logo

иҷтимоиёт

ҲАМКОРӢ ОМИЛИ АСОСИИ КАМОЛОТИ НАСЛИ НАВРАС

Таълиму тарбия раванди хеле тӯлонист, вале низом ва пайвастагии хоси худро дорад. Муддате аз ин раванд дур мондан, бахусус, дар марҳилаи ташаккулёбии ҷисмонӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии кӯдак то расидан ба ҳафтсолагӣ натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Бо пеш овардани мушкилоти ночиз ва сабабҳои нокифоя кӯдакон набояд аз таълиму тарбия дур монанд. Яке аз принсипҳои асосии таълиму тарбияи томактабӣ ҳамкории муассисаи таълимии томактабӣ бо оила маҳсуб меёбад.

Пас, аз рӯйи принсипи ҳамкории муассисаи томактабӣ бо оила масъалаҳои ҳалталаби марбут ба имрӯзу ояндаи кӯдакону наврасон бояд дар якҷоягӣ баррасӣ ва матраҳ гарданд. Мутаассифона, камтаваҷҷуҳии иддае аз падарон бараъло эҳсос мегардад. Ҳатто дар баррасии масъалаҳои воқеан мубрам дар маҷлису ҷамъомадҳо танҳо модарон ё бародару хоҳари таълимгиранда ширкат менамоянд. Ҳамкории самарабахши таблиғотӣ барои тақвияти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон духтарону занон бо мақсади бунёди оила ва тарзи ҳаёти солим, роҳҳои муосири пешгирии касалиҳои венерикӣ, нашъамандӣ ва ҷинояткорӣ, дастрасии бештари ҷавонон ва наврасон ба марказҳои маърифатӣ-фарҳангӣ, варзишӣ ва ҷалби кӯдакону наврасон ба варзиш аз омилҳои мусбати раванди ҳамкориҳо маҳсуб меёбанд.
Раванди ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати навъҳои муосири технологияи иттилоотӣ-мухобиротӣ барои дастрасӣ ба иттилоъ ва донишомӯзӣ, бахусус, ба воситаи шабакаи ҷаҳонии интернет, ки сомонаҳои бешумори омӯзишӣ, таълимӣ, маърифатӣ ва донишандӯзӣ дорад, хеле муфид, мувофиқ ва дастрас аст. Аммо бар замми паҳлуҳои мусбат, ҳамчунин ҷанбаҳои манфии он барои шахсони ноогоҳ, бахусус, кӯдакон, ҷавонону наврасон хатар дорад, зеро маҳз тавассути сомонаҳо ва бозиҳои дилхушкунанда ҷалби ҷавонону наврасони аз назорати волидайн дурмонда ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоиву террористӣ сурат мегирад. Пас суоле ба миён меояд, ки асосан кадом омилҳо сабаби ноогоҳӣ ва ё бесаводиву бедонишӣ мегардад?   Маҳз як муддат аз таълиму тарбияи дуруст дур мондан ва  мавҷуд набудани фазои солими оила яке аз омилҳои асосии гароиш ва тақлиди ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва пайравии ҷавондухтарон аз либоспӯшии фарҳанги бегона мебошад.
Мусаллам аст, ки инкишофи маънавии кӯдак бо омӯзиши таҷрибаи маънавӣ ба воситаи намудҳои гуногуни фаъолият, ба мисли бозӣ, меҳнат, муошират бо калонсолон ба даст меояд. Вале бекорӣ ва бешуғлии падару модарон ба раванди ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ ва ояндабинии фарзандон бетаъсир намемонад. Тавре аз дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ таъкид кардаанд, тавассути фарогирии калонсолон ва занону ҷавонон бо шуғли пурсамар, ба таври ҷиддӣ ба роҳ мондани касбҳои мардумӣ, ҳунарҳои дастӣ ва кори хонагӣ дар байни аҳолӣ, ҳам манбаи даромади рӯзгор ва ҳам воситаи тарбияи меҳнатдӯстии фарзандон мегардад. Ҳар як фарзанд аз падар ё модари соҳибҳунари худ ифтихор менамояд, заҳмати волидайнро қадр намуда, ҳатман касб ё ҳунареро азхуд мекунад.
Гулҷаҳон ШЕРАЛИЕВА,
мудири ширхоргоҳ - кӯдакистони
навъи санатории № 76 - и ноҳияи Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2017    №: 26    Мутолиа карданд: 2000

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед