logo

ҳуқуқ

ҶАЛАСАИ СЕЛЕКТОРӢ. НИГАРОНӢ АЗ ҲАРАКАТҲОИ КОРРУПСИОНӢ ВА ТАЪКИД БА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он бояд бо ахлоқи ҳамида, рафтору кирдор, ватандӯстиву ватанпарастӣ намунаи ибрати дигарон бошанд ва дар пешгириву мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта тамоми кӯшишу ғайрати худро равона созанд. Зеро Вазорати корҳои дохилӣ низ яке аз субъектҳои муборизабаранда бо коррупсия мебошад.

Ин матлабро Рамазон Раҳимзода зимни ҷаласаи селекторӣ (видео - конфронс), ки 31 январ доир гардид, баён намуд. Тибқи гузориши сомонаи вазорат, дар ҷаласа масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, пешгирии ҳаракатҳои коррупсионӣ дар байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ, риояи қонуният ва интизоми хизматӣ, пурзӯр намудани корҳои профилактикӣ - фаҳмондадиҳӣ дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни ҷаласа Рамазон Раҳимзода содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбиро ташвишовар арзёбӣ намуда, ба баъзе роҳбарони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ки кормандонашон даст ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ задаанд, ҷазои интизомӣ татбиқ намуд.
Гул Маҳбуба, масъули сомонаи вазорат, дар суҳбати телефонӣ бо хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки ҷаласаи мазкур тариқи камераҳои видеоӣ ва пахши мустақими овозӣ сурат гирифта, роҳбарият ва кормандони тамоми сохторҳои вазорат дар ҷараёни он қарор доштанд. Вазири корҳои дохилӣ дар рафти ҷаласа оид ба татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ҳарф зада, ҷиҳати иҷрои босамари ин барнома ба масъулини ниҳодҳои дахлдори вазорат супоришҳои мушаххас дод. Бо назардошти таъсири манфии коррупсия ба рушди ҷомеа таъкид шудааст, ки бояд дар мубориза алайҳи ин зуҳурот дастаҷамъона иқдом кард.
Нигаронии вазири корҳои дохилӣ аз ҷиноятҳои коррупсионӣ дар байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳолест, ки Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, низ аз содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ аз сӯи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ изҳори таассуф намуд. Номбурда дар суҳбат бо хабирнигорон гуфт, ки “Мутаассифона, баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки худ масъули мубориза бо коррупсия мебошанд, ба содир намудани 145 ҷинояти коррупсионӣ даст задаанд”. Тибқи омори пешниҳодшуда, дар ин миён кормандони мақомоти корҳои дохилӣ низ истисно нестанд.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2017    №: 26    Мутолиа карданд: 2251

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед