни Сада ҳамчун рамзи зимистони сарду ҷодугар тимсоли пиразани аҷуза сохта, бо чеҳраи масхараомези хандадор барои тамошобинон пешкаш гардад.
Садаро бояд чунин пешвоз гирифт, ки мардум гӯё ҳама ба истиқболи Хуршеди оламтоб мераванд. Тибқи суннати ниёгон даст ба сӯи Хуршед бурда, ниёиш карда, дар ин рӯзҳои сарди ҷодуовар, аз ин оташи гарми Наврӯзовар барои беҳбуд шудани рӯзгори ояндаи бахтовар мададгор шаванд.
Умед дорем, ки ҷашни Сада низ ба сифати як ҷашни миллию мардумӣ на танҳо барои дилхушиву зиёфат баргузор мешавад, балки мададгори кишоварзон шуда, барои рушди боғдориву токпарварӣ, гулкорию гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ ва дар маҷмӯъ, ободкорӣ мусоидат менамояд ва минбаъд боз ҳам густариш меёбад. Дар ҳақиқат, ҷашни Сада, ба мисли ҷашни Меҳргону Наврӯз ҷашни кишоварзон мебошад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа аз он дастгирӣ менамоянд ва маросимҳои онро риоя карда, аз баргузориаш изҳори шодмонӣ месозанд.
Ҳамчунин, бо умеду орзуҳои нек ёдовар мешавем, ки минбаъд суннатҳои ин ҷашн ба таври васеъ омӯхта шуда, таҷлили он дар саросари мамлакат ба ҳукми анъана медарояд ва тамоми сокинони кишвар онро дар рӯҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ таҷлил менамоянд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки боз ҳам ҳувияти миллӣ қавитар гардад ва насли имрӯза аз анъанаҳои ниёкони худ бештар бархӯрдор шаванд.
Ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни Сада – ҷашни Хуршед муборак бошад!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.01.2017    №: 22-23    Мутолиа карданд: 2725

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед