logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНОН. ИМРӮЗРО БАРОИ ФАРДО БИСОЗЕМ

Дар ин замина эълон гардидани соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон  боиси рӯҳбаландии боз ҳам бештари аҳли ҷомеа гардида, ин ташаббусро ҷавонон бо хушнудӣ истиқбол намуданд. Зеро ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа ва насли ояндасози миллат ба шумор рафта, бо азхуд намудани касбу ҳунар ва иқдому ташаббусҳои созандаи худ дар пешрафту тараққии ватани азизамон - Тоҷикистон, пешрафти илму техника, саноат, кишоварзӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо саҳми чашмрас гузошта метавонанд. Барои онҳо бо таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии Сарвари давлат садҳо иншооти маданӣ, таълимӣ, фарҳангӣ - фароғатӣ, бахусус толору майдонҳои варзишӣ бунёд гардидаанд. Бо вуҷуди ин, мутаассифона, ҳоло ҳам бо ҷавононе вомехӯрем, ки ба ҷойи шукрона аз ин Ватану Сарвари муаззами кишвар кардану аз ин иншоот самаранок истифода бурдан, неруи худро ба корҳои беҳуда сарф намуда, ба роҳи хато мераванд, ки оқибаташ пушаймонист.
Маҳмадзоҳир Зарифзода, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, дар робита ба мавзӯъ зикр сохт, ки роҳбарияти вазорат бо мақсади ҷалби ҷавонон ва истифодаи неруи тавонои онҳо дар таҳкими суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ дружинаҳои ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатиро аз ҳисоби ҷавонон таъсис додааст. Тибқи маълумоти расмӣ дар давоми ду соли охир бо мусоидати кормандони ғайриштатии милитсия 834 ҷиноят ошкор, 3884 далели  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муайян ва 12 нафари дар ҷустуҷӯ қарордошта дастгир шуд. Ҳамзамон, 117 нафар, ки аз муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ озод гардидаанд, дар қайди махсуси мақомоти корҳои дохилӣ гузошта шуданд. Бо мусоидати дружиначиёни ихтиёрӣ 181 ҷиноят  ва 10 ҳазору 560 далели ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор гардид.  
- Дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» барои ҳифзи иҷтимоии ҷавонон шурӯъ аз соли 2014 гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» таъсис дода шуд, - иброз дошт Маҳмадзоҳир Зарифзода. Ба гуфтаи ӯ, давоми ду соли фаъолият ин гурӯҳ, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад, дар мавзӯъҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, минтақа ва ноҳияи Рашт, шаҳри Душанбе  семинару конфронс ва мизҳои мудаввар баргузор намуд.  Сафарҳои кории аъзои гурӯҳ ба шаҳрҳои Маскав, Твер, Краснодар ва Сочии Федератсияи Русия, дидору гуфтугӯҳояшон бо ҳамватанони бурунмарзӣ дорои аҳамияти вижа мебошад. Зикр гардид, ки кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ дар доираи баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ-маърифатӣ дар самти пешгирии зуҳуроти номатлуб ва таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пайваста чора меандешанд. Аз ҷумла, дар чорабинии мақсадноке, ки аз тарафи кормандони ин бахши мақомоти корҳои дохилӣ ба наздикӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гузаронда шуд, ҳолатҳои зиёди шабона дур аз оила қарор доштани ноболиғону ҷавонон, дар интернет - кафеҳо ба ҳар гуна бозиҳои хусусияти зӯроваридошта машғул будани онҳо муайян ва ошкор гардиданд. Баргузории мунтазами чунин чорабиниҳо дар шаҳру навоҳии кишвар баҳри пешгирии қонуншикании ноболиғону ҷавонон мусоидат хоҳад кард.
Сафаргул  АЛИМОВА,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.02.2017    №: 25    Мутолиа карданд: 1864

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед