logo

иҷтимоиёт

ВМКБ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИАТ БАРТАРАФ МЕШАВАНД

Боришоти зиёди барф  рӯзҳои 28 - 29  январ  дар минтақаҳои гуногуни Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  вазъи фавқулодаро ба миён овард. Баландии барф дар баъзе деҳаҳои  ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа  ва  Ванҷ беш   аз як метрро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти мақомоти обуҳавосанҷӣ  тайи  40 соли охир дар қаламрави вилоят чунин бориши барф ба мушоҳида нарасида буд.

Дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Роштқалъа  бештар аз 100 тарма фуромада, ҳаракати  нақлиётро  банд  кард. Барои рафъи ин мушкилот ва таъмини муназзами фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  таъҷилан ситоди доимоамалкунанда таъсис ёфта, ба он роҳбарони тамоми сохторҳои марбутаи вилоятӣ шомил гардиданд.
Дар ҷаласаи ситод, ки таҳти раёсати раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед доир гашт, роҳбарони гурӯҳҳои корӣ аз корҳои анҷомдода ҳисобот доданд. Мувофиқи маълумоти муовини аввали раиси вилоят Нуралӣ Риоев ва муовини раиси вилоят Тоҷиддин Назришоев, бо заҳмати шабонарӯзии роҳсозон 30  январ ҳаракати  мошинҳои сабукрав   дар шоҳроҳи Душанбе – Кулма (минтақаҳои Рӯшон - Хоруғ ва Хоруғ – Мурғоб) барқарор карда шуд.
Шодихон Ҷамшед зимни баррасии масъала изҳор намуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ин марҳилаи ниҳоят вазнин паси сар шуд. Роҳҳо  дар  баъзе  минтақаҳо  кушода  шуда, низоми кор дар тамоми соҳаҳо таъмин гашт, аммо корҳои  зиёд ҳанӯз дар  пешанд. Дар  баробари  ин,   Шодихон Ҷамшед ба намояндаи Агентии захираҳои моддии давлатӣ дар вилоят супориш дод, ки барои таъмини техникаҳои роҳсозӣ бо сӯзишворӣ  тадбирҳои зарурӣ андешанд. Зеро,  тавре  мушоҳида  мегардад, сӯзишвории  дизелии  механизмҳои  роҳсозӣ   дар  баъзе  минтақаҳо  аз сардӣ  ях  карда, боиси  кашол  ёфтани  корҳо  мегардад.
Дар ҷаласа гузориши роҳбарони идораву муассисаҳои вилоятӣ, аз ҷумла раёсатҳои маориф, тандурустӣ, идораи хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҷамъияти матлубот, шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар вилоят, шунида шуд. Мувофиқи иттилои сардори раёсати тандурустии вилоят Насрингул Некӯшоева муассисаҳои табобатии вилоят тибқи реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд.
Инчунин, кайд гардид, ки боришоти  зиёди  барф фаъолияти  мактабҳои баъзе  деҳотро  зери  хатар  мегузорад. Бинобар  ин,   супориш дода шуд, ки дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ  дар деҳоте, ки хатари тармафуроӣ вуҷуд дорад, муҳлати оғози таҳсил  тамдид карда  шавад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2017    №: 27    Мутолиа карданд: 2047

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед