logo

иқтисод

ПАЁМ. САҲИФАИ НАВ ДАР ҲАЁТИ ҶАВОНОН

Дар идомаи таваҷҷуҳ ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2017 - Соли ҷавонон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди минбаъдаи кишвар саҳифаи наверо боз хоҳад кард.

Ин иқдом, ки дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ садо дод, бори дигар аз таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлату Ҳукумат ба нақши ҷавонон дар умури давлатдорӣ башорат медиҳад. Ҷамъи тадбирҳои давлатӣ доир ба таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар корҳои сиёсиву идоракунӣ, ки дар раъси он Президенти муҳтарами кишвар қарор доранд, натиҷаҳои судманд ба бор оварда, насли ҷавону огоҳро сари кор овардааст.  
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба манзури камолоти маънавии мо - ҷавонон дар мамлакат зиёда аз 2500 муассисаи таълимӣ ва беш аз 1000 муассисаи тандурустӣ бунёду навсозӣ гардида, бо шароити хуб, дастгоҳу таҷҳизоти муосири таълимиву тиббӣ таъмин шудаанд. Тавре дар Паёми Сарвари давлат зикр шуд, танҳо дар доираи «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008 - 2015» дар соҳаи маориф аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ шумораи муассисаҳои таълимии аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо пурра баровардашуда, азнавсозӣ ва бунёдгардида беш аз 800 ва маблағи умумии барои ин кор сарфшуда 600 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Далели дигари ғамхориҳои давлат нисбат ба таълиму тарбияи насли ҷавон дар он собит мешавад, ки агар то замони истиқлолият дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70 ҳазор нафар донишҷӯ фаъолият мекард, ҳоло миқдори муассисаҳои олии таълимӣ ба 39 ва шумораи донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расидааст. Илова бар ин, теъдоди зиёди ҷавонони лаёқатманд аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд.
 Аз ин нишондодҳо бармеояд, ки  Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои донишандӯзии ҷавонон ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи кишвар шароити мусоид фароҳам овардаанд, ки боиси ифтихор ва қобили шукргузорист. Аз ин рӯ, мо -  ҷавонони кишварро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созем.  Дар татбиқи барномаҳои давлатӣ ва амалӣ намудани ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат беш аз ҳар вақти дигар саҳм бигирем.
Аз ин рӯ, бояд ба ин боварии Пешвои миллат сазовор гардем ва барои расидан ба ҳадафҳои ояндасози худ, самимиву содиқона талош намоем ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари биҳиштосоямон бошем.
Наврӯз РАҲМИДДИНЗОДА,
котиби маҷлиси судии суди шаҳри Ҳисор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.02.2017    №: 25    Мутолиа карданд: 2133

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед