logo

сиёсат

НИҲОЛШИНОНӢ ДАР НАВРӮЗГОҲ

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонда, ба вусъати маъракаи ниҳолшинонӣ ва сабзу хуррам гардондани муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.
Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Нишони давлатӣ ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва масъулони дигар идораҳои давлатӣ барои омодагӣ ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз, доир ба суръат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, вусъати маъракаи ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, баҳри ободу зебо гардондани гулгашту хиёбонҳо, боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон, хиёбони назди фурудгоҳ, майдони муҷассамаи Садриддин Айнӣ, инчунин роҳҳои марказии пойтахт дастуру ҳидоятҳо доданд.
Сипас дар майдони Наврӯзгоҳ Президенти мамлакат бо вазъи нашъунамои дарахтони сояафкану ороишӣ шинос шуданд. Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи нави бунёди гулгаштҳо дар майдони боғи Наврӯзгоҳи пойтахт шинос шуд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки барои боз ҳам зебо кардани ин мавзеъ ва ба як ҷойи хушманзара табдил додани он дарахтони зебои гулдор ва ниҳолҳои нодири ба саломатии инсон фоидаовар шинонда шаванд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти боғи Наврӯзгоҳ ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардондан, барои ба таври доимӣ фаъолият кардани шаршараи боҳашамату фаввораҳои назди он, чароғонкунӣ ва ба як мавзеи хуби сайру саёҳати сокинону меҳмонони пойтахт табдил додани боғ супоришҳои мушаххас доданд.
Боғи Наврӯзгоҳ соли 2014 бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд ва он дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ доман густурдааст. Боғи Наврӯзгоҳ дар миёни Қасри миллат ва майдони Наврӯзгоҳ қарор гирифта, дар баробари боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон ба маркази шаҳри Душанбе ҳусни тозае зам кардааст.
Дарахтони зебою нодири боҳашамати ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳое, ки аз гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар ба ин ҷо оварда шинонда шудаанд, аз ороишоти асосии боғ ба шумор мераванд.
Дар майдони 15 гектари боғи Наврӯзгоҳ дарахтони сосна, калина, туя, сирен, кедр, пихта, каталпа, можевелник, татум, магнолияи ҳамешасабз, чинор, берёзаи маҳаллӣ, каштан, барбарис, клёни сурх, лигуструм, кипарис, маҷнунбед ва гули садбарг шинонда шудаанд.
Аз ороишоти асосии дигари боғи навбунёди Наврӯзгоҳ шаршараи боҳашамат ва фаввораҳои назди он аст, ки бо пахши тугма аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кор дароварда шуда буд. Дар боғи Наврӯзгоҳ, ҳамчунин майдончаи бозию дилхушии кӯдакон мавҷуд аст.
Ороишу зебоиҳои боғи Наврӯзгоҳ маҳсули ғояҳои ободонию созандагӣ, зебоидӯстӣ ва салиқаи баланди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Наврӯзгоҳ як макони зебою дилоро барои сайру тамошо ва истироҳату фароғат аст, ки ба сокинону меҳмонони соҳибзавқи пойтахт пешкаш гардидааст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2017    №: 26    Мутолиа карданд: 2007

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед