logo

иқтисод

ХАТЛОН. ЗАНОНИ ХОНАШИН БО КОР ТАЪМИН МЕШАВАНД

Бо шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолии мамлакат дар дохили кишвар ва ба ин васила коҳиш додани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Аз рӯи иттилои хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, соли гузашта 6460 нафар бону бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, 1045 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб карда шуданд. 444 нафари дигар аз ҳисоби маблағҳои бефоизи мақомоти шуғли аҳолӣ ба соҳибкории хурд машғул гардиданд.
Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои қадимаи мардумӣ дар вилоят занону бонувон, ҳамчунин, ба шуғли хонагӣ фаро гирифта мешаванд.
Баҳри баланд бардоштани сатҳи касбомӯзии калонсолону ҷавонон, аз ҷумла занону духтарони хонашин ва мутобиқ гардондани сатҳи касбии онҳо ба талаботи бозори меҳнат имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 9 филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон», корхонаҳои воҳиди давлатии «Маркази омӯзиши модулӣ» дар шаҳри Кӯлоб ва «Маркази касбомӯзии соҳибкорӣ» дар шаҳри Норак фаъолият менамоянд.
Cоли гузашта мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи касбомӯзӣ дар доираи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2016-2017» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҷойи 5805 нафар 6608 нафар хоҳишмандон барои гирифтани ихтисосҳои гуногун дар курсҳои махсуси кӯтоҳмуддат дарси ҳунар омӯхтанд. Ин 113,8 фоизи нақшаи солонаи барномаро ташкил медиҳад.
Илова бар ин, бо мақсади рушди ҳунарҳои қолинбофии дастӣ ва адрасу атласбофӣ дар марказҳои касбомӯзии шаҳру ноҳияҳои вилоят феълан 109 дастгоҳи хурди омӯзишии қолинбофӣ, 45 дастгоҳи калони қолинбофӣ ва зиёда аз 50 дастгоҳи адрасбофӣ насб шудаанд, ки занону духтарони бешуғл дар онҳо ҳунар меомӯзанд.
Соли гузашта дар шаҳру навоҳии вилоят аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар маҷмӯъ 49,1 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки Хатлон калонтарин вилояти ҷумҳурӣ буда, бештар аз 3 миллион нафар аҳолӣ дорад. Бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ дар ин вилоят бояд ҳамеша дар меҳвари диққати масъулон бошад.
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.02.2017    №: 25    Мутолиа карданд: 1971

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед