logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ҲИКОЯТ
Султон Маҳмуд пире заифро дид, ки пушторае хор мекашад. Бар ӯ раҳмаш омад. Гуфт:
-     Эй пир, ду динор зар мехоҳӣ, ё дарозгӯше, ё ду-се гӯсфанд, ё боғ, ки ба ту бидиҳам, то (ки) аз ин заҳмат халос ёбӣ?
Пир гуфт:
-     Зар бидеҳ, то (ки) дар миён бандам ва бар дарозгӯше бинишинам ва гӯсфандон дар пеш гирам ва ба боғ биравам ва ба давлати ту дар боқии умр он ҷо биёсоям.
Султонро хуш омад ва фармуд чунон карданд.
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА


ДОНИШҶӮИ 70-СОЛА
Ғуломҳайдар Искандаров, донишҷӯи 70 - солаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав мебошад. Ӯ барои гирифтани маълумоти 7 – уми худ ба факултети забонҳои хориҷии ин донишгоҳ дохил шуда, бо шавқи беинтиҳои донишандӯзӣ ва серталабӣ нисбат ба худ устодону ҳамсабақони ҷавонашро дар ҳайрат гузоштааст.
Ӯ истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти «20 - солагии Истиқлолият» - и ноҳияи Дӯстӣ мебошад. Баъди 24 соли фаъолияти агрономӣ дар МТМУ № 30 - и зодгоҳаш омӯзгор шуда, ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ дарс мегӯяд. То ин дам соҳиби дипломи коллеҷҳои кишоварзӣ, технологӣ, омӯзгорӣ ва омӯзишгоҳи ҳарбӣ мебошад. Чанд сол пеш факултети филологияи тоҷики ҳамин донишгоҳро хатм намуда буд.
Бо вуҷуди ин, Ғ. Искандаров имсол ҳуҷҷатҳояшро барои гирифтани ихтисоси омӯзгори фанни забони русӣ супорида, комёб гашт. Ӯ ягона нафарест, ки дар синни бознишастагӣ таҳсилро идома медиҳад. Аз ин рӯ, раёсати донишгоҳ барояш имтиёз муқаррар кардааст. Тибқи он Ғ. Искандаров танҳо 50 дарсади маблағи шартномаи таҳсилро пардохт менамояд.
Таҳияи Л. ШАРИФ


ДЕ НОАЙ ВА САЪДӢ
Анна де Ноай Контесед (1876 - 1933), «Шаҳбонуи ҷаҳони адаб» - и Фаронса ошиқу дилбохтаи ашъори Шайх Саъдӣ ва Хоҷа Ҳофиз будааст. Ӯ дар фарҷоми рӯзгораш хонаи хурдеро бо услуби шарқиёна наққошиву кандакорӣ намуда, васият кардааст, ки дар ҳамин хона дафнаш бикунанд.
Дар пешгуфторе, ки ӯ ба тарҷумаи фаронсавии «Гулистон» - и Саъдӣ навиштааст, чунин меҳрномаи самимиро хондан мумкин аст: «Саъдиё! То диле дар дунё метапад ва то нигоҳе аз шайдоӣ ба нигоҳе дӯхта мешавад, ту бо мардуми ҷаҳон рози ишқу дилбарӣ хоҳӣ гуфт ва парешондилонро ором хоҳӣ кард ва тангчашмонро бахшандагӣ хоҳӣ омӯхт. Ҳасудонро ба оромиши хотир хоҳӣ хонд ва тирарӯзонро ба шодкомӣ ва хуррамдилӣ ошно хоҳӣ кард».
Ҳарчанд Анна де Ноай осори мондагори Саъдиро бо фаронсавӣ мехонад, аммо боз ҳам шукргузор аст, ки ин мутафаккири бузургро шинохтааст: «Саъдиё! Ман ҳамакнун нағмаҳои нағзи туро бо забони ғайр аз забони ту мехонам ва бо ин ҳама зебоии сеҳрангези онро эҳсос мекунам. Аммо дареғо, ки ман сокини сарзамине ҳастам, ки бо вуҷуди латофати осмон ва софии обҳову ларзиши шохаву баргҳои дарахтон қудрати рӯҳии дарки амиқи ин нағмаҳои ҷодуиро надорад, вале гулҳои сурхи Шероз дар гулбунҳо ва дар даруни гулдонҳои миноӣ, дар маҳтобиҳои Исфаҳон ҳамчунон атрафшонанд».
Де Ноай аз олами маънавии Саъдӣ паноҳгоҳ меҷӯяд: «Маро ба паноҳгоҳи воқеии дили ман, ба он ҷо, ки ин дил дар он наметавонад ором бигирад, раҳ намояд ва ин паноҳгоҳ сухани ту, манзумаҳои ту, лабханди риндонаи ту, мастии ту ва накҳати атрогини ғазали туст».
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ШИРИНСОЗИИ ОБИ БАҲР. УСУЛИ НАВИ ДАСТЁБӢ БА ЗАХИРАҲОИ ОБ
Тӯли чанд даҳсолаи охир дар кишварҳои муқтадири дунё, аз қабили Чину Амрико барои дастрасии бештар бо оби нӯшокӣ чораҳои  зиёд меандешанд.
Яке аз роҳҳои ҳалли ин  масъала ширинсозии оби баҳр аст. Ин усул, ки раванди хеле мураккаб ва тӯлонӣ дорад, яке аз роҳҳои афзудани сарчашмаҳои оби нӯшокӣ дар олам ба ҳисоб меравад.
Дар ин ҷода Чин пешсаф аст, зеро то охири соли 2015 - ум 121 лоиҳаи ширинкунонии оби баҳрро амалӣ намуд. Ченаки оби рӯзонаи аз ин ҳисоб тавлидшуда ба 100 миллиону 800 ҳазор тонна расидааст.
Таҳияи Умари ШЕРХОН


БУЗУРГТАРИН БОЗЁФТИ АСРИ XX
Соли 1922 бостоншинос  Говард Картер дахмаи Тутанхамон, фиръавни сулолаи XVIII – ро кашф намуд. Ин кашфиёт  дар илми бостоншиносӣ сарусадоҳои зиёдеро ба миён овард. Таҳқиқи он 5 сол идома ёфт. Баъди омӯзиш бозёфти дахма ва  худи Тутанхамонро муҳаққиқон дар илми бостоншиносӣ бозёфти бузурги илмӣ  хонданд.
Воқеан ҳам, ҳангоми бори аввал  кушодани дахма бостоншиносон ба ҳайрат афтоданд. Зеро дар дахмаи тиллоӣ ва тобути сангин  ҷисми мумиёшудаи Тутанхамон хеле хуб ҳифз шудаву то ба замони мо расида буд. Баъдан муайян намуданд, ки ӯ хеле ҷавон, дар 19 – солагӣ, ҷаҳонро падруд гуфтааст. Мисриён аз рӯйи  анъана ӯро бо тамоми дороӣ – сандуқҳои тиллоӣ, тахти заррин, ҷавоҳироту ҳайкалчаҳои гуногунаш дафн намудаанд. Хазинаи ӯ дар 4 толор, ки деворнигораҳои ҷолиб дорад, ҷойгир шудааст. Ҳоло дар ҷаҳон  ин бозёфт бо номи хазинаи Тутанхамон машҳур мебошад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ

 

- Одами мулоимтабиат кореро мекунад, ки аз ӯ хоҳиш мекунанд.
- Одами сангдил чӣ коре, ки хоҳиш карданд намекунад.
- Аблаҳ кореро мекунад, ки касе аз ӯ хоҳиш накардааст.
- Одами боақл на ҳар кореро мекунад, ки хоҳиш мекунанд.
- Танҳо хирадманд кореро анҷом медиҳад, ки зарур аст.
Таҳияи Лола РИЗОЕВА

 

ҚАЛЪАИ СУРХИ ДЕҲЛӢ
Он, ки яке аз зеботарин ва бузургтарин қалъаи дунё ба ҳисоб меравад, бо фармони Шоҳҷаҳони I дар пойтахти Ҳиндустон – Деҳлӣ эъмор мегардад. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо, сохтмони Қалъаи Сурхи Деҳлӣ, ки дар пайравии Қалъаи Агра бунёд ёфтааст, 16 апрели соли 1639 оғоз гашта, 16 апрели соли 1648 ба поён мерасад. Дар ибтидо он бо номи Қалъаи Муборак маъруф буд.
Шоҳҷаҳони I ба сохтмони қалъа меъморон ва бинокорони машҳури даврро даъват менамояд ва пас аз анҷоми иншоот аз шукӯҳу шаҳоматаш ҳамзамонон ба ҳайрат меоянд. Қалъа аз регрезаи сурх бунёд гашта, дарозии деворҳои он 2,5 километр ва баландияшон аз 16 то 33 метрро ташкил медиҳанд. Дар дохили қалъа масҷид, қасрҳои боҳашамат, толорҳо ва гулгаштҳое, ки ба дили ҳар бинанда фараҳ мебахшанд, бунёд ёфтаанд.
Толори беҳтарин ва зеботарини Қалъаи Сурхи Деҳлӣ Девони Хос ба шумор меравад, ки онро аз чор тараф аркҳо иҳота мекунанд. Дар толор на танҳо чорабиниҳои ҷашнӣ, балки мурофиаҳои судӣ низ баргузор мегаштанд. Маҳз дар ҳамин ҷо «Тахти товус», ки бо тиллои холис, алмос, зумуррад ва ёқути кабуд оро дода шуда буд, ҷой мегирифт. Вале бо сабаби он ки қалъа борҳо мавриди ҳамла қарор гирифт, «Тахти товус» соли 1739 ба яғмо бурда шуд.
Дар яке аз аркҳои толори Қалъаи Муборак суханони «агар дар рӯи олам биҳишт бошад, он ҳамин ҷост, он ҳамин ҷост» ҳаккокӣ шудаанд, ки ба қалами шоири бузурги классики тоҷик Амир Хусрави Деҳлавӣ тааллуқ доранд. Ва мақсади меъморон низ ҳамин буд. Шояд ба ҳамин хотир бошад, ки Қалъаи Сурхи Деҳлӣ сертамошобинтарин мавзеи пойтахти Ҳиндустон мебошад. Ва шояд ба ҳамин сабаб бошад, ки он ба рӯйхати мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гаштааст. Ва шояд ба ҳамин сабаб бошад, ки ҳар сол 15 август ба муносибати рӯзи истиқлолияти кишвар Сарвазири Ҳиндустон аз минбари Қалъаи Сурх ба мардум муроҷиат менамояд.  
Таҳияи Ш. ШОКИР


Ҳодисаҳои асроромез, сарбаста, пурмуаммо ҳамеша шавқи инсонҳоро бармеангезанд
АСРОРИ КАМПО – ДЕЛ – СЕЛО
Дар ҳамаи замонҳо мардум мепиндоштанд, ки Замин танҳо як ҳамсафари табиӣ дорад – Моҳ. Ба наздикӣ назарияе пайдо гашт, ки чунин нест. Дар мифологияи қадими мардумони дунё гуфта мешавад, ки ба Замин аз осмон ҷисми кайҳоние афтодааст: шаб аз само ситораҳо рехтанд, замин ба шиддат ларзид, таркид, кӯҳҳо аз ҷой ҷастанд, ҳамаро оташ фаро гирифт, сипас гирду атроф зери об монд… Шояд ҳамон вақт қитъаи Атлантида зери об фурӯ рафта бошад.
Дар шимоли Аргентина ноҳияи Кампо-дел-Село - «Майдони кайҳонӣ» доман густурдааст. Ин ном ривояти қадимии ҳиндувонро дар хусуси аз осмон афтодани кураи оташфишон ба ёд меорад. Ёддоштномаҳои куҳан хотиррас месозанд, ки истилогарони испанӣ аз ин мавзеъ оҳанпораи бузурге ёфта, аз он найзаву шамшер сохта будаанд. Дар соли 1576 Эрман Мексика де Миравали испанӣ аз хамии ботлоқзори Гран-Чако шимолтари Санта-Фе, пораоҳани бузургеро пайдо намуд. Ин корчаллон аз харсанги оҳанӣ порчаҳо ҷудо карда, барои қонеъ сохтани эҳтиёҷоташ истифода намудааст. Дон Рубин де Селис соли 1783 ба ин ҷо омада, вазни харсанги оҳаниро тахминан 15 тонна муайян кард.
Дар атрофи Кампо - дел - Село то ба имрӯз пораҳои метеорит ва харсангҳои оҳании аз 100 кило то чандтоннагиро меёбанд. Роберт Хаги амрикоӣ, олими соҳаи метеорит, соли 1980 аз наздикии маҳаллаи Ганседо харсанги оҳании 33, 4 тоннагиро ёфт, ки баъди «Метеорити Хоб», ки қариб 60 тонна вазн дорад, аз ҷиҳати гаронӣ дуюмин мебошад. Кратерҳои ноҳияи Кампо - дел - Село («Майдони кайҳонӣ») эллипсшакл буда, 17 километр дарозӣ ва 115 метр бар доранд. Чуқурии онҳо аз 2 метр ҳам мегузарад.
Олими донишгоҳи Колумбия У Кессиди соли 1961 бозёфтҳои Кампо - дел - Селоро таҳқиқ намуда, ба хулосае омад, ки онҳо аз оҳани холисанд ва на ба метеорит, балки ба сайёраи хурде тааллуқ доранд, зеро ҷои афтодани он 17 километрро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ӯ дар ҳолати таркиши метеорити бузург дар атмосфераи Замин пораҳои он танҳо дар ҳудуди 1600 метр «мерезанд», на дар 17 километр.  Хулосаи илмии нашрнамудаи Кессиди шӯру валваларо бархезонд. Садҳо ёрирасон пайдо гашт, онҳо ба ҷустуҷӯ баромаданд ва ҳатто аз дурии 75 километр аз «Майдони кайҳонӣ» нишонаҳои метеорити оҳаниро дарёфтанд.
Хулосаи ниҳоии экспедитсияи Кессиди чунин буд: метеорити бузургҳаҷм ба Замин на аз мадори наздиофтобӣ афтодааст. То ба Замин бархӯрдан ин ҷисми осмонӣ дар мадори эллипсшакли наздизаминӣ мечархид. Яъне, ҳамсафари табиии Замин – «Моҳ – 2» буд. Солҳои мадид чарх заду чарх заду оқибат ба Замин наздик омад ва ба атмосфераи Замин ворид гашту дар натиҷаи таъсири қувваи кашиши Замин  ба сайёраи мо уфтод.
Кай ин фалокати кайҳонӣ рӯй дод? Аз макони афтодаи метеорит дарахти ангиштшудае ёфт шуд, ки таърихи сӯхторро 5800 сол муайян намуд.
… Ҳанӯз 6 - 7 ҳазор сол пеш шабона дар осмони сари мо ду Маҳтоб нур мепошид. Ва баъд… Баъд, эҳтимол, ҳамон фалокате, ки ривоятҳо нақл мекунанд, сар зад: «Ситораҳои оташин мерехтанд,  замин меғуррид, меларзид ва метаркид. Дунё хароб мешуд». Дар натиҷаи фалокат мадори Замин ба 30 дараҷа тағйир ёфт ва шояд дар ҳамвориҳои Кампо - дел - Село ҷавоби асрори Атлантида ниҳон бошад?
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


ПАНДИ ЗИНДАГӢ
Аз ҳама асос – падар;
Аз ҳама наздик – модар;
Аз ҳама муҳим – саломатӣ;
Аз ҳама нохуш – сархушӣ;
Аз ҳама қабеҳ – хиёнат;
Аз ҳама бад – дурӯғгӯӣ;
 Аз ҳама мурдор – шикоят ва нолидан;
Аз ҳама беҳтар – мақсад доштан ва кӯшиши ба он расидан аст.
М. САНГМАМАДОВА


АГАР ДАР ХОНА ҶУРҒОТ БОШАД…
Талҳак, ки дар айни гармии ҳаво қариб беҳол шуда, ба хонааш расида буд, якбора фарёд зад:
- Ягон коса ҷурғот биёред, хӯрам, то тафси дилам паст шаваду ҳам меъдаам фоида бардорад.
Занаш гуфт:
- Як коса ҷурғот он тараф истад, як чумча ҳам нест!
Талҳак гуфт:
- Набошад, боз беҳтар, чунки ҷурғот ба кас зарари бисёр дорад.
- Шумо аҷаб одамед, - гуфт ҳамсараш ба ҳайрат афтода. - Аввал гуфтед, ки ҷурғот нафъ меорад, ҳоло мегӯед, ки зарар дорад. Охир кадомаш дуруст аст?
Талҳак ҷавоб дод:
- Агар дар хона ҷурғот бошад, сухани аввалаш дуруст аст, набошад, дуюмаш.
Таҳияи Б. БАҲОДУР


Ҷамъбасти соли 2016:  рӯйдодҳои асосии илм ва коинот
САЁҲАТИ КАЙҲОН. 200 000 ДОЛЛАР ЯК ЧИПТА
Ширкати хусусии «Virgin Galactic» аввалин озмоиши ҳавопаймои сайёҳии «VSS Unity»-ро гузаронд. Вақти парвоз 1 соату 20 дақиқаро ташкил дод, ки 10 дақиқаи он киштии кайҳонӣ дар мадори кушод қарор дошт.
Ин воқеаи муҳим барои сайёҳии коинотӣ мебошад.
«VSS Unity» - ро моҳи феврали соли 2016 муаррифӣ карданд. Таҷҳизот барои расондани 6 нафар сайёҳ ба мадори назди Замин ба баландии то 100 километр пешбинӣ шудааст. Арзиши сайёҳат барои як нафар 200 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Аллакай барои 800 нафар чиптаҳо ҷудо шудаанд. Байни онҳо олим Стивен Хокинг, ҳунарпеша Анҷелина Ҷолӣ ва сароянда Леди Гага мебошанд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


ҶАВОНТАРИН МИЛЛИАРДЕР
Тибқи иттилои маҷаллаи «Forbes» моликияти Марк Сукерберг асосгузори шабакаи иҷтимоии калонтарини дунё «Facebook» 50 миллиард долларро ташкил дод ва ӯ ҷавонтарин сарватманди дунё ҳисобида шуд.

Марк Сукерберг, ки ҷавонтарин тоҷири муваффақу кордони сайёра эътироф шудааст, 14 майи соли 1984 дар штати Ню - Йорки Америка ба дунё омада, аслан волидонаш ба техникаву компютер ягон робитае надоштанд. Падараш табиб ва модараш равоншинос мебошанд. Дар 10 - солагӣ падараш ба ӯ компютер тақдим намуду Марк ба таҳияи ҳар гуна бозиҳои компютерӣ машғул шуд.
Лоиҳаи нахустини ӯ ба шабакаи виртуалӣ кӯчондани бозии рӯимизии «Риск» буд. Соли 1996 Марки 12 - сола барномаи компютериеро бо номи «ZuckNet» таъсис дод, ки тавассути шабакаи маҳдуд аъзои оилаи онҳо бо ҳам муошират менамуданд. Лоиҳаи дуюми Марк «Facemash» мебошад, ки дар доираи он донишҷӯён имкон доштанд ба аксҳои беҳтарини муҳассилини Ҳарвард овоз бидиҳанд.
Лоиҳаи шабакаи иҷтимоии «Facebook» бошад, дар натиҷаи лоиҳаи «Facemash» ташкил ёфта, дар якҷоягӣ бо ҳамсабақонаш Эдуардо Саверин, Дастин Моковитс ва Крис Хюз тарҳрезӣ шуд. Дар муддати кӯтоҳ маъруфият пайдо кард. Аз ин рӯ, Марк барои сармоягузории шабакаи иҷтимоии «Facebook» ҳатто таҳсилашро тарк намуда, тамоми маблағи барои таҳсил пешбининамудаи волидонро, ки он замон 85 ҳазор долларро ташкил медод, ба ин шабака мебахшад ва чун шахси ҳуқуқӣ директори генералии «Facebook» мегардад.
Таҳияи Шаҳбоз АБРОР


ШОҲИ ДАНДОН
Радха Кришнан Велюи малайзиягӣ амали аҷиберо анҷом дод. Ӯ қатораеро, ки аз 6 вагон иборат буда, 297 тонна вазн дошт, бо дандонҳояш ба масофаи 2, 8 метр ҷониби худ кашид. Бо ин амалаш ӯ бо номи «Шоҳи дандон» машҳур шуда, шомили «Китоби рекордҳои Гиннес» низ гардид.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА


НОАДОЛАТТАРИН ДОВАРИИ БОКС ДАР ТАЪРИХИ ОЛИМПИАДА
На ба ҳама боксгарон муяссар мегардад, ки дар бокси ҳаваскор ва касбӣ ба қуллаҳои баланд бирасанд.

Рой Ҷонси хурдӣ медали бозиҳои олимпиро ба даст овард ва баъдан ҳар он чизеро, ки дар бокси касбӣ мумкин буд, соҳиб гашт. Аммо як ҳодисаи нангин ҳеҷ гоҳ аз ёдаш фаромӯш намешавад.
Ӯ дар синни 19 - солагӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Амрико дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1988 дар Сеул ширкат намуда, соҳиби медали нуқра гардид. Бохти боксгари амрикоӣ дар финал боиси сарусадоҳои бузургтарин дар бораи адолати доварон дар таърихи Олимпиада гардид. Таҳлилгарон куллан ба ин назаранд, ки доварон нисбати Ҷонс беадолатӣ намуданд. Рақиби Ҷонс Пак Си Хун аз Кореяи Ҷанубӣ аз тасмими гирифтаи доварон, ки ӯро баранда донистанд, дар ҳайрат монд. Дарвоқеъ, Ҷонси хурдӣ дар ҳамаи се раунд бартарии комил дошт. Дар раунди аввал аз 85 зарбаи задаи ӯ 20 – тоаш нишонрас буд, дар ҳоле ки Си Хун аз 38- 3 зарбаи бар ҳадаф дошт. Ба ин тартиб дар раунди дувум – Ҷонс 39/98, Си Хун- 15/71 ва раунди севум Ҷонс 36/120, Пак 14/73 зарбаҳои нишонрас анҷом доданд.
Доварон аз Иттиҳоди Шӯравӣ ва Венгрия пирӯзии шоистаи Ҷонсро ҷонибдорӣ намуданд, вале ҳакамони уругвайӣ ва марокашӣ муштзани кореягиро ғолиб донистанд. Довар аз Уганда натиҷаро мусовӣ арзёбӣ кард, аммо баъдан барои ғолибро муайян намудан раъйашро ба муштзани кореягӣ дод.
Пак Си Хун аз Рой Ҷонс барои ин беадолатии доварон узр пурсид ва иброз дошт, ки зӯрозмоиро бохт, аммо ҳадяи ҳакамон ӯро чемпиони Олимпиада гардонд.
Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба хотири ислоҳи ин ҳолати ногувор ба Ҷонс Ҷоми Вэла Баркирро, ки ба беҳтарин боксгари Олимпиада дода мешавад, тақдим намуд.
Беадолатии мазкур минбаъд боиси ҷорӣ намудани системаи шаффофтари доварӣ дар бокси бозиҳои олимпӣ гардид.
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2017    №: 27    Мутолиа карданд: 2603

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед