logo

ҳуқуқ

2016 СОЛИ МУБОРИЗАИ БЕАМОН АЛАЙҲИ ЗУҲУРОТИ КОРРУПСИОНӢ БУД

Кадом ниҳод бештар ҷинояти коррупсионӣ содир кард?
Дар вазоратҳои маориф ва илм 90, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 103, нақлиёт 24, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ 31, ҷамъиятҳои саҳомӣ 266, соҳибкорони инфиродӣ 302, соҳаи бонкӣ 328 ва дигар идораву корхонаҳо 320 ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳамзамон, аз ҳисоби умумии ҷиноятҳои ошкоргардида 171 адади онро кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ содир намудаанд. Мутаассифона, баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки худ масъули мубориза бо коррупсия мебошанд, ба содир намудани 145 ҷинояти коррупсионӣ даст задаанд. Аз ҷумла ба вазоратҳои корҳои дохилӣ 57, адлия 20, мудофиа 12, Кумитаи андоз 15, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 15, Гвардияи миллӣ 6, ҳокимияти судӣ 11, мақомоти прокуратура 2, Агентии назорати маводи нашъаовар 3 ва ба Хадамоти  гумрук 4 ҷиноят рост меояд.

Беш аз 105 килограмм маводи мухаддир мусодира гашт
Кормандони агентӣ бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 464, аз 12 апрели соли 1996 «Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» як қатор чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ гузаронда, 10 ҷиноятро нисбат ба 19 нафар ошкор сохтанд. Аз муомилоти ғайриқонунӣ 105 килограмму 716 грамм, аз ҷумла 19 килограмму 898 грамм  героин, 83 килограмму 96 грамм ҳашиш, 2 килограмму 722 грамм афюн ва 8656 дона ҳабро ба миқдори 1 килограмму 908 грамм дарёфт ва мусодира гашт. Вобаста ба ин ҳолатҳо нисбат ба шахсони гунаҳгор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва тафтиши пешакӣ ба итмом расонда шуд. Парвандаҳо бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба судҳо ирсол гардида, бо ҳукмҳои судӣ гунаҳгорон муҷозот шуданд.

Бист адад силоҳи оташфишон дарёфт шуд
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 2, аз 2 декабри соли 1994 “Оиди гирифтани яроқу аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ аз аҳолӣ”, кормандони агентӣ зимни гузарондани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ ду ҳолати ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишонро ошкор карда, аз махфигоҳҳо 20 адад яроқи оташфишони  гуногунтамға дарёфт ва мусодира карданд. Вобаста ба ин ҳолатҳо низ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Пешгирии экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуб
Солҳои охир як қатор зуҳуроти номатлуб, аз қабили экстремизм, терроризм, радикализм ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Боиси нигаронист, ки ба сафи ин гурӯҳҳо бештар ҷавонон шомил мешаванд.  Бо мақсади пешгирии ин зуҳурот ҳамаи воҳидҳои фаврии дастгоҳи фаврӣ - агентурӣ ва дигар сарчашмаҳои ахборотдиҳӣ вазифадор гардиданд, ки аъзои ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, равияҳои экстремистӣ ва дигар гурӯҳҳои иртиҷоиро  муайян намуда, чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои фаврӣ 38 ахбори вобаста ба шомил шудани шаҳрвандон ба ин гурӯҳҳо ба даст омада, маводи зарурӣ барои санҷиш ва чораҷӯӣ ба Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуд. Инчунин, дар давраи сипарӣ бо гузарондани як қатор чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ 12 ҳолати иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиётҳои мусаллаҳона дар ҳудуди дигар кишварҳо ошкор гардида, нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва барои пешбурди тафтишоти пешакӣ ба Прокуратураи генералӣ фиристода шуданд.

Ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ
Дар соли сипарӣ ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ аз тарафи воҳидҳои агентӣ 1046 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурии хусусияти коррупсионидошта ошкор гашта, нисбат ба шахсоне, ки талаботи қонунро вайрон намудаанд, ба маблағи 847 ҳазор сомонӣ ҷарима татбиқ гардид, ки аз он 775 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид шудааст.
Дар ин давра ба роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои дахлдор 3121 дастури хаттӣ ва 967 пешниҳод оид ба бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда ирсол гардидааст. Дар натиҷаи баррасии ин дастуру пешниҳодҳо нисбат ба 408 нафар огоҳӣ, 392 нафар сарзаниш, 325 нафар танбеҳ татбиқ гардида, 177 нафар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод шуданд.
Дар ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар соли 2016 Сулаймон  Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тазаккур дод, ки ин ниҳод минбаъд низ дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  сармашқи кори худ намуда, бо мақсади пешгирии коррупсия ва омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда дар ҷумҳурӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамояд.
Додоҷон РӮЗИЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2017    №: 27    Мутолиа карданд: 2402

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед