logo

иқтисод

СУҒД. ДАР МУТТАҲИДӢ ВА БА ХОТИРИ ВАҲДАТ

Дар Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ зикр гардид, ки  таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат ва дар ин замина таъмин намудани шароит барои зиндагии шоистаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ  ба ҳисоб меравад ва барои расидан ба ин  мақсад тамоми захираву имкониятҳо сафарбар карда мешаванд. Маҳз барои таъмини шароити мусоид ва арзандаи зиндагии шаҳрвандон имрӯзҳо дар вилояти Суғд ободониву созандагӣ авҷ гирифтааст. Бунёди шаҳраку маҳаллаҳои нави замонавӣ ва биноҳои истиқоматии баландошёна аз иқдомҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ҳамовозии гарм пайдо намуд.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва ҳиммати соҳибкорон бунёди иншооти гуногун бо суръат идома дорад. Зарифҷон Назирӣ, раиси ноҳия, зимни ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои соли гузашта гуфт, ки  дар ҳамаи ҷамоатҳо дар доираи супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  корҳои созандагиву ободкорӣ вусъати тоза пайдо кардаанд. Дар деҳоти Ҳайдар Усмон бунёди муассисаи таълимӣ  ба нақша гирифта шудааст. Бинои мазкур барои таҳсили  430 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, аз ду ошёна ва 16 синфхона иборат мебошад. Боз чунин як мактаби нави замонавии боҳашамат  соли равон дар деҳоти Унҷии ноҳия қомат хоҳад афрохт. Ин таълимгоҳ сеошёна  буда, барои таълими 540 хонанда дар як баст муқаррар гардидааст. Соли равон бахшида ба 20 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25 - солагии Иҷлосияи таърихии 16 – уми Шӯрои Олии Тоҷикистон даҳҳо иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Ба роҳ мондани сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматӣ ва гузари нав дар маҳаллаи 19 - уми шаҳри Хуҷанд яке аз қисматҳои муҳими корҳои созандагист. Маҷмаа аз биноҳои 6 - 7 – ошёнагӣ  ва 16 даромадгоҳ иборат буда,  дар масоҳати қариб 14000 метри мураббаъ сохта мешавад. Ҳамчунин, дар он  иншооти хизматрасонӣ, аз қабили маркази савдо, тӯйхона, хизматрасонии тиббӣ ва кӯдакистони сеошёна барои 100 кӯдак бунёд меёбад. Дар   саҳни маҷмаа сохтмони таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт, майдончаҳои варзишӣ ва ҷойи парвариши гулу ниҳолони сояафкану ороишӣ дар назар аст.
Дар маҳаллаи 20 - уми шаҳр бунёди маркази миллии Оши палов пешбинӣ шудааст. Маркази хӯрокҳои миллӣ  дуошёна буда, бунёди он пурра бо усули меъмории анъанавӣ роҳандозӣ мегардад. Таъсиси ин марказ  пеш аз ҳама барои эҳё ва рушду нигаҳдории фарҳанги миллии  тоҷикон муфид мебошад. Ташкили марказ дар арафаи ба феҳрасти фарҳанги умумибашарии ғайримоддӣ дохил шудани Оши палави тоҷикон аз ҷониби идораи  илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид - “ЮНЕСКО” хеле рамзист. Дар маркази навбунёд беш аз 10 намуди Оши палав ва навъҳои гуногуни таомҳои мардуми тоҷик пешкаши меҳмонон мегарданд.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.02.2017    №: 25    Мутолиа карданд: 1933

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед