logo

иқтисод

ЧАРО ҲОСИЛНОКИИ ПАХТА КАМ ШУД? ДИВЕРСИФИКАТСИЯ ВА ИНТИХОБИ ТУХМИИ МУВОФИҚ

Ҳаҷми маҳсулоти соҳаи рустанипарварӣ зиёда аз 73 дарсади маҳсулоти молии кишоварзиро ташкил дода, дар таъмини амнияти озуқаворӣ нақши меҳварӣ дорад. Мутаассифона, мувофиқи маълумоти оморӣ, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 284705 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуда, ҳосилнокии умумӣ аз ҳар гектар 17,4 ва дар хоҷагиҳои деҳқонии алоҳида 10 - 12 сентнерро ташкил дод. Яъне, на танҳо самаранокии истеҳсолот таъмин карда нашуд,  балки аксар хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор зарари иқтисодӣ диданд, ки боиси нигаронист. Гармсели соли гузашта қисми зиёди ҳосили пахтаро нобуд кард, аммо чаро тухмии пахтаи ба гармсел тобовар накоштем?

Ҷои шубҳа нест, ки дар ҳама шароит, сарфи назар аз сохти хоҷагидорӣ ва ҳаҷми он, таъмини рушди иқтисоди кишоварзӣ бо такя ба дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаи пешқадам имконпазир мегардад.  Мутахассисон дар он ақидаанд, ки яке аз сабабҳои асосии паст будани ҳосилнокии замини пахта интихоби нодурусти кишти навъҳост, ки аз номуназзамӣ дар фаъолияти соҳа рух медиҳад. Ба ифодаи дигар, деҳқонон дар интихоби навъи тухмӣ на бо такя ба дастовардҳои илмӣ, балки таваккалӣ муносибат кардаанд.
Ҳосилнокии пасти пахта  дар соли гузашта зарурати  кишти селексияҳои ба гармсел тобовари  пахтаро  бори дигар собит намуд. Ҳар кӣ «дар ин ҷода илм пешниҳодҳои боэътимод надорад», мегӯяд, дастовардҳои илмро нодида мегирад ё аз онҳо бехабар аст. Корҳои илмӣ, машварату тавсияҳои Саид Пиров - олими шинохтаи соҳаи иқтисодиёти кишоварзӣ оид ба «Роҳҳои баланд бардоштани самаранокии соҳаи пахтакорӣ» мисоли гуфтаҳои болост. Устод вақте ҳанӯз олими ҷавон буд, дар хоҷагии овозадори собиқ ба номи Ленини ноҳияи Пролетар дастовардҳои илми муосирро дар амал татбиқ намуд ва хоҷагӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Танҳо дар соли аввали таҷриба ҳосилнокии пахта зиёда аз ду маротиба афзуд.
Паҳлуи хеле муҳими самаранокии  пахтакорӣ интихоби дурусти тухмии навъ ва селексия мебошад. Зиёда аз 30 дарсади ҳосили пахта аз навъи мувофиқи тухмӣ вобастагӣ дорад. Дар ин ҷода корҳои илмӣ - таҳқиқотии С. Пиров оид ба самаранокии истеҳсоли пахтаи навъи селексионии маҳиннах дар Тоҷикистон ҷолиби диққатанд ва  дар истеҳсолот исботи худро ёфтаанд. Парвариши пахтаи маҳиннах ҳатто дар марҳилаи аввал, яъне истеҳсоли ашёи хоми саноатӣ, метавонад даромаднокии соҳаи пахтакориро дар хоҷагиҳои пахтакори минтақаи Кӯлоб аз ҳисоби баланд будани ҳосилнокӣ ва нархи фурӯш то 1,5 - 2,5 баробар зиёд намояд.
Дастовардҳои хоҷагиҳои пешқадам  собит гардонд,  ки  самаранокии истеҳсоли пахта дар баробари дигар омилҳо аз интихоби селексияи пахтаи ба муҳити иқлими тағйирёбанда тобовар вобастагии калон дорад. Аз ин лиҳоз, дар истеҳсолоти кишоварзӣ, бахусус пахтакорӣ,    таваккалӣ амал кардан, яъне бе ба назар гирифтани тобоварии навъ ба гармсели тобистон,  ин ба камҳосилӣ ва дар бисёр маврид ба  барбод рафтани меҳнати солонаи деҳқон оварда мерасонад. Пахтакорони ботаҷриба хуб медонанд, ки ҳарорати баланди ҳаво, ба истилоҳи деҳқонон - гармсел, ба давраи авҷи ҳосилбандии пахта, аз он ҷумла навъи селексияи маҳиннах, ба  моҳҳои июну июл рост меояд.  Пахтаи  маҳиннах ба гармсел нисбатан тобовар аст ва ҳангоми гармсел низ камтар гулу шона мепартояд. Рақобати шадиди бозор  дар марҳилаи ҳозира ба самаранокии  истеҳсоли пахтаи маҳиннахи ватанӣ таъсири манфӣ расонда бошад ҳам, натиҷаи корҳои таҳқиқотӣ ҷиҳати кишти пахтаи  ба гармсел тобовар  моҳияти худро гум накардаанд.
Дар натиҷаи диверсификатсияи соҳаи тухмипарварӣ навъҳои ба гармсел тобовари тухмии пахта ихтироъ гардидаанд, ки баъзеи онҳо ба шароити иқлими мо хеле мувофиқанд. Яке аз ин навъҳо селексияи миёнанахи амрикоии ДП – 5111 мебошад. Нисбат ба дигар навъҳо ба гармсел тобовар будан бартарии асосии ин навъ аст.  Хоҷагиҳое, ки соли гузашта ин навъ тухмӣ кишт карданд, аз ҳар гектар 27 - 38 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд. Таҳқиқотҳо собит сохтаанд, ки дар марҳилаи аввал, яъне ҳатто дар ҳолати ҳамчун ашёи хом ба фурӯш баровардани ин навъи  пахта самаранокии истеҳсолот 20 – 25 дарсад зиёд мешавад. Мутаассифона, бинобар набудани иттилооти даркорӣ аз он хуб истифода намешавад. Ҳолатҳои  ҳамчун ашёи саноатӣ барои истеҳсоли равғани пахта истифода бурдани ин навъи тухмӣ, яъне  боло донистани манфиати наздик аз фоидаи хеле зиёди оянда ба назар мерасанд. Захираи тухмии имсола - 18,5 ҳазор тонна чигит миқдоран басанда бошад ҳам, аз ҷиҳати сифат талаботи пахтакоронро таъмин карда наметавонад, зеро миқдори навъҳои ба гармсел тобовар дар захираи умумии  тухмӣ хеле кам аст.
Дар илми иқтисодиёт диверсификатсия (гуногунгардонӣ) омили муҳими рушди истеҳсолот эътироф шуда, барои истеҳсоли маводи кишти рақобатпазир низ омили пешбаранда мебошад.
Бинобар ин, дар шароити ҷаҳонишавии иқтисоди миллӣ, аз  ҷумла иқтисодиёти кишоварзӣ, бояд аз диверсификатсия ҳамчун стратегияи маркетинг пурра истифода карда шавад. Механизми татбиқи ин стратегия  бо ташкили усулҳои муосири идоракунии истеҳсолот тариқи кластерҳои инноватсионӣ шакл мегирад. Воқеият доштани ин бартариятро  таҷрибаи  давлатҳои мутараққӣ ва рӯ ба инкишоф  собит месозад. Дар ин раванд диверсификатсияи истеҳсолот ба истеҳсоли моли инноватсионӣ замина гузошта, на танҳо самаранокии истеҳсолотро таъмин месозад, балки    дар таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ҳисса мегузорад. Хулоса, илми иқтисод  имрӯз дар пайи ҳалли масъалаҳои таъмини рушди босуботи соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ  фаъолият дорад ва ҳадаф он аст, ки бо пешниҳоди тавсияҳои муҷаҳҳазу асосноки илмӣ таваккалӣ идора кардани истеҳсолот, хусусан дар соҳаи кишоварзӣ  пешгирӣ шавад.
Ғаюр ДОСТИЕВ,
коршиноси масоили иқтисодӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2017    №: 26    Мутолиа карданд: 2230

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед