logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. БА ХОТИРИ ПЕШРАФТ, СИФАТ ВА ЗЕБОӢ

Айни замон дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе раванди гузариш ба марҳилаи нави шаҳрдорӣ ва шаҳрнишинӣ бо тағйири фаъолияти баъзе аз соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагидорӣ бомаром ҷараён дорад.

Таваҷҷуҳи асосӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаи нақлиёт, хусусан муътадил сохтани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ва таъмини хизматрасонии босифат, равона гардидааст. Раиси навтаъйини шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ масоили муназзамии фаъолияти нақлиёти ҷамъиятиро муҳим арзёбӣ намуда, ба роҳбарони мақомоти дахлдор  ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ супоришҳои мушаххас дод.
Шаҳрдорӣ тасмим гирифтааст, ки дар пойтахт дар ҳамкорӣ бо Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе механизми ҷорӣ намудани ҳаракати нақлиёти ғунҷоишашон зиёдро бо берун кардани нақлиёти куҳна роҳандозӣ намояд. Ҳадаф аз боздиди раиси шаҳр аз Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус» - и шаҳри Душанбе низ беҳбудии сатҳу сифати хизматрасонӣ бо назардошти таҷдиди бахшҳои асосии корхона буд.  
Тавре аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии Дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, барои иҷрои ин нақша, айни ҳол чанд усули ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёт мавриди баррасӣ қарор дорад. Масалан, усулҳои зина ба зина ё ин ки пурра аз шаҳр баровардани нақлиёти номувофиқи мусофиркашонӣ, ки вақти муайянро талаб мекунад ва таъмини шаҳр бо нақлиёти ба муҳити экологӣ безарар.
Аллакай дар пойтахт тағйири хатсайрҳо бо фаъол гардидани троллейбусу автобусҳо бо хизматрасонӣ то соати 23 - и шаб ба роҳ монда шудааст. Миқдори воситаҳои нақлиёти мусофирбар, аз ҳисоби микроавтобусҳои тамғаи «Ҳундэй - Старекс» ва «Мерседес», ки дар рафтуомади мардум ва муҳити экологӣ халал ворид месозанд, кам гардид.
Дар ин раванд иқдоми дигари шаҳрдорӣ - ҷорӣ кардани навбатдории шабонарӯзӣ, хусусан дар давраи зимистонгузаронӣ, барои беҳтар шудани тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахт мусоидат мекунад. Ҳангоми навбатдории шабонарӯзӣ шахсони мансабдори идора ва сохторҳои ҳудуди шаҳр, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, барои мусоидат намудан ба ҳаллу фасли мушкили сокинони шаҳр вобаста шудаанд.
Феълан масъулони шаҳр ҷараёни зимистонгузаронӣ, кам кардани талафоти неруи барқ, ҳамчунин таъмини  сифати баланди хизматрасонӣ, истеҳсолот ва дастрасӣ ба гармиро пайваста таҳти назорати шабонарӯзӣ қарор додаанд.
Тағйиротҳо ҷиҳати беҳтар намудани вазъи шаҳрдорӣ дар дигар соҳаҳои муҳими хоҷагидорӣ, қабл аз ҳама вусъати тадбирҳои зидди коррупсионӣ ва барномаҳои сабзкорию ҳолати экологӣ, вазъи санитарию эпидемиологӣ ва зиддисӯхторӣ, фаровонии бозори истеъмолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дигар хизматрасониҳои коммуналӣ, зина ба зина амалӣ гардонда мешаванд.
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2017    №: 27    Мутолиа карданд: 2308

28.02.2020


ҶАРАЁНИ ОМОДАГИҲО БА БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ МАТРАҲ ШУД

ОҒОЗИ БУНЁДИ БОЗ ЯК ОСОИШГОҲ ДАР ГУЛИСТОН

ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ИНТУРМАРКЕТ – 2020» ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МУАРРИФӢ МЕГАРДАНД

ХАТМКУНАНДАГОНИ БАРНОМАИ ДАСТГИРИИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ТИҶОРАТӢ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ШУДАНД

ҲАМКОРИИ БМТ ВА КОРПОРАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОЛИЯВӢ

“ГАНҶИ СУХАН”. ҲАМОИШЕ, КИ МАЪРИФАТ МЕАФЗОЯД

ХУРОСОН ҲУСНИ ТОЗА МЕГИРАД

ҶОМИ КФО – 2020. "ХУҶАНД" БА МАРҲАЛАИ ГУРӮҲӢ РОҲ ЁФТ

AMAZON АВВАЛИН МАРКАЗИ САВДО БИДУНИ ХАЗИНА КУШОД

ӮЗБЕКИСТОН ВА УКРАИНА АЛОҚАИ РОҲИ ОҲАНРО БАРҚАРОР НАМУДАНИЯНД

ИТТИҲОДИ АВРУПО САНАИ МУЗОКИРОТ БО БРИТАНИЯРО ОИД БА ШАРИКӢ ГУФТ

ИМА: АФҒОНИСТОН БОЯД ДАР ФИКРИ ҚАТЪИ ҶАНГ БО "ТОЛИБОН" БОШАД

Ҷаҳон дар як сатр

26.02.2020


ҲАМОИШИ МУҲИМ ДАР КУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ

ДАНҒАРА – МИЗБОНИ ФЕСТИВАЛИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ ХОРИҶӢ

КИШОВАРЗӢ. НЕСТ КАРДАНИ ТУХМИИ ВАТАНӢ ХАТОИ НОБАХШИДАНИСТ

МАЪЮБОН КОРХОНАИ ҲАМРОЗ ДОРАНД

RABAT GRAND PRIX 2020. ТОҶИКИСТОНРО 7 ПАҲЛАВОН МУАРРИФӢ МЕКУНАД

25.02.2020


САФАРИ РАСМИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БА РОССИЯ

БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ НАВИ САНОАТӢ

ДИД. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МАЪРИФАТИЮ ТАРБИЯВӢ

ВАҲДАТ БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "АТЛАСУ АДРАС" ТАНТАНА ДОРАД

"ИШҚИ МИНӮӢ" - И КАМОЛ БО ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ. ҶАЛАСАИ СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ГӮШТӢ. МУСОБИҚАИ ИНТИХОБИИ ОЛИМПӢ ДАР БИШКЕК ДОИР МЕШАВАД

24.02.2020


ГАРДИШИ МОЛ. ТАНОСУБИ СОДИРОТ НАЗАР БА ВОРИДОТ АФЗУД

РОҒУН. АФВШУДАГОН БО ҶОЙИ КОР ТАЪМИН МЕГАРДАНД

ГӮШТӢ. 4 МЕДАЛ АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ, АММО БЕ ТИЛЛО

ОЛИМОНИ БЕЛАРУС ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД АРЧА МЕШИНОНАНД

ИМА ДАР АФҒОНИСТОН АМАЛИЁТИ ҲУҶУМРО ҚАТЪ СОХТ

МУШОВИРИ ТРАМП ОВОЗАҲОРО ОИД БА ОҒОЗЁБИИ «ДАХОЛАТИ РОССИЯ» БА ИНТИХОБОТ БЕБУНЁД ХОНД

ГОНЧАРУК: «УКРАИНАРО СОЗИШНОМА БО РОССИЯ АЗ БОЛОРАВИИ НАРХИ ГАЗ НАҶОТ ДОД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед