logo

фарҳанг

САДА ЯК РУКНИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИСТ

Сада чун Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои басо қадимаи мардуми мо буда, дар он рӯзгори пешин хеле пуршукӯҳ, бо оташафрӯзию гулханафрӯзиҳо, рақсу таронаҳо, оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешуд. Дар осори илмию фарҳангии Абурайҳон Берунӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Наршахӣ, Байҳақӣ ва чанде дигарон оид ба ин ҷашнҳои мардумӣ маълумоти ҷолибу муфассал мавҷуданд.

Абулқосим Фирдавсӣ таърихи пайдоишу ҷашн гирифтани Садаро ба давраи ҳукмронии шоҳ Ҳушанг нисбат медиҳад. Аз рӯи ривоят, даҳуми моҳи баҳман Ҳушанг ба шикор меравад. Ногаҳ аз пеш мори калони сиёҳе мебарояд, ки гирди санг истироҳат дошт. Шоҳ  санги калонеро бардошта, морро нишон мегирад. Мор тани худро ноилоҷ аз гармии санг раҳо намуда, забони суп - сурху чашмони оташини ҳаросонашро намоиш дода, роҳи гурезро пеш мегирад. Санги ҳавододаи Ҳушанг хато меравад. Он ба мор нарасида, ба санг бармехӯрад. Ҳамин лаҳза гӯё озарахше шуъла пошида бошад. Ҳама аз ҳаяҷони ногаҳонӣ худро канор мегиранд. Шуъла дар як лаҳза хасу хошоки атрофи сангро фаро гирифта оҳиста хомӯш мешавад. Сипоҳиён ҳайрон ба шоҳ менигаранд. Шоҳ бо инояти яздонӣ дарк мекард, ки дар ҳаёти ӯ ва умуман, дар таърихи инсоният воқеаи муҳиме рӯй додааст.
Ҳушанг ба назди хасу хошоки хокистаргашта рафт. Аввал нӯги гурзи чӯбини дасташро ба сиёҳӣ расонд. Чанги сиёҳе бархост. Бо пояш палмосид, гармиеро эҳсос намуд. Дарунтари майдони сиёҳгашта қадам гузошт. Гармии бештаре ҳис карду пояш сӯхт. Қафо гашту боз санге гирифта болои майдон андохт. Чанг хест. Аз ғазаби он, ки моҳияти воқеаи рӯйдодаро то охир дарк карда натавонист, санги дигареро гирифта сӯи санглох андохт. Дар шомгоҳи тира боз оташаке шуъла зад, хасҳои хушки атроф аланга гирифтанд. Ҳушанг ин дафъа болои аланга чӯбе андохт. Чӯб сӯхт ва аланга баландтар забона зад.
Мор кушта нашуд, вале сирри оташ кушода шуд. Ҳушанг ва ёронаш дар ҳайрат монданд. Ӯ гуфт: «Ин шуоъ фурӯғи худовандист, ки ба мо ато шуд, онро бояд табаррук донем ва парастем». Ҳамин тавр, ин маросим ҳар сол дар ҳамин рӯз ҷашн гирифта мешуд, ки баъдтар ба анъана табдил ёфт ва ҷашни Сада ном гирифт.
Дар ин ривоят муҳимтар аз ҳама он аст, ки аҷдоди гузаштаи мо рӯзи пайдоиши оташро, ки як инқилоби бузурге дар ҳаёти инсонӣ буд, ба ид табдил додаанд.
Дар «Ғиёс –ул-луғот» омадааст: «Сада дар забони форсӣ номи ҷашнест аз ҷашнҳои муғон, ки ба рӯзи даҳуми моҳи баҳман рост меояд». Дар китоби дигаре бар замми гуфтаҳои боло ишора шудааст, ки азбаски аз даҳуми моҳи  баҳман то Наврӯз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз аст,  ин рӯзро Сада ном ниҳодаанд. Зеро ба гуфтаи Абурайҳони Берунӣ форсиёни қадим шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд. Ӯ дар асари «Китоб – ут – тафҳим» - аш оид ба Сада чунин менигорад: «…дар ин рӯз мардум оташҳо зананд, ҷавзу бодом истеъмол намоянд ва гирд бар гирди он шароб хӯранду рақсу шодӣ кунанд…».
Аз сабаби солҳои кабисаро ба эътибор нагирифтан ҳар сол ва пасу пеш омадани моҳҳо аз 4 то 10 рӯз фарқ мекард. Рӯзи даҳуми моҳи баҳман ва панҷоҳ шабу рӯз пеш аз Наврӯз омадани Сада гувоҳи он аст, ки ин ид пас аз 29 январ ҷашн гирифта мешудааст.  Яъне, ин ҷашн рӯзи даҳуми баҳманмоҳ (30 январ) баргузор мегардад. Ин ки чаро «Сада» ном гирифтааст, пажӯҳишгарон пайдоиши онро аз вожаи «сад» донистаанд ва доир ба он фикру ақидаҳои худро баён кардаанд. Мувофиқи  баъзе маълумот ҷашни Сада ба муносибати аз хонаи зимистониаш убур кардани хуршед ва ба баҳор майл кардани он, то Наврӯз панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб, яъне сад шабу рӯз мондан ва ба нияти неруҳои сармо ва торикиро ақиб занонда, хуршедро мадад кунанд, то аз нав неруманд шавад, баргузор мегардад.
Аз унсурҳои ин ид дар байни аҳолӣ танҳо гоҳ-гоҳ оташафрӯхтанҳо ва ҳамчун нишонаҳои хурофот аловгардонии келину домод, оташпариҳо дар шомгоҳи рӯзи чоршанбе бо мақсади аз худ дур кардани қувваҳои бадӣ, чароғафрӯхтанҳо дар мазорҳо, мушкилкушокунӣ ё оши бибиҳо боқӣ мондааст. Аммо ҳамаи ин ба иди Сада алоқае надоранд. Танҳо оташ ва муносибати пурмеҳри одамон ба он аз ин иди куҳан нишонаанд.
Ҷашни Сада дар замони салтанати Ғазнавиён (962-1187) аз байн меравад. Бо вуҷуди ин, меҳри суннатҳои дар дили халқ ҷойгирифта боқӣ мемонанд. Он аз насл ба насл мегузарад ва пасомадагон мероси гузаштагони худро пос медоранд. Ҳаргиз суннатҳои иди Сада аз лавҳи хотири мардум зудуда нагашта буд. Садаро дар маҳалҳо вобаста ба шароиту вазъи ҳол ҷашн мегирифтанд. Мардуми мо ва мардуми кишварҳои дуру наздик то ба имрӯз низ оташро муқаддас медонанд. Аз ҷумла, дар тантанаи хатнаи фарзандон оташ меафрӯзанд ва атрофи он рақсу таронахонӣ мекунанд, зери чодари арӯсу домод шамъ меафрӯзанд, ба хотири арвоҳи фавтидагон хонаро шабонгаҳон фурӯзон нигоҳ медоранд ва баъзе табибон беморонро дар атрофи оташ давр мезанонанд ва ғайраҳо.
Хулоса, Сада ин ҷашни ихтироъ, ҳосилу кашфи оташ аст, ки ба шарофати он аҳли башар ба ҷои олоти чӯбину сангин асбобу олоти оҳанин ба даст овард ва барзгарон (кишоварзон) – и олам ҳосилро афзун гардондаанд. Сада омодагӣ ба кишту кори баҳорист. Дар ин ҳангом корҳои гуногуни кишоварзӣ: яхобмонии боғу токзорҳо, обшӯкунии хокҳои шӯр, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, дарахтбурию шаклдарорӣ, нармкунии атрофи дарахтон, таъмиру омода намудани техникаи кишоварзӣ ба мавсим, мубориза бар зидди касалию ҳашаротҳо ва ғайра сурат мегирад.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз арзишҳои миллӣ дубора зинда ва таҷлил шуда истодаанд, ки ин метавонад дар таҳкими пояҳои худшиносӣ таъсири амиқе гузорад. Таҷлили ҷашни аҷдодии Сада низ аз рукни худшиносии миллӣ ва огоҳӣ аз таърихи гузашта аст.
Салимзода Амонулло ФАЙЗУЛЛО,
ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2017    №: 24    Мутолиа карданд: 2457

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед