logo

фарҳанг

НАВРӮЗ АЗ РОҲ МЕРАСАД

Наврӯзи байналмилалӣ – 2017 соли равон дар шаҳри Турсунзода баргузор мегардад. Сокинони  он баргузории Ҷашни Наврӯзро дар шаҳри худ ҳамчун нишонаи муҳаббат, эҳтиром ва боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шаҳр арзёбӣ намуда, миннатдории самимии  хешро  ба Сарвари давлат изҳор менамоянд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани Ҷашни Наврӯз ситоди тадорукотӣ ташкил гардида, масъалаҳои вобаста ба ҷараёни омодагиҳо ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни мазкур ҳамарӯза таҳти назорати қатъӣ қарор дорад. Ба гуфтаи аъзои ситоди Наврӯзи соли 2017 он бояд аз лиҳози сифат, мазмун ва муҳтаво аз чорабиниҳои солҳои гузашта тафовут дошта бошад.
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, зимни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода, иброз намуд, ки «ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз хориҷи кишвар меҳмонони зиёд даъват карда мешаванд ва тантанаҳои имсола бо иштироки ҳунармандони давлатҳои доираи Наврӯз барпо мешавад. Шаҳри Турсунзода дорои таърихи куҳан ва  ҳунармандони соҳибкасб буда, итминон дорем, ки дар ҳамдастӣ базми зебои Наврӯзиро бо шукӯҳи хоса барпо ва таҷлил менамоем».
Бино ба иттилои Фирӯз Холиқов, котиби ситоди Наврӯз – 2017 бошад, омодагӣ ҷиҳати  иҷрои нақшаи чорабиниҳо муташаккилона идома дорад. «Дар макони баргузории чорабинӣ - варзишгоҳи «Металлург» корҳои таъмириву тармимӣ ва ободонӣ  оғоз гардиданд. Рӯйихати иштирокдорони барномаи театрикунонидашуда иборат аз 22 ҳазор нафар омода гардида, тибқи тақсимот иштирокчиён гурӯҳбандӣ шудаанд.  Айни  замон, бо онҳо дар 7 нуқта машғулиятҳо  гузаронда мешаванд. Дар мавзеи баргузории машқҳои барномаи театрикунонидашуда шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст», - иброз дошт Ф. Холиқов.
Бо мақсади ташкил намудани намоиши асарҳои рассомони кишварамон  таҳти унвони «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» ҷиҳати  дар Осорхонаи марказии шаҳр  омода  намудани гӯшаи махсус тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон бунёди як қатор иншооти муҳими ҷашниро ба нақша гирифтааст. Айни ҳол, дар 6  иншооти ҷашнӣ, ки бо иштироки меҳмонони олиқадр мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд, корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2017    №: 27    Мутолиа карданд: 2412

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед