logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани НБО-и «Сангтӯда - 1»

Ҳамдиёрони азиз,
Дмитрий Анатолевичи мӯҳтарам!
Бинокорон ва энергетикҳои гиромиқадр, тавре ки Шумо шоҳид гаштед, чанд лаҳза пеш бо иштироки сарони давлатҳои бародари Тоҷикистону Русия иншооти азим - Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда - 1» ба истифода дода шуд. Ин натиҷа ва самараи ҳамкории бародаронаи мамлакатҳои мо дар соҳаи энергетика мебошад. НБО-и «Сантӯда - 1» бо назардошти душвориҳои энергетикии мамлакати мо дар муддати кӯтоҳ сохта ба истифода дода шуд. Бинобар ин бо эҳсосоти олӣ ва қаноатмандии бузург аз натиҷаҳои ҳамкории самарабахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҳамаи Шумо, тамоми сокинони Тоҷикистон ва меҳмонони азизро ба муносибати ин рӯйдоди ҳақиқатан муҳим ва фараҳбахш самимона табрик менамоям.
Ба Президенти Русия, мӯҳтарам Дмитрий Анатолевич Медведев, Ҳукумати Федератсияи Русия, инчунин бинокорону лоиҳакашон ва муҳандисону кормандони техникӣ, ҳамаи онҳое, ки бо талаби иродаи қатъии худ ва меҳнати самарабахш воқеаи имрӯзаро имконпазир гардонда, ба истифода додани Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда - 1» - ро ба амри воқеӣ табдил доданд, аз таҳти дил изҳори сипос менамоям.
Имрӯзҳо ҳар иқдоме, ки ба манфиати рушду нумӯи соҳаи энергетика ва беҳтар сохтани таъминоти мамлакат бо қувваи барқ андешида мешавад, барои Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад. Бинобар ин ба истифода додани НБО-и «Сангтӯда - 1», бешубҳа, барои тамоми мардуми мо рӯйдоди хурсандибахш мебошад. Зеро баъди ба истифода додани он ҳар шабонарӯз дар Тоҷикистон 8 миллион киловатт - соат қувваи барқ бештар истеҳсол карда мешавад ва ин моро умедвор месозад, ки дар давраи тирамоҳу зимистони оянда мушкилоти камбуди қувваи барқ қисман ҳал хоҳад шуд.
Аз рӯзи ба кор даромадани агрегати якуми нерӯгоҳ то имрӯз дар ин ҷо бештар аз 1,5 миллиард киловатт - соат қувваи барқ истеҳсол карда шуд, ки то ҳадди имкон барои таъмини босуботи қувваи барқ ва истифодаи самарабахши захираҳои об шароит муҳайё сохт.
Энергетика дар Тоҷикистон, мисли ҳар мамлакати дигар барои пешрафти иқтисоди миллӣ заминаи муҳим ва асосӣ ба шумор меравад. Бе пешрафти ин соҳа иҷрои нақшаҳо ва барномаҳои дигари калонҳаҷми иҷтимоию иқтисодӣ имконнопазир мебошад.
Бинобар ин мавриди истифода қарор додани нерӯю имкониятҳои гидроэнергетикии мамлакат аҳамияти аввалиндараҷаи умумимиллӣ дорад ва беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар кадоми мо ба ҳамин вобаста мебошад. Тоҷикистон дар ин маврид эҳсосоти худпарастии миллиро қотеона сарфи назар менамояд. Мамлакати мо ҳеҷ гоҳ ба ҳеҷ ваҷҳ ҳадафҳоеро амалӣ нахоҳад сохт, ки бар зарари мамлакатҳои ҳамсоя бошанд. Ман инро бори дигар бо камоли масъулият изҳор менамоям. Мо зимни иҷрои нақшаҳои беҳтар сохтани таъминоти қувваи барқ пеш аз ҳама манфиатҳои умумии минтақаро ба назар мегирем, зеро барои бо қувваи арзону аз ҷиҳати экологӣ безарари  барқ таъмин кардани мамлакатҳои минтақа омили муҳим ба шумор меравад.
Нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон ва обанборҳои он оби дарёҳоро талаф надода, дар давоми қариб ним аср ба тараққиёти саноат ва кишоварзии тамоми минтақа мусоидат менамоянд, ба туфайли онҳо дар минтақа даҳҳо шаҳрҳои бузург ва маҳалҳои дигари аҳолинишин бунёд карда, заминҳои дар давоми ҳазорсолаҳо ташналаб қобили кишт гардонда шуданд. Инро набояд аз хотирҳо фаромӯш кард. Бо назардошти мулоҳизаҳои мазкур, воқеаи имрӯза на танҳо нишондиҳандаи мусбати муносибатҳои Тоҷикистону Русия мебошад, балки, бешубҳа, барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти калон дорад. Зеро «Сангтӯда - 1» минбаъд ҳамчун ҷузъи таркибии силсилаГЭС-ҳои дарёи Вахш дар ободии минтақа саҳми калон хоҳад гузошт.
Хурсандиовар аст, ки Русия оғозгар ва ташаббускори ҳамкорӣ дар ин соҳаи муҳимтарин мебошад ва Тоҷикистонро бо ин мамлакат муносибатҳои анъанавии неки дӯстона ва эҳтироми мутақобила мепайванданд. Мо, ҳамеша, хусусан солҳои аввали душвори мустақилияти мамлакатамон кӯмаку дастгирии ҳамаҷониба ва ҳамдилии самимонаи дӯстони русиягии худро ҳис кардаем.
Бояд гуфт, ки НБО-и «Сангтӯда - 1» дар қаламрави ИДМ иншооти бузургтарини энергетикӣ мебошад, ки бо иштироки давлат ва ширкатҳои Русия сохта шуд. Дар сохтмони он бештар аз 50 корхонаю муассисаи соҳаи сохтмони Тоҷикистон ва Русия ширкат варзиданд. Таҷҳизот ва асбобу анҷоми зарурии нерӯгоҳро теъдоди хеле зиёди корхонаҳои саноатии Русия сохта, дастрас намуданд. Дар сохтмони нерӯгоҳ тақрибан 5 ҳазор нафар кор кард, ки бештар аз 80 фоизи онҳо мутахассисони тоҷик мебошанд.   
Тибқи нақша, НБО-и «Сангтӯда - 1» бо таҷҳизоти навтарини имрӯзаи сохти Русия муҷаҳҳаз гардонда шудааст ва иқтидори умумии он 670 мегаватт мебошад. Ҳамин тариқ сохтмони нерӯгоҳ боз як шаҳодати ҳамкории мамлакатҳои мо буда, ба барқарор гардидани муносибатҳои бародаронаи Тоҷикистону Русия дар соҳаи энергетика имконият фароҳам сохт. Чунин муносибати бародарона дар давраи шӯравӣ вуҷуд дошт ва анъанаҳои пурғановати эҳтиром, дастгирӣ ва расондани кӯмак ба ҳамдигарро ифода менамуд.
Умедворем, ки баъди ин ташаббусҳои нав ба нави ҳамкории самарабахши ҳар ду мамлакат ба миён гузошта мешаванд. Онҳо заминаи шарокати стратегии Тоҷикистону Русия буда, ба оянда нигаронида шудаанд ва роҳбарияти ҳар ду мамлакат азми қавӣ дорад, ки барои пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор додани нерӯю имкониятҳои бузурги муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ созад.
Дар ин бобат, меҳнати самарабахшу фидокоронаи якҷояи Шумо, дӯстони азиз, сазовори баҳои баландтарин буда, саҳми арзандаи ҳар кадоми Шумо барои ғанитар гардондани анъанаҳои дӯстона ва мустаҳкамтар сохтани муносибатҳои давлатҳо ва халқҳоямон хоҳад гашт.
Дар хотима бори дигар ҳамаи бинокорон, муҳандисон, лоиҳакашон ва ҳамаи онҳоеро, ки дар бунёди ин иншооти бузурги саноатии дӯстӣ - НБО-и «Сангтӯда - 1» саҳм гузоштаанд, самимона муборакбод мегӯям. Ба истифода дода шудани ин нерӯгоҳ, бемуҳобот, дар таърихи муносибатҳои мутақобилан муфиди мамлакатҳоямон саҳифаи нав боз хоҳад кард.
Ба ҳамаи шумо барори кору саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори фараҳмандонаи оилавӣ таманно дорам.
Ба ҳамаатон ташаккур!

Сешанбе, 4 августи  соли  2009. № 97 (21 604). Соли 85-уми нашр.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 566

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед