logo

иқтисод

ЗАХИРАҲОИ ОБӢ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ОНҲО АСОСИ ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОР АСТ

Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 - 2028, ки ин ташаббус бори нахуст аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро бори дигар ба ҳаллу фасли масъалаҳои умумибашарӣ, аз қабили ивазшавии қабати озон ва тағйирёбии иқлими сайёра, таъминоти аҳолии сайёра ба оби нӯшоӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳолати экологии муҳити зист, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ, истеҳсоли неруи барқ, низоми экологӣ ва рушди устувори инсонӣ  ҷалб месозад. Масъалаи нақши об дар ҳаёти иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии ҷомеаи башарӣ мавриди омӯзиши зиёди мутахассисону алоқамандони илмҳои муосири табиатшиносӣ, ҷуғрофӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва ғайра гардидааст, ки ин бесабаб нест.
Зеро тайи солҳо афзоиши аҳолӣ, васеъшавии истеҳсолот, мураккабшавии ҳолати экологӣ ва ифлосшавии муҳити зист, аз ҷумла захираҳои обӣ ва истифодаи он аз сарчашмаҳо, боиси камшавии обҳои нӯшокӣ гаштанд. Инсоният  танҳо дар охири асри ХIХ ва аввалҳои асри ХХ ба дарки масъалаҳои минтақавӣ ва глобалии экологии захираҳои обӣ ва муҳити зист таваҷҷуҳ намуд. Маълумоти омории ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки имрӯз дар ҷаҳон 1,2 млрд. нафар аз оби нӯшоӣ танқисӣ мекашанд ва зиёда аз 2 млрд. нафар аз обҳое истифода мебаранд, ки ба талаботи санитарию гигиенӣ ҷавобгӯ нестанд. Агар ин раванд идома ёбад, ба фикри коршиносони соҳа, баъди 20-25 сол аз нисф зиёди аҳолии сайёра ба норасоии об мувоҷеҳ мегардад.
Мушоҳидаи Ташкилоти ҷаҳонии нигоҳдории тандурустӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки саломатӣ ва бардавомии умри инсон беш  аз 50 % аз шароити зиндагӣ,  20% аз ҳолати муҳити зист ва тақрибан 10 % аз ҳолати обҳои нӯшоӣ вобастагӣ дорад. Аз рӯи таҳлили коршиносону олимони соҳа, қариб 50 фоизи бемориҳои сироятӣ, назири бемории тифи шикам, дизентерия, малярия ва баъзе бемориҳои дарди меъдаю рӯда, маҳз аз ҳисоби истеъмоли обҳои ифлос ва барои нӯшидан номусоид сар мезананд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон - ташаббускори чорабинии сатҳи байналмилалӣ оид ба об аз лиҳози захираҳои об ғанӣ буда, аз ҳисоби захираҳои об дар миқёси ИДМ баъди Федератсияи Россия дар ҷойи дуюм, дар миқёси Осиёи Марказӣ дар ҷойи якум ва аз ҳисоби обҳои ширини нӯшоӣ дар ҷаҳон дар даҳгонаи аввал  мақом дорад.
Дар Тоҷикистон, тавре дар Паёми навини Пешвои миллат низ таъкид шудааст, об унсури асосии рушди «иқтисодиёти сабз» аст. Захираҳои обии Тоҷикистон ба таври васеъ дар соҳаҳои дигари иқтисоди миллӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи кишоварзӣ, аз  ҷумла барои обёрии заминҳои корами обӣ, истифода мешаванд. Аз об таъмин будани ҷумҳурӣ ба тараққиёти интенсивии заминҳои обӣ мусоидат менамояд. Мусоидат ба «иқтисодиёти сабз» метавонад ба рушди соҳаи туризм ва сайёҳӣ, махсусан туризми экологӣ, созгор бошад. Барои ин дастгирии давлатии соҳаи туризм, рушди инфрасохтори бозорӣ ва муаррифии ширкатҳои ватание, ки барои ҷалби сайёҳон ва истеҳсоли обҳои нӯшоӣ машғуланд,  лозим аст. Ин нуқта низ дар Паёми навини Пешвои миллат ёдрас шуд. Барои фаъолияти самараноки соҳаи мазкур дар назди Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  сохтори нав ташкил карда мешавад, ки бевосита ба рушд ва танзими соҳаи туризм машғул мегардад.
Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал меистад ва дар шароити ҳозира ҳамагӣ 4%-и он истифода мешаваду халос.  Шароити табиию иқлимӣ ва релйефи ҷумҳурӣ  бештар барои коркарди неруи барқ мусоид буда, дар як дарё аз 5 то 10 неругоҳ сохтан мумкин аст.
12 майи соли 2016 бо иштироки роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли барқ – САSА - 1000    оғоз шуд.  Он барои устувор намудани мавқеи Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонии содироти захираҳои энергетикӣ мусоидат менамояд.
Ҳалли дастаҷамъонаи масоили марбут ба мушкилоти об барои беҳ намудани вазъи хоҷагии об, ҳолати истифодабарии захираҳои обӣ ва хубтар ба танзим даровардани робитаҳо манфиати фаровон оварда метавонад. Даҳсолаҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони васеи баррасӣ, ҳаллу фасли муаммоҳои минтақавӣ ва байналмилалии захираҳои обӣ ва беҳдошти муҳити зист қарор ёфтааст. Мутмаинем, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои таъмини рушди босуръату босуботи иқтисодии Тоҷикистон ва густариши ҳамкориҳо дар бахши истифодаи оқилонаи захираҳои обии ҷаҳон уфуқҳои тоза мекушояд.  
Эмомалӣ  ШЕРАЛИЕВ,        
номзади илмҳои иқтисодӣ 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.02.2017    №: 25    Мутолиа карданд: 2329

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед