logo

иқтисод

АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ: МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛ

Таъмини амнияти ғизоӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат имрӯз яке аз ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Зеро яке аз шартҳои муҳими пешрафти давлат фароҳамсозии истеҳсолоти  самарабахш, ба вуҷуд овардани бозори воқеии озуқа мебошад, ки ба пешгирии хатарҳои озуқавии дохилию хориҷӣ ва захираи миқдори зарурии он равона шудааст.

Дар таъмини амнияти озуқаворӣ гандум, шакар, равғани рустанӣ, маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ, тухм ва моҳӣ нақши афзал доранд. Бино ба гуфтаи коршиносон, дар ҳоли имрӯз танҳо 50 дарсади маҳсулоти истеъмолӣ дар кишвар истеҳсол мешавад. Ҳол он ки мувофиқи меъёри байналмилалӣ 80 дарсади маҳсулоти талаботи солонаи аҳолӣ бояд аз ҳисоби истеҳсолкунандагони худӣ бошад.
Амнияти ғизоиро танҳо чун пешниҳоди миқдори зарурии озуқаворӣ фаҳмидан дуруст нест. Он дастрасӣ ба маҳсулоти озуқавории ғайрисунъӣ ва бидуни маводи зарарнокро ҳам дар бар мегирад, ки ба саломатӣ, давомнокии умр ва фаъолияти муназзами меҳнатии инсон мусоидат мекунад. Тибқи меъёри муайяннамудаи Созмони ҷаҳонии озуқаворӣ, дар як шабонарӯз инсон бояд ба миқдори 3500 - 2500 килокалория озуқа истеъмол намояд.
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии озуқавории СММ, дар мубориза бо нимгуруснагӣ муваффақиятҳо мушоҳида мешаванд, вале ҳоло ҳам  одамони зиёд аз озуқавории зарурӣ маҳруманд. Кормандони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии ИМА ба чунин хулоса омадаанд, ки пас аз 30 сол масъалаи танқисии озуқаворӣ барои инсоният нисбат ба имрӯз муташанниҷтар мегардад. Айни ҳол дар ҷаҳон 795 миллион одам аз нимгуруснагӣ азият мекашад.
Яке аз омилҳои шадид шудани мушкилот суръати баланди афзоиши инсоният мебошад. Омили дигар истифодаи исрофкоронаи маҳсулоти хӯрокворист. «Ҷомеаи муосир 31 дарсади хӯроквориро мепартоянд. Ворастагии ҳамасола аз хӯроки барои истеъмол мувофиқ 1,3 миллиард тонна арзёбӣ мешавад. Чоряк қисми он барои хӯрондани тамоми аҳолии гуруснаи олам мерасад», - таъкид кардаанд коршиносон.
Тибқи маълумоти пешниҳодгашта, озуқаворӣ аз ҳама бештар дар мамлакатҳои рушдёфта партов мешавад, масалан, ҳар сокини Аврупо ба  ҳисоби миёна дар як сол 300 кг хӯрок мепартояд. Коршиносон қайд менамоянд, ки миқдори боз ҳам бештари хӯрок дар мағозаҳо ҷамъ шуда, то истеъмолкунанда нарасида партофта мешавад.
Рушди хоҷагидории кишоварзӣ барои муваффақшавӣ дар самти раҳонидани миллионҳо одамон аз қашшоқӣ ва норасоии озуқаворӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ муҳим дониста мешавад. Бахши озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар ҷаҳон ба хатару монеаҳои гуногун, аз ҷумла ҷунбиши демографӣ, тағйирёбии иқлим, маҳдудияти захираҳои табиӣ, рӯ ба рӯ гаштааст. Дар вазъи бавуҷудомада тавассути васеъсозии майдонҳои кишт, сермаҳсулгардонии хоҷагиҳои кишоварзӣ (обёрӣ, нуриандозӣ ва ғайра), истифодаи усулҳои нав ва анъанавии аграрӣ, ҳифзи табиат, диверсификатсияи сохтори иқтисодиёти кишварҳои рушдёбанда, ислоҳоти аграрӣ таъмини минбаъдаи амнияти озуқаворӣ имконпазир аст. Ҳалли ин масъаларо ҳар мамлакат алоҳида бар уҳда дорад.
Соҳаи кишоварзии Тоҷикистон метавонад мамлакатро бо маводи озуқа таъмин созад. Барои ин захираҳои кофии замину об, имкони васеъ кардани майдонҳои кишти зироат ва ҷангалзор, кӯҳҳо, ҳавзу дарёҳо мавҷуданд. Аммо усули маъмули истифодаи киштзорҳо боиси мушкилоти ҷиддии экологӣ мегардад. Ин на фақат дар эътибор надодан ба макони ҷойгиршавии замин, вақти киштукор, воситаҳои коркарди механикию кимиёвии хок,  балки дар  муносибати бепарвоёна ба истифодаи неъматҳои табиат – беназоратӣ дар шикори ҳайвоноту моҳӣ, ҷамъоварии гиёҳҳо, дарахтбурӣ зоҳир мешавад. Ин амалҳо бояд таҳти назорати қатъӣ қарор гиранд.
- Дар шароити кунунӣ беҳбудии вазъи иқтисодӣ - иҷтимоии аҳолӣ ва амнияти озуқавории мамлакат аз фаъолияти мукаммали комплекси агросаноатӣ вобаста аст, - мегӯяд Фаррух Абдувосиев, номзади илмҳои кишоварзӣ. - Имрӯз ба ҳар сари аҳолӣ 0,1 га майдони кишт рост меояд. Деҳқони тоҷик ҳамагӣ 5 нафарро мехӯронад, ин дар ҳолест, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи ӯ бояд 50-70 нафарро сер кунад. Кишоварзон бояд аз барзиёдии меҳнат тавассути фаъолгардии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди саноати кӯҳӣ ва дигар тадбирҳо озод шаванд. Соҳаи кишоварзиро бояд аз содиркунандаи ашёи хом (нахи пахта, пашм, пӯст, гиёҳҳои шифобахш) ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти тайёр табдил диҳем. Он гоҳ на танҳо ҷумҳурӣ аз вобастагии озуқаворию иқтисодӣ берун мебарояд, балки ба сатҳи баландтари тараққиёт ворид мешавад.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.02.2017    №: 28    Мутолиа карданд: 2270

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед