logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶАЛАСАИ ҲАБДАҲУМИ ШӮРОИ МАШВАРАТӢ

30 январ таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XVII Шӯро баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои Шӯрои машваратӣ, намояндагони бахши хусусӣ, вазорату идораҳо ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласа гузориши котиби масъули Шӯро, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор оид ба мониторинги иҷрои қарорҳои қаблии Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Зикр гардид, ки қарорҳои дар ҷаласаи шонздаҳуми Шӯро қабулгардида ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ, таҳлили низоми андозбандии фаъолияти соҳибкорӣ, таблиғоти бештари маҳсулоти ватанӣ тариқи васоити ахбори омма ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои байналмилалии ҷумҳурӣ равона шуда, дар маҷмӯъ иҷро гардиданд.
Бо мақсади амалисозии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ва «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар таҳрири нав, ки бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ қабул гардидааст, як қатор санадҳои зерқонунӣ таҳия ва мавриди иҷро қарор дода шуданд. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти санҷишӣ таъсис дода шуда, ҷаласаи нахустини он баргузор гардид. Дар идомаи ислоҳоти низоми андозбандӣ ҷиҳати боз ҳам мусоид намудани шароити пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, як қатор сабукиҳои андозӣ қабул гардиданд.
Бо қарори Ҳукумати мамлакат Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши саноат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди истеҳсолоти миллӣ барои солҳои 2016 - 2018, аз 27 июли соли 2016, тасдиқ гардид.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода баромад намуда, роҷеъ ба натиҷаҳои таҳлили беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетика ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо дар ин самт гузориш дод.
Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам оид ба рафти амалисозии Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ гузориш дод.
 Оид ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа котиби масъули Шӯро, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор маълумот дода, масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши бонкдориву молия ва муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкоронро барои баррасӣ дар ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби аъзои Шӯро дастгирӣ ёфт.
Дар муҳокима ва баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа узви Шӯро аз ҷониби бахши хусусӣ, роҳбари ҶДММ “Кафолат” Музаффар Саймуддинов, роҳбари ҶДММ «Барқ сохтмон лоиҳакаш» Комилҷон Иброҳимов, намояндаи доимии Бонки Осиёии рушд дар Тоҷикистон Си Си Ю ва дигарон баромад намуда, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд.
 Зимни баррасии масъалаҳо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба амалӣ намудани як қатор тадбирҳо дар самти рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ, коҳиш додани воридот ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат, инчунин, нақши неруи созандаи бахши хусусӣ дар рушди иқтисодии мамлакат ибрози назар намуданд.
 Дар ин робита масъалаҳои рушди бемайлони технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва истифодаи самараноки онҳо дар рушди иқтисодиёти мамлакат, истифодаи самарабахши неруи барқ ҳамчун марҳалаи навбатии ҳадафи стратегии мамлакат дар доираи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, муҳайё намудани шароити беҳтар барои рушди ҳунармандӣ ва дастгирии ҳунармандон, инчунин, масъалаҳои дигари ҷаласа зикр гардида, зарурати вусъат бахшидани корҳо дар самтҳои зикршуда таъкид шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, ба масъулон ва вазорату идораҳо вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасигардида дастуру супоришҳои дахлдор доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.01.2017    №: 24    Мутолиа карданд: 2087

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед