logo

фарҳанг

2020 - 700 - СОЛАГИИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

Қадршиносии фарзандони фарзонаи миллат дар саргаҳи сиёсати фарҳангофари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ҷониби эшон пешниҳод гардид, ки соли 2020 дар сатҳи ҷаҳонӣ аз 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ таҷлил ба амал оварда шавад. Сарвари давлат дастур доданд, ки оид ба пешниҳоди санадҳои зарурӣ ба Кумитаи оид ба илм, маориф ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид – ЮНЕСКО тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати таъмини иҷрои дастури Сарвари давлат корҳои муҳимро ба нақша гирифтааст, ки марҳила ба марҳила амалӣ карда мешаванд. Яке аз чунин иқдомҳои созанда ба фаъолият шурӯъ кардани Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ мебошад, - иттилоъ дод Баҳром Раҳматов, муовини директори марказ.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф ва самтҳои асосии фаъолияти Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ анҷом додани таҳқиқоти бунёдӣ оид ба масоили мубрами адабиёт, таърихи халқи тоҷик, ҳаёт ва эҷодиёти Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, ҳамзамонони шоир ва бузургони илму адаби даврони ӯ, омода намудани асарҳои бунёдӣ ба муносибати 700 - солагии шоир, иштирок дар коркарди муҳимтарин масъалаҳои пешрафт ва такмилу тавсеаи илми адабиётшиносӣ ва таърихнигорӣ дар Тоҷикистон, татбиқи робитаи қавии таҳқиқотӣ бо раванди ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ мебошад.
Пас аз дидани марказ, ки дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҷойгир аст, бовар ҳосил кардем, ки ин боргоҳи маърифат ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои илмӣ, аз ҷумла муҳаққиқони соҳаҳои адабиётшиносӣ, таърихнигорӣ ва ҷомеашиносӣ низ ҳиммат гумоштааст. Аксари кормандонро ҷавонон ташкил дода, бештарашон аз забонҳои англисӣ, русӣ, арабӣ ва туркӣ бархӯрдоранд ва дар таҳияву баргардони матнҳои қадимӣ таҷрибаву малакаи кофӣ доранд.
Марказ моҳи октябри соли сипаришуда конференсияи байналмилалии «Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ» - ро бо иштироки муҳаққиқони кишвар ва 18 донишманди номвари хориҷӣ аз Олмон, Туркия, ИМА, Ҳиндустон, Покистон, Миср, Эрону Афғонистон ва Ӯзбекистон баргузор намуд. Меҳмонони хориҷӣ аз хона -музейи тозабунёди Камоли Хуҷандӣ ва хокҷои он дидан намуданд.
- Ба мо маълум аст, ки бо амри тақдир Камоли Хуҷандӣ дар Табрез аз олам гузашт ва он ҷо ба хок супурда шуд. Зиёрати оромгоҳи ӯ барои аксари ҳамватанонаш муяссар намешуд. Аз ин сабаб, муште аз хоки Камол ба Хуҷанд оварда шуд. Ин иқдоми нек намоёнгари бозгашти маънавии ӯ ба Ватани хеш мебошад. Барои ин хок оромгоҳи намодин ба сурати хеле муҳташам бино ёфт ва он дар Наврӯзи байналмилалии соли 2015 аз ҷониби Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд, - афзуд Баҳром Раҳматов.
Воқеан ҳам, оромгоҳи шоир зиёратгоҳи аҳли дилу назар аст. Дар паҳлуи он пайкараи барқади Хоҷа Камол, ки баёнгари симои ҷавонӣ ва давраи зиндагии ӯ дар зодгоҳаш аст, қомат афрохтааст. Хонаи шоир дар зодгоҳаш холӣ буд. Имрӯз хонаи ин шоиру орифи номвар бо услуби меъмории қадимаи тоҷикон - бо ҳавлии дарун ва берун, чорбоғ ва сарҳавз хеле устодона эҳё гардида, ба диданитарин гӯшаи меҳмонон ва сайёҳон табдил ёфтааст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.02.2017    №: 28    Мутолиа карданд: 2249

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед