logo

иҷтимоиёт

ГУНБАЗ. СОХТАНИ ОН ДАР БОЛОИ ҚАБРҲО ҶОИЗ НЕСТ!

Дар аксари қабристонҳои кишвар, хусусан дар қабристони Сари Осиёи шаҳри Душанбе ба ғайр аз он, ки дар санги мазор ному акси мадфуншударо ҳаккокӣ кардаанд, боз гирду атрофи онро бо панҷараҳои оҳаниву деворҳои хиштиву бетонӣ иҳота намудаанд. Дар болои баъзе гӯрҳо гунбазу кушкҳо сохтаанд. Агар ҳамин тавр давом кардан гирад, солҳои минбаъда аксари талу теппаҳои ба қабристон мубаддалшуда даҳҳо гектарро ташкил хоҳанд дод. Оё чунин сохтмонҳо аз нигоҳи дини мубини ислом ҷоиз аст?

Барои ба ин масъалаҳо рӯшанӣ андохтан  ба Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муроҷиат намудем.
- Дар китобҳои муътабари фиқҳи ҳанафӣ роҷеъ ба сохтани мақбара дар болои қабр оварда шудааст, ки болои қабр бино барафрошта намешавад, яъне барафроштани бино бар қабр барои зинат ҳаром аст ва сохтани он барои устувор кардани қабр баъд аз дафн макрӯҳ аст. Аз Абуҳанифа (р) ривоят аст, ки дар болои қабр сохтани хона ё қубба (мақбара) ва монанди он макруҳ аст. Имом Тирмизӣ аз Ҷобир (р) ривоят кардааст,  ки Пайғамбар (с) аз гачкорӣ кардану китобат ва бино сохтан дар рӯи қабр ва поймол кардани он манъ кардаанд.
Аз назари фақеҳони мутааххир агар хавфи поймол намудани қабр вуҷуд дошта бошад, ҷиҳати ҳифзи қабр атрофи онро бо девор ё панҷараи чӯбин маҳкам кардан мубоҳ аст, яъне ин амал на гуноҳ аст, на савоб.
Дар китоби «Ал-фиқҳу-л-исломӣ ва адиллатуҳу» роҷеъ ба китобати болои қабр чунин овардааст:
«Агар эҳтиёҷ пайдо шавад, навиштан дар болои қабр боке надорад, то ки асари қабр нест нагардад ва нисбати он иҳонат нашавад. Зеро Абудовуд ривоят кардааст, ки Пайғамбар (с) сангеро бардошта назди сари Усмон ибни Мазъун (р) гузошт ва гуфт: «Ба ҳамин санг қабри бародарамро мешиносам ва ҳар касеро, ки аз хонаводаам вафот кунад, дар назди ӯ дафн мекунам».
Ин ва мисолҳои зиёди дигар аз он шаҳодат медиҳанд, ки сохтани мақбара ва ҳар навъ иморат болои қабр аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ макруҳи таҳримӣ буда, ороишу зинат додани он ҳаром аст, зеро қабр макони ибрат гирифтан ва дуо кардан аст, на ҷои харҷ кардану зоеъ намудани мол. Чунонки аз далелҳои боло маълум гардид, танҳо гузоштани санге дар болои қабр барои нишона ҷоиз аст, чунки дар ин амал ҳеҷ навъ зинат ё зоеъ кардани мол дида намешавад. Инчунин, ба хотири ҳифзи қабр ва поймол нашудани он атрофи онро бо девор ё панҷараи чӯбин маҳкам кардан раво аст, вале ин амал як амри ҳатмӣ ва зарурӣ нест ва ба ихтиёру хоҳиши соҳиби мурда вобаста мебошад.
иМунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2017    №: 24    Мутолиа карданд: 1646

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед