logo

сиёсат

БО ДИЛИ СОФИ ДАРЁӢ

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар баробари муайян намудани дурнамои ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, инчунин, навиду пайғомҳои шодифизоеро дар пай дошт. Бахусус дар рӯзи ироа шудани Паём аз Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Питер Томсон ба номи Сарвари кишварамон расидани барқияи табрикӣ дар мавриди пазируфта шудани пешниҳоди Даҳсолаи байналмилалии амал  “Об барои рушди устувор” аз тарафи Тоҷикистон, барои кулли тоҷикону тоҷикистониён хабари тозаву фараҳбахш буд.
Бояд ёдовар шавем, ки шурӯъ аз соли 2015 лоиҳаи қатъномаи дахлдор оид ба ин масъала дар марҳилаи хотимавии баррасии Маҷмаи кулли СММ қарор дошт ва ҷониби Тоҷикистон хушбин буд, ки ин ташаббуси созанда аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ меёбад. Он рӯз Президенти мамлакат ҳамчун фарзонафарзанди ин халқу миллат бо ифтихор эълом доштанд: “Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст”.
Бисёриҳо дар ҳайратанд шояд, ки Тоҷикистон бо вуҷуди сарчашмаи обҳои зулол ва захираҳои бузурги обӣ буданаш чаро ин масъаларо дар сатҳи ҷаҳонӣ пайгирӣ мекунад? Ин савол ба посухе ниёз надорад, зеро тоҷикон аз қадим бо шиори “Бани одам аъзои якдигаранд” амал намуда, ҳалли мушкилоти мардуми сайёраро вазифаи виҷдониву инсонии худ медонанд. Бузургону нобиғагони ин миллат низ тамоми андешаву ибтикороти илмиву эҷодии худро дар заминаи ғояҳои гуманистӣ баён доштаанд. Эмомалӣ Раҳмон низ шурӯъ аз рӯзҳои аввалини фаъолияти худ аз минбарҳои баланд доир ба ҷангу пархоши тӯлонии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бонги изтироб мезананд ва кулли ташкилоту созмонҳои дахлдорро баҳри ҳар чӣ зудтар ба эътидол овардани вазъи ин кишвар ва осудагии мардумаш даъват мекунанд. Ин ҳам нишонаи инсонгароии Пешвои миллати мост.
Сарвари давлат дар баробари ташаббускори иқдомҳои гуногуни марбут ба об будан, дар кишвар низ амалан корҳои бисёр ба анҷом расонданд. Аз ҷумла бастани пеши дарёи Вахш охири соли гузашта ба хотири бунёди сарбанди НБО “Роғун”, ки бо ифтихор сохтмони асраш меномем, Тоҷикистонро ба ҷаҳон чун манбаи “энергияи сабз” муаррифӣ кард.
Мо, омӯзгорон, вақте ҷараёни ин ҳодисаи таърихиро тавассути телевизион тамошо мекардем, ҳама дар  ҳаяҷон будем. Омӯзгорони собиқадор ва солдида зери лаб тавалло мекарданд: “Пешвои миллатро Худо нигаҳ дорад!”
Банда дар ҳамон лаҳзаҳо эҳсос кардам, ки Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар хонаводаи тоҷик мисли хешу пайванд ва ё фарзандаш чӣ қадар азизу маҳбуб аст. Пас, мо ҳам таманно мекунем, ки ин марди дилаш чун обшорон соф солҳои сол дилҳои ташналаби мардум ва замини поки онро ободу шукуфо гардонад.

Файзиниссо ҲАЙДАРОВА,
омӯзгори МТМУ № 32 - и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2017    №: 27    Мутолиа карданд: 2145

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед