logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ ШАҲРИ БЕҲТАРИНИ ОЯНДАДОРИ САЙЁҲӢ ДАР ҶАҲОН ЭЪТИРОФ ГАРДИД. ОРОМӢ, ОЗОДАГӢ ВА ЗЕБОИИ ОН ВИРДИ ЗАБОНҲОСТ

Душанбе -   пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии (рейтинги) шаҳрҳои аз нигоҳи туризм ояндадор мувофиқи таҳқиқоти ширкати маъруфи «Mastercard» ҷойи аввалро соҳиб гашт. 

Дар асоси ин пажӯҳиш маҷаллаи сайёҳии  «34travel»   5 шаҳри  аз лиҳози имконоти рушди  соҳаи сайёҳӣ ояндадор  – Душанбе, София, Бухарест, Касабланка ё Дор-ул-Байдо ва Бостони Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро  беҳтарин донист, ки дар байни онҳо  пойтахти Тоҷикистон дар мақоми аввал меистад. Маҷалла дар бораи шаҳри Душанбе чунин навиштааст:
«Табиати кӯҳистонаш поку ором аст. Соли  2015 шумораи сайёҳон дар  Тоҷикистон нисбат ба як соли пеш ду маротиба афзуд. Барои  онҳое, ки орзуи дидани табиати зебоманзари ин мамлакат, аз ҷумла қуллаҳои осмонбӯси  кӯҳҳои Бадахшон ё ошноӣ бо ганҷинаи ёдгориҳои оини даврони Зардуштро дар дил мепарваранд, дар Душанбе – пойтахти Тоҷикистон имконияти васеи хизматрасонӣ  мавҷуд аст. Номи Душанбе  маънои рӯзи нахустини ҳафта буда,  ишора ба он мекунад, ки сафари худро аз ҳамин макон бояд оғоз кард.  Хӯрдани  оши палов - яке аз хӯрокҳои машҳури миллӣ ва шириниҳои тоҷикӣ басо ҳаловатбахш аст».
Муаллифони таҳқиқот  дар Душанбе ҳатман тамошо кардани осорхонаҳои бостонӣ, археологӣ ва этнографиро ба туристон машварат дода,  навиштаанд:   «Ҷиҳати баҳравар гардидан аз мероси гаронбаҳои таърихӣ дар ин мамлакат шароити мусоид мавҷуд аст.  Бузургтарин ҳайкали Буддои хобида дар Осиёи Марказӣ  дар Душанбе ба маърази тамошо  гузошта шудааст».
Мақоми аввалро соҳиб гаштани шаҳри Душанбе аз рӯйи таҳқиқоти ширкати маъруфи ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама, аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат дар самти рушди сайёҳии кишвар маншаъ мегирад.
Дарёи хурӯшони Душанбе аз қуллаҳои барфпӯши қаторкӯҳҳои Ҳисор сарчашма гирифта, аз миёни шаҳр  ба сӯйи водии Вахш равон аст. Аз самти ҷанубии он  дарёи шодоби Кофарниҳон тӯл кашидааст. Дар болотари шаҳр дараи хушманзару фараҳбахши  Варзоб ҷойгир буда, дар он мавзеи лижаронии «Сафед – дара», маконҳои кӯҳнавардӣ ва оббозӣ мавҷуданд.  Аз  тарафи шарқии пойтахт дар масофаи хеле наздик дараи зебоманзар ва барои шикор мувофиқи Ромит  ҷойгир аст.  Дар  мавзеъҳои хеле салқини  наздики шаҳри Душанбе  – дараҳои Варзобу Ромит ва водии Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод барои сайёҳон маконҳои хуби тамошо ва  истироҳату фароғатанд.  
Душанберо имрӯзҳо шаҳри гулҳо, сулҳ,  диёри дӯстию  бародарӣ ва макони орому осудаи зиндагии одамон ном мебаранд. Пойтахти Тоҷикистон ба маконе мубаддал гашта истодааст, ки ба ҳар нафари аз гӯшаҳои ҷаҳон омада ҳаловати аҷибу рӯҳи тоза мебахшад. Ҳоло оромӣ, озодагӣ ва зебоии Душанбе дар ҷаҳон вирди забонҳост.
Сайёҳони хориҷӣ ҳангоми тамошо аз гӯшаю канори Тоҷикистон бо фараҳмандӣ аз озодию оромӣ ва зебоии табиати биҳиштосо дар ин диёр тавсиф менамоянд. 
Елена Прус, хабарнигори Агентии миллии иттилоотии Беларус “БелТА”, дар бораи  сафараш ба  Тоҷикистон чунин мегӯяд:
- Ростӣ, мафтуни зебоии шаҳри Душанбе гардидам. Ҳангоми сайругашти шомгоҳӣ дар хиёбонҳо аввал аз фаввораҳои зебо ҳаловат бурдам. Баъдан аҳромҳои бузурги  аз харбузаю  тарбуз сохташударо тамошо намуда, дар ҳайрат мондам.  Чор рӯзе,  ки дар  Тоҷикистон будам, аз лаззати меваҳои шаҳдбор ва хӯрокҳои хуштаъм  бо табъи дил истеъмол  кардам.  Шаҳди меваҳо,  мазаи нону ош,  самбӯсаҳо ва  қурутоби мардуми тоҷик то дер боз дар  хотирам маҳфуз хоҳад монд. Тоҷикистон барои қабули сайёҳони бешумор   омода буда, шароиту имконияти ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ дорад.  Майдони  "Дӯстӣ,"  Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, майдони "Нишони давлатӣ," парчами баландтарини ҷаҳон ва Кохи Наврӯз дар шаҳри Душанбе аз ҷойҳои  тамошобобу дидании дунёанд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2017    №: 26    Мутолиа карданд: 2074

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед