logo

энергетика

БАРҚИ 24 – СОАТА. МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАР ДОШТА БОШЕМ

Бардошта шудани маҳдудияти интиқоли неруи барқ аз 14 - уми январи соли ҷорӣ барои мардуми деҳот, ки солиёни зиёд вобаста ба камбуди ин неруи зиндагибахш мушкил  доштанд, ба иди воқеӣ табдил ёфт. Таъмини рӯшноию гармӣ ба ҳар хонадон ва ҳамчунин, дар муассисаҳои иҷтимоию корхонаҳои истеҳсолии кишвар фоли неку умедбахш аст. Зеро дар ин замина даҳҳо коргоҳҳои истеҳсолии камфаъол бо неруи пурра ба кор даромада, ҳазорҳо ҷойи корӣ таъсис меёбад.
Ин иқдоми созанда, ки бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат роҳандозӣ шудааст, аз ҳамаи истифодабарандагони неруи барқ, масъулияти бештарро тақозо менамояд. Пеш аз ҳама моро зарур аст, ки дар баробари истифодаи сарфакорона, ҳамзамон пардохти бетаъхири ҳаққи истифодаи барқро таъмин намоем. Дар баробари ин, масъулони соҳаро зарур аст, ки дар бартарафсозии баъзе аз камбудиҳои ҷузъӣ дар ин самт таваҷҷуҳи бештар намоянд. Дар назар дорам, ҳолати симчӯбҳои фарсударо, ки проблемаи муштараки аксар шаҳру ноҳияҳои кишвар маҳсуб меёбад.
Тибқи иттилои ШСХК «Барқи тоҷик», имрӯз дар ҳамаи хатҳои интиқоли барқи ҷумҳурӣ 332 ҳазор пояи хати барқӣ пӯсида дар ҳоли садамавӣ қарор доранд. Ширкат бо сабаби надоштани имконоти молиявӣ наметавонад ҳамаи онро дар фурсати кӯтоҳ пурра иваз намояд.
Ғолиб Убайдуллозода, муовини раиси ШСХК «Барқи тоҷик», дар суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» дар ин бора чунин гуфт: «Соли 2016 дар ҷумҳурӣ 3096 симчӯби нав насб шудааст, ба истиснои минтақаи шимоли кишвар. Бештари пояҳо дар маҳаллаҳое насб шудаанд, ки муҳоҷирони дохилӣ, аз ҷумла сокинони минтақаи зериобшавандаи НБО Роғун, зарардидагони офати табиии ноҳияи Ашт ва шаҳри Кӯлоб, хона бунёд кардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки кашидани хати интиқоли барқӣ ба дӯши ШСХК «Барқи тоҷик» нест. Аммо барои сокинони ноҳияи Нуробод, ки аз минтақаи зериобшавандаи неругоҳи Роғун ба ноҳияи Данғара ва шаҳри Турсунзода кӯчонда шуданд, ширкат муваззаф шуд маҳаллаҳои навбунёдро бо хати интиқоли барқ таъмин созад».
Ҳоло дар ҷумҳурӣ маҳаллаҳои навбунёде ҳастанд, ки ба хати барқ пайваст нестанд. ШСХК «Барқи тоҷик» инро вазифаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ медонад. Аммо вазифаи худ, яъне пурра иваз намудани симчӯбҳои пӯсидаро, ки қариб дар ҳама навоҳии кишвар ба чашм мерасанд, ба солҳои оянда ба таъхир мегузорад.  
Барои мисол, дар ноҳияи Данғара зиёд будани симчӯбҳои пӯсидаву садамавӣ боиси сар задани садама дар хатҳои интиқоли неруи барқ ва ташвиши сокинони деҳот мегардад. Дар ноҳия, ки дар маҷмӯъ 598,3 километр хати барқ дорад, аз теъдоди 13241 симчӯб 7391 адади онҳо дар ҳолати садамавианд. Соли 2016 аз ин миқдор танҳо 167 симчӯб иваз шудаасту халос. Агар кор бо ҳамин суръат  идома ёбад, пас, барои иваз намудани симчӯбҳои пӯсида чанд сол лозим мешавад?
Аскар Сангалиев, устои барқи зеристгоҳи барқӣ дар Ҷамоати деҳоти Себистон, мегӯяд, ки дар хати барқии ЛСТ-3, ки деҳаи Иғронро бо барқ пайваст мекунад, 15 симчӯб фарсуда аст. Симчӯбҳои ин хати барқӣ соли 1975 насб шудаанд. Ин ҳолат дар хати барқии деҳаи Шамолдара низ зиёд ба чашм мерасад. Аз ҳисоби симчӯбҳои пӯсида ҳар лаҳза ба амал омадани садамаҳои барқӣ имконпазир аст.
- Аз ҳисоби набудани шароити молиявӣ имкони сари вақт ва пурра иваз кардани симчӯбҳоро надорем. Ҳар сол ба ШСХК «Барқи тоҷик» бо мактуб муроҷиат мекунем ва ширкат низ дар доираи имкониятҳояш симчӯби нав медиҳад, аммо талабот ҳанӯз қонеъношуда боқӣ мемонад. Яке аз сабабҳои асосии пурра иваз нашудани симчӯбҳои садамавӣ сари вақт пардохт нагардидани ҳаққи истифодаи неруи барқ аз ҷониби истеъмолгарон аст. Қарзи аҳолӣ, идораву ташкилот ва корхонаҳои ноҳия боиси нигаронии нозирони барқ гардидааст, - гуфт Илҳом Кенҷазода, директори ҶСК «Шабакаҳои барқи Данғара», дар робита ба ин мавзӯъ.
Воқеан, аз рӯи маълумоти ҶСК «Шабакаҳои барқи Данғара», давоми соли 2016 аз ҷониби нозирони барқ дар байни аҳолӣ 419 ҳолати истифодаи ғайриқонунии барқ ошкор гардида, ин ашхос ҷаримабандӣ шудаанд.
Масъулони ШСХК «Барқи тоҷик» борҳо аз сари вақт пардохт нагардидани маблағи истифодаи барқ изҳори нигаронӣ карда, пайваста иброз медоранд, ки дар ҳолати пардохт нашудани маблағ имкони сари вақт ва пурра иваз кардани трансформаторҳои куҳна, симчӯб ва дигар асбобҳои барқиро надоранд.
Тибқи иттилои ширкат, қарзи дебитории ШСХК «Барқи тоҷик» дар соли 2016 аз ҳисоби истифодабарандагони неруи барқ ва гармии  206,5 миллион сомониро ташкил дода, қарзи умумии ширкат ба 1 миллиарду 557,7 миллион сомонӣ расид. Аз ҳама қарзи калон ба дӯши Агентии беҳдошти замин ва обёрист, ки 391,3 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Пас ҷавобан ба ғамхориҳои давлату ҳукумат моро низ зарур аст, ки    уҳдадориҳои худро дар самти пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи неруи барқ бетаъхир иҷро намоем. То ШСХК «Барқи тоҷик» якҷо бо шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳо барои иваз намудани симчӯбҳои пӯсида имкони беҳтару бештар дошта бошанд. Зеро сар карда аз оғози фасли сармо чанд ҳолати сар задани садама ва қатъ гардидани неруи барқ ба чашм расида, аҳолии баъзе маҳаллаву деҳаҳоро ба ташвишу саргардонӣ рӯ ба рӯ намудааст.
Л. ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2017    №: 26    Мутолиа карданд: 9438

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед