logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ. ХИЗМАТРАСОНИИ НАҚЛИЁТӢ БЕҲБУДӢ МЕЁБАД

Беҳбудии сатҳу сифати  хизматрасонии нақлиёти мусофирбарӣ дар  пойтахт яке аз самтҳои муҳими фаъолияти шаҳрдорӣ буда, бо мақсади муътадил сохтани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, таъмини бехатарии  экологӣ ва  мусофирон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тадбирҳои саривақтӣ андешида шудааст. Дар доираи чорабиниҳо Рустами Эмомалӣ,  раиси шаҳри Душанбе, ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати техникии троллейбусу автобусҳо аз Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» - и пойтахт боздид намуд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона раиси шаҳр ба вазъи кунунии парки мошинӣ, истифодаи самараноки воситаҳои нақлиёти мусофирбар, хусусан троллейбусҳо, диққати масъулони соҳаро ҷалб намуд. Рустами Эмомалӣ таъкид намуд, ки фаъолияти имрӯзаи троллейбусҳо дар шаҳр ба талабот ҷавобгӯ набуда, беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд. Вобаста ба ин, ба  роҳбарияти корхона барои  фаъол сохтани хатсайрҳои мавҷуда  ва  ифтитоҳи хатсайрҳои нав дар пойтахт аз ҳисоби троллейбусу автобусҳо  дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Зеро ҷиҳати фаъолияти бемамониати чунин воситаҳои нақлиёти мусофиркаш аллакай шароити зарурӣ, аз ҷумла,  қувваи барқ, фароҳам оварда шудааст. Аз ин рӯ,  фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии барқӣ, бавижа,  троллейбусҳо, бояд ба таври куллӣ беҳтар карда шавад.
Раиси шаҳр ҷиҳати таҷдиди бахшҳои  асосии корхонаи номбурда  ва баланд бардоштани маърифати хизматрасонии ронандагони воситаҳои нақлиёт дар пойтахт низ  масъулони соҳаро муваззаф намуд.  Аз ҷумла, таъкид гардид, ки бо харидани  воситаҳои нави нақлиёт ва қисмҳои эҳтиётӣ  хизматрасонӣ ба мусофирон дар  2  баст   роҳандозӣ карда  шавад. Инчунин, доир ба мумфаршсозии даромадгоҳҳои корхона ва таъмиру азнавсозии  баъзе  хатҳои таъмирталаби барқ дар хиёбонҳои шаҳр, ки кори муътадили троллейбусҳо ба он вобастагии зич дорад,   дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд .
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола миқдори воситаҳои нақлиёти мусофирбар, хусусан аз ҳисоби микроавтобусҳои тамғаи «Ҳундэй - Старекс»  ва   «Мерседес» дар гузаргоҳҳои шаҳри Душанбе рӯ ба афзоиш дошта,  имрӯзҳо  ҳолати мазкур  ба халалдор гардидани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, муҳити экологии маҳаллаҳо ва гаштугузори сокинон оварда расондааст. Шаҳрдорӣ иқдом гирифтааст, ки дар доираи нақша – чорабиниҳои дахлдор фаъолияти троллейбусу автобусҳоро ҳамчун воситаи самараноку беҳтари хизматрасонии нақлиёт ҷоннок созад, то воситаҳои беҳтарину замонавии нақлиёт дар хатсайрҳои шаҳри Душанбе ба мардум хизмат расонанд. Дар радифи ворид намудани троллейбусу автобусҳои наву ба талабот ҷавобгӯ дар гӯшаву канори шаҳр терминалҳои замонавии автомобилӣ бунёд ёфта, дар ояндаи наздик ба фаъолият мепардозанд. Ҳамчунин, хариди қисмҳои эҳтиётӣ, ноқилҳои троллейбусгард ва таъмири роҳҳо пешбинӣ гардидааст. 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2017    №: 24    Мутолиа карданд: 1913

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед