logo

ҳуқуқ

2016 СОЛИ МУБОРИЗАИ БЕАМОН АЛАЙҲИ ЗУҲУРОТИ КОРРУПСИОНӢ БУД

Соли гузашта, новобаста аз таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, дар маҷмӯъ соли пешравиҳои иқтисодӣ, дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат, муборизаи беамон алайҳи зуҳуроти коррупсионӣ ва дигар амалҳои номатлуб ба ҳисоб меравад. Ин дастовардҳо, пеш аз ҳама, дар натиҷаи сиёсати бунёдкорона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эътимоди комил доштани мардуми шарафманди кишвар ба ин сиёсат ба даст омадаанд.
Сулаймон  Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин матлабро зимни  ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар соли 2016 баён намуд. Ба гуфтаи ӯ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ, суханронӣ дар ҷаласаи васеи Шӯрои амният, вохӯрию мулоқотҳояшон бо аҳли зиё ва дигар қишрҳои ҷомеа бармеоянд, инчунин нақшаи чорабиниҳои агентӣ ва иҷрои талаботи ҷаласаҳои протоколӣ дар соли сипаришуда ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Санҷишҳои молиявӣ чӣ натиҷа доданд?
Дар ин давра, кормандони агентӣ дар вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳо 1190 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронда, ба маблағи 385,6 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор ва аз он 269 миллион сомониро ба давлат барқарор намуданд, ки 70 дарсади зарари ошкоршударо ташкил медиҳад. Аз маблағи умумии барқароршуда ба буҷет 161 миллион сомонӣ ва ба корхонаҳо 108 миллион сомонӣ рост меояд. Инчунин, дар муассиса ва корхонаҳои тафтишгардида ба маблағи 172 миллион сомонӣ истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ ошкор шудааст. Натиҷаи тафтишу санҷишҳои анҷомдодашуда собит сохт, ки камбудию норасоиҳои зиёди молиявӣ, хусусан аз ҳисоби изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 158 миллион сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 92 миллион, маблағҳои кам ҳисобишуда ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 68 миллион ва камомаду тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 40 миллион сомонӣ ба амал омадааст. Дар давраи ҳисоботӣ кормандони агентӣ дар 42 вазорату кумита ва сохторҳои тобеи онҳо 387 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронда, ба маблағи 93 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуданд, ки аз он 49  миллион сомонӣ ё 53 дарсад барқарор шудааст.                           
Тафтиш дар бист марказ ва гурӯҳҳои лоиҳаҳои инвеститсионии аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ва буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузоришаванда нишон дод, ки аз бемасъулиятии мутасаддиёни соҳа   ба давлат зиёда аз 38,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ расонда шудааст, ки маблағи нисбатан зиёди онро изофанависии корҳои сохтмонӣ 37 миллион сомонӣ ва маблағи кам ҳисобгардида ва  рӯйпӯшнамудаи андозҳо 943 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, дар 24 шаҳру навоҳӣ тафтиши маҷмӯи ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ анҷом дода шуд, ки дар ҷараёни санҷиши фаъолияти 645 идораву ташкилотҳои буҷетӣ зарари молиявӣ ба маблағи умумии 93 миллион сомонӣ ошкор гашт.
Ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои муайянгардида ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор 24 пешниҳод ирсол ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 637 маводи тафтишӣ, ба маблағи умумии зарари молиявӣ - 241,4 миллион сомонӣ, барои чораҷӯӣ фиристода шудааст.

Ошкорсозии ҷиноятҳои вобаста ба андоз
Кормандони агентӣ бо мақсади иҷрои муқаррароти Протоколи ҷаласаи Комиссияи доимамалкунанда оид ба тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот чорабиниҳои назоратиро мунтазам амалӣ намуда, дар рафти тафтишу санҷишҳои нақшавӣ муайян намуданд, ки 17 ширкати молтаъминкунанда талаботи протоколи мазкурро риоя накарда, ба маблағи 22,8 миллион сомонӣ молу ашёе, ки истеҳсолашон дар дохили кишвар ба роҳ монда шудааст, бо нархҳои гарон аз хориҷи кишвар ворид намудаанд.
Ба ғайр аз зарарҳои ошкорнамудаи самти назорати давлатии молиявӣ, саҳми кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳо дар соҳаи андози агентӣ дар ошкор намудани ҷиноятҳои андоз низ назаррас аст. Дар натиҷаи санҷишҳои муштарак бо мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2015 ва 11 моҳи соли 2016, ҷамъ ба маблағи 1 миллиарду 112 миллион сомонӣ пинҳонкунии андозро ошкор намудаанд, ки аз ин 427 миллион сомонӣ ба 11 моҳи соли гузашта рост меояд. Сабаби асосии роҳ додан ба камбудию норасоиҳои зикргардида, пеш аз ҳама, аз назорат дур мондани ин субъектҳо ва маҳдудият дар тафтиши фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ (бонкҳо) ва андозсупорандагон мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи агентӣ 1833 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд ошкор шудааст, ки 594 адади онро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 437 адади онро ҷиноятҳои дуздӣ бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ ташкил медиҳад. Инчунин, 553 ҷинояти қаллобӣ, 31 адад саркашӣ аз пардохти андозҳо, 87 ҷинояти вобаста ба порахӯрӣ, ришвадиҳии тиҷоратӣ ва гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ ошкор шудааст. Маблағи умумии зарари аз ин ҷиноятҳо расида 187,2 миллион сомониро ташкил дода, аз он 96,1 миллион сомонӣ барқарор ва барои рӯёндани маблағи боқимонда чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Додоҷон РӮЗИЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2017    №: 26    Мутолиа карданд: 2295

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед