logo

иҷтимоиёт

ЭЪТИМОД БА ҶАВОНОН УМЕД БА ФАРДОИ ДУРАХШОН АСТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудан дар яке аз суханрониҳояшон мавқеи давлатро дар муносибат ба масоили ҳалталаби ҳаёти ҷавонон муайян намуда, гуфта буданд: «Роҳбарияти давлате, ки бештар аз ҳафтод дарсади аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳад, танҳо дар сурате соҳибнуфуз мешавад ва кораш пеш хоҳад рафт, ки ин неруи бузургу солим аз сиёсати он пуштибонӣ кунад».

Маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 феврали соли 1993 бо ҷавонон вохӯрӣ доир гашт ва минбаъд ин мулоқоту гуфтугӯҳо ба ҳукми анъана даромаданд. Дар ин суҳбатҳои рӯ ба рӯ бисёр камбудиву норасоиҳо ошкор ва мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 4 сентябри соли 1993 Сарвари давлат дар чорабиниҳои ташкилнамудаи Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба муносибати дувумин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ширкат ва суханронӣ намуданд ва ба ҷавонон рӯ оварда гуфтанд: «Ҳукумати феълии Тоҷикистон ба ақлу заковати ҷавонон боварии калон дорад ва ман аминам, ки ҷавонон қувваи азими пешбарандаи ҷамъиятанд». Суханронии Сарвари давлат 17 марти соли 1994 дар нахустанҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ки таҳлили чуқури вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии мамлакат ва пешомадҳои онро дар бар мегирифт, ба барномаи кору рӯзгори ҷавонон табдил ёфт. Маҳз дар ҳамин анҷуман Сарвари давлат ҷавононро неруи пешбар ва созанда номида, дар назди онҳо вазифа гузоштанд, ки фаъолияти хешро ба пойдории сулҳу субот дар кишвар ва якдигарфаҳмию ваҳдат, ободу сарсабз намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол равона созанд.
Чун  идомаи мантиқии тадбирҳои андешидашуда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни  ироаи  Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 - ро Соли ҷавонон эълон карданд. Ин иқдоми нек ва бамаврид аз таваҷҷуҳи хоса ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон шаҳодат медиҳад. Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар  меҳвари  фаъолияти  Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳо ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат намуда, дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас мегузоранд. Дар баробари ин, ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.
Президенти кишвар дар Паёми навбатии худ зикр карданд, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгароёна ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем ва бовар дорем, ки онҳо бо ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз саҳми арзанда  мегузоранд.
Исфандиёр СОБИРЗОДА,
ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Гулмурод ХУШВАҚТОВ, мудири кафедраи илмҳои гуманитарӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2017    №: 26    Мутолиа карданд: 2027

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед