logo

иҷтимоиёт

ЧАЙОТ. РУСТАНИИ СЕРҲОСИЛ ВА ДАРМОНБАХШ

Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур парвариши бодиринги мексикоӣ, ки бо номи чайот машҳур аст, ба роҳ монда шуд. Рустанӣ аз озмоиш гузашт. Олимони тоҷик парвариши онро дар Тоҷикистон зарур ва фоиданок донистанд.

Ин зироат бо номи бодиринги мексикоӣ дар тамоми дунё паҳн шудааст ва аз ҷиҳати дармонбахшию  ғизоӣ низ бартариҳои зиёд дорад. 
 - Рустании чайотро мо бори аввал аз вилояти Краснодари Русия ба Тоҷикистон овардем. Чайот рустании дӯстдоштаи ҳиндуҳои Амрико буда, маркази пайдоишаш Мексика ва Амрикои Лотинист. Дар диёри офтобрӯяи мо барои парвариши ин зироат шароити хеле хуб муҳайё мебошад. Натиҷаи таҷрибаҳо собит сохт, ки чайот дар шароити Тоҷикистон хуб афзоиш карда, ҳосили нағз медиҳад, - гуфт зимни суҳбат Саидалӣ Гулов, доктори илмҳои биологӣ.
- Хусусияти хуби чайот дар он аст, ки метавонад то 5 – 6 сол аз як реша ҳосил диҳад. Солҳои 2  ва 3 - юми парвариш нисбат ба соли якум ҳосили зиёдтар ва  босифат медиҳад, зеро решааш пурқувват мешавад. Ҳосилнокиаш ҳам хеле зиёд аст. Аз як буттаи рустанӣ  то 50 – 80 кг ва дар ҳолати хуб нигоҳубин кардан то 100 – 150 кг ҳосил гирифтан мумкин аст, - мегӯяд Саидалӣ Гулов. – Инчунин, аз ҷиҳати ғизоию шифоӣ хеле баманфиат аст. Хусусан барои табобати бемориҳои рӯда, ғадуди ширӣ, меъда, қанд манфиат дорад. Дар таркибаш  зиёда аз 19 аминокислота мавҷуд мебошад.
Олимони донишгоҳ  ҷиҳати ба шароити маҳал мутобиқ гардондани ин рустанӣ солҳои аввал дар қитъаи Пажӯҳишгоҳи ботаника, физиология ва генетикаи рустании Академияи илмҳои Тоҷикистон ва солҳои охир дар гармхонаҳо ва замини кушоди назди донишгоҳ  сабзишу инкишофи чайотро мавриди санҷишу омӯзиш қарор додаанд.
Ин амал ҳоло низ давом дорад. Айни замон  ба таври таҷрибавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Норак, Фархор, Бохтар, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ  парвариш карда мешавад. Хоҷагиҳои ба парвариши ин зироат ҳавасманд аз ҷониби олимони донишгоҳ бо тухмӣ ва ниҳол таъмин гардида, ба парвариши он аллакай шурӯъ намуданд. Дар назар аст, ки парвариши чайот солҳои оянда дар дигар минтақаҳои кишвар низ ба роҳ монда шавад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.02.2017    №: 25    Мутолиа карданд: 2104

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед