logo

иқтисод

КУМИТАИ АНДОЗ. ТАҲЛИЛҲО НИШОН ДОДАНД, КИ...

Соли сипаригардида Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон тибқи “Равзанаи ягона”,  самараноктар анҷом додани корҳои назоратӣ, истифода аз технологияи иттилоотӣ ва роҳандозии барномаҳои компютерӣ оид ба ҳисоб ва пардохти андозҳо, пурра ба ҳисоб гирифтани объектҳои андозбандию ташкили шабакаи додугирифт, фаъолияташро хуб ташкил кард.
Дар суҳбат раиси кумита Нусратулло Давлатзода ба хабарнигори рӯзнома дар ин хусус чунин гуфт:
- Дар соли гузашта нақшаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ, бе дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 101 дарсад иҷро шуда, ба ҷойи 6 миллиарду 985,4 миллион сомонӣ, ба буҷет 7 миллиарду 53 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 67,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Вале, нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ба андозаи  89,1 дарсад таъмин карда шуд ва дар натиҷа ба ҷойи 1 миллиарду 550 миллион сомонии пешбинишуда, 1 миллиарду 381 миллион сомонӣ ворид гаштааст, ки аз дурнамо 169 миллион сомонӣ кам мебошад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки таъмин нагардидани иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ буда, аз таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ,  ногувории шароити иқтисодии андозсупорандагон,  нисбатан коҳиш ёфтани музди меҳнат дар баъзе корхонаҳо ва ихтисори шумори коргарон ба миён омадааст.
Соли 2016 мақомоти андоз ҷавобан ба нуктаҳои Паёми Сарвари давлат шумори санҷишҳои фаъолияти соҳибкоронро то 100 адад коҳиш дода буд. Бо вуҷуди ин, фаъолияти 1883 шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ мавриди санҷиши риояи қонунгузории андоз қарор дода шуда, дар рафти онҳо ба маблағи 1 миллиарду 75 миллион сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонсозии андозҳо ошкор гардид.
Нисбат ба андозсупорандагоне, ки ба қонунвайронкунӣ ва пинҳонсозии андозҳо ба маблағи калон роҳ додаанд, чораҷӯӣ карда,  барои қабули қарорҳои дахлдор 363 мавод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол шуд, ки  маблағи он 734 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар рафти санҷишҳои амалиётӣ 6200 ҳолати бидуни қайд ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул шудани шахсони воқеӣ ошкор гардид  ва тавассути андешидани тадбирҳои фаврӣ, онҳо ба қайд гирифта, бо патент ва шаҳодатномаи соҳибкорӣ таъмин шуданд. Дар рафти санҷишҳои назоратӣ аз тарафи мақомот зиёда аз 24600 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, ба онҳо ба маблағи умумии  307 миллион сомонӣ ҷарима татбиқ гардид. Аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳуриявӣ 170 миллион сомонӣ ворид шуд.
Ҷорӣ  намудани технологияи ҳозиразамони иттилоотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти имрӯзаи мақомоти андоз ба шумор рафта, ҳоло 23 барномаи компютерӣ  таҳия ва мавриди амал қарор дорад. Аз  ҷумла, бо мақсади дар сатҳи замонавӣ ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон барномаи компютерии ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳо ба роҳ монда шудааст, ки аз он 40300 андозсупоранда истифода бурдааст.
Дар доираи ислоҳоти андоз, ки тибқи «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз» амалӣ шуда истодааст,  дар дастгоҳи марказии кумита ва биноҳои раёсатҳои андози вилояти Суғду минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон толорҳои видеоконференсия фаъол гаштанд. Айни замон, бо истифода аз  толорҳои видеоконференсия бо якчанд мақомоти ҳудудии андози маҳалҳои дурдаст ва андозсупорандагон дар реҷаи мустақим ҷаласаҳо, машваратҳо ва муҳокимаҳои корӣ, корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ доир карданд.
Беҳтар гардидани базаи моддӣ-техникии  мақомоти андоз имкон дод, ки ба мақсади таъмини иҷрои  «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2017» дар Кумитаи андоз маркази коркарди маълумотҳо ташкил карда шавад.
Дар соли рафта бо ширкатҳои мобилии «Билайн», «Тселл», «Мегафон» ва ғайра корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ анҷом дода, баҳсҳои ба миён омадаро бартараф намудем ва алҳол ин ширкатҳо  андозсупорандагони беҳтарин ба шумор мераванд.
Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси сабукӣ додан ба соҳибкорон ва фароҳам овардани шароити мусоид ба фаъолияти онҳо, ки ободкорон ва созандагони кишвари моанд, доимо таъкид менамоянд. Мо, кормандони мақомоти андоз, дар ҷавоби ҳидоятҳо лоиҳаи қарорро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардем, ки баъди қабули он соҳибкорону андозсупорандагон фаъолияташонро боз ҳам беҳтар ва самарабахштар  карда метавонем.
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.02.2017    №: 25    Мутолиа карданд: 1890

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед