logo

иҷтимоиёт

ТАНДУРУСТӢ. ҲАМКОРИҲО ТАВСЕА МЕЁБАНД

Чанде пеш Шарҳи якҷояи соли шашуми тадбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2020 (Саммит - 6) баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд, ки меҳмонон ва мутахассисони хориҷӣ иштирок доштанд, Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии кишвар, Гулҷаҳон Абдуфатоҳзода, сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ширкат варзида, ба ҳозирин аз раванди босуботи тадбиқи сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон маълумот доданд.

- Мо зина ба зина ба тадбиқи сиёсати иҷтимоии давлати соҳибистиқлоламон ноил мешавем. Маҳз ҷанбаи иҷтимоӣ доштани ислоҳоти иқтисодӣ, яъне ба тандурустию ҳифзи иҷтимоиёт нигаронда шудани сиёсати давлат ва дигаргунсозиҳои сохтории системаи идоракунии он ба мо имкон медиҳад, ки низоми ҳифзи солимии аҳолиро ба марҳилаи сифатан нав боло бардорем, - тазаккур дод Насим Олимзода.
Ҳангоми нишасти матбуотӣ Игор Поканевич, роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт:
«Нахуст мехоҳам бигӯям, ки на ҳамаи мамлакатҳои дунё монанди Тоҷикистон чунин Стратегияи миллӣ доир ба ҳифзи саломатии аҳолиро дорад. Ин ҳуҷҷати стратегӣ на танҳо фаъолият ва дурнамои кори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро муайян мекунад, балки дар он саҳм ва иштироки шарикони рушд низ пурра муқаррар гардидааст ва ин худ нишондиҳандаи сатҳи баланди пешрафти соҳаи тиб дар Тоҷикистон аст».
Пратиба Мета, роҳбари намояндагии СММ дар Тоҷикистон зимни суханронии худ махсус таъкид намуд, ки иқдому ибтикороти Тоҷикистон дар мавриди баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва бо техникаву технологияи муосир таъмин намудани соҳаи тиб боиси дастгирӣ ва қобили қабул аст.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ пешниҳод намуд, ки барои натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овардан дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солим ва чорабиниҳои солимгардонии аҳолӣ, бақайдгирӣ, табобат ва назорати гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла маъюбон дар байни сохторҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда шавад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2017    №: 24    Мутолиа карданд: 1780

10.12.2018


МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»

Путин ва Назарбоев ҳамкориро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ карданд

Куртс ҳамкорӣ бо Россияро шарти сулҳу субот дар Аврупо номид

Вашингтон дар Покистон муколамаи Кобул бо "Толибон"-ро муҳокима мекунад

Трамп дар фикри баррасии мушкили мусаллаҳшавии бошитоб бо Путин ва Си Ҷинпин шуд

Ҳонконгро матлубтарин кишвари дидании сайёҳон дар соли равон хонданд

Ҷаҳон дар як сатр

ЛУКА МОДРИЧ - барандаи "Тӯби тиллоӣ"

5 медали теннисбозони тоҷик

04.12.2018


Ҳамоиш оид ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Баргузории фестивали сайёҳӣ

Бунёди гармхона бо усули гидропоникӣ

Олимони тоҷику рус 200-солагии шарқшиносии Россияро таҷлил карданд

Дар Лаҳистон конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим оғоз ёфт

Ҷанги тиҷоратии ИМА ва Чин анҷом меёбад?

Кишварҳои G-20 мубориза бо маблағгузории терроризмро таҳким мебахшанд

Ҷаҳон дар як сатр

Бозгашти Фузайлов ба футболи тоҷик


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед