logo

иқтисод

МАҲСУЛОТИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ ИСТАНБУЛ

Дар намоишгоҳи байналмилалии нахи пахта, ришта, маҳсулот ва таҷҳизоти нассоҷӣ, ки 2 феврал дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия ифтитоҳ ёфт, корхонаҳои нассоҷии «Ваҳдат текстил», «Ноҳид», «Олим текстайл», «Ресандаи Тоҷикистон», «ХИМА текстил» ва «Файзи истиқлол 2011» - и  Тоҷикистон маҳсулоташонро ба маъраз гузоштанд. Ҳадаф аз намоиш дарёфти шарикони тиҷоратӣ, омӯзиши  таҷрибаи ҳамтоён, шиносоӣ бо таҷҳизот ва технологияҳои пешрафтаи нассоҷию дӯзандагӣ ва бастани шартномаҳои  тиҷоратии судманд арзёбӣ мешавад. Дар намоишгоҳи байналмилалии Истанбул, ки 3 рӯз идома меёбад, корхонаю ширкатҳои беш аз  80 кишвар ришта, нахи пахта, техникаю технологияи муосир ва маҳсулоти нассоҷию дӯзандагиро ба намоиш гузоштаанд. Сафари намояндагони корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон ба Истанбул - маркази сайёҳӣ ва саноати нассоҷии Осиёю Аврупо бо мусоидати Барномаи Маркази байналмилалии тиҷорат оид ба беҳсозии рақобатпазирии маҳсулоти содиротии муассисаҳои хурд ва миёна ва баланд бардоштани иқтидори тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Котиботи давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодии Швейтсария маблағгузорӣ мешавад, ҷараён гирифт.
- Ширкат дар намоишгоҳҳои  байналмилалӣ имкон фароҳам  меорад, ки корхонаҳои нассоҷию дӯзандагии Тоҷикистон ҳамеша аз  дастовардҳо ва технологияҳои  насли нав огоҳ бошанд, то ба рақобати шадиди бозори  ҷаҳонӣ тоб оварда тавонанд. Ҳамчунин, воситаи хубанд барои омӯзиши амиқи соҳа, дарёфти шарикони корӣ, обрӯи байналмилалӣ ва ба фурӯш баровардани  маҳсулот, – гуфт Саймуъмин Камолов,  масъули дафтари Маркази байналмилалии  тиҷорат дар Тоҷикистон, ба хабарнигори «Ҷумҳурият».
Ба андешаи ӯ, пахтаи кишвари мо ва  наху риштаи аз он ҳосилшаванда имкон медиҳанд, ки  корхонаҳои нассоҷӣ маҳсулоти баландсифат истеҳсол намоянд. Фақат технологияи муосир  ва ноил шудан ба нуфузи байналмилалии мол (бренд) зарур аст, ки он бо роҳи  ширкат дар намоишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба даст меояд. Маъруфтарини онҳо  намоишгоҳҳои байналмилалии Текстиллегпроми шаҳри Москваи Русия (дар он маъмулан беш аз 2000 корхонаҳои нассоҷӣ ва истеҳсоли  дастгоҳҳои нассоҷӣ ширкат меварзанд) ва шаҳри Истанбули Туркия мебошанд.
Туркия яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон аст. Тибқи маълумоти Агентии  омори назди Президенти ҷумҳурӣ, 22,3  дарсади ҳаҷми умумии маҳсулоти  содиротии Тоҷикистон (асосан нахи пахта ва металлҳои ранга) ба Туркия рост меояд.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2017    №: 27    Мутолиа карданд: 2091

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед